Муҳимтарин масъалае, ки таъсири худро ба ҷомеа, ба тарбияи дурусти насли ояндаву маърифати хонаводагӣ мерасонад ин маълумотнокии духтарон аст. Аммо инро дидаву дониста қисме садди роҳи таҳсили духтарон мегарданд. Бехабар аз он ки ин метавонад таъсири ниҳоят вазнине гузорад ба ояндаи духтар ва шояд, ки ба фарзандон ва пайвандонаш низ.
Аз рӯи оморе, ки мо аз Вазорати маориф дастрас намудем дар соли хониши гузашта аз 147ҳазору 953 нафар, ки синфи 9-ро хатм кардаанд 65 ҳазору 74 нафарашон духтарон будаанд ва аз ин ҳисоб 25 ҳазору 110 духтар дигар ба мактаб нарафтааст. Чаро? Наход, ки ин миқдор духтар дигар хоҳиши идомаи таҳсилро надоштанд? Ё шояд сабабҳои дигаре низ ин ҷо ҳаст? Ба қавли сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи кишвар Навруз Хокироев: «Як қисме аз ин духтарон пайи омӯзиши ҳунар мераванд ва ба омӯзишгоҳҳо дохил мешаванд. Ва қисми дигар воқеан ҳам аз хондан дур мемонанд. Аслан волидон хоҳиши идомаи таҳсили духтаронро надоранд. Агар сабаб барои бархе камбудии иктисодӣ бошад, қисми дигар лозим намедонанду халос. Як масъалаи дигар он аст, ки дар деҳоти дурдаст на дар ҳама ҷо мактаби миёнаи пурра амал мекунад. Дар шароити кӯҳистони дурдаст аз як деҳа ба деҳаи дигар барои таҳсил рафтани духтарон кори саҳл нест. Аз ин ҷост, ки ночор духтарон аз идомаи таҳсил даст мекашанд».
Магар айб нест,ки дар асри тарақии техникаву пешрафти бемайлони он, ки мардуми олам аз кашфиётҳои нодиртарин сухан мегӯянд, мо бошем аз надоштан ё набудани мактаби таҳсилоти миёнаи пурра ҳануз азоб мекашем.
Ёрдамчӣ лозим…
Ин посухи аксари волидонест, ки садди идомаи таҳсили духтарон гаштаанд. Аслан мардуми тоҷик заҳматпеша аст ва рӯзгори худро бештар аз замин ва киштукор пеш мебарад. Маҳз ба ҳамин хотир қисме интизор мешаванд ва ҳам имкон меҷӯянд, то бо ҳар роҳ духтаронро аз мактаб дур созанд ва ҳамчун ёрдамчии худ дар кору бори саҳрову хона истифода баранд. Ёрмандӣ хуб асту касе ба ин зид ҳам нест, аммо оянда худи ин ҷавондухтаронро, ки аксар бесавод мемонанд кӣ ёрмандӣ хоҳад кард? Вақте ки ҳуқуқҳояшонро помол месозанд , вақте ки нимароҳ мемонанд ва ё хушунат мебинанд, он замон кӣ дасташон мегирад ҷуз дипломи доштаву маърифати андӯхта? Намегӯем ки ҳама духтарон бояд ки диплом дошта бошанд, ҳарчанд ки ин муҳим ҳам аст, вале ақаллан дониши мактабиро пурра омӯзанд, то дар зиндагӣ ба қадри кофӣ аз ҳуқуқҳои худ бархурдор бошанду соҳиби маърифат гарданд, то тифли бофарҳанг ба камол расонанд.
Мактаби ҳатмӣ
Дар ҷумхурии мо таҳсилоти ҳатмӣ то синфи 9 аст ва мо ҳуқуқи маҷбуран ба таҳсил ҷалб намудани духтаронеро, ки синфи 9-ро хатм кардаанд надорем- мегӯяд сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи кишвар Наврӯз Хокироев.
Аммо набояд нодида гирифт, ки на танҳо то синфи 9, балки баъзан аз синфи 5 ё 6 алаккай духтарон тарки мактаб менамоянд, ки қисми зиёдро сабаб манъ кардани волидон мебошад. Медонем, ки ҳеҷ кадом волидайн дар фикри бадие барои фарзандон нестанд, аммо шуурнокӣ ё дарки он, ки хондану маърифат доштани духтар хеле зарур аст барои волидон аксариҳо намерасад.
Ҳилолбӣ Қурбонова- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд : «Аксаран духтароне, ки дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрон мемонанд нафаронеанд, ки маълумот надоранд. Баъдан аксаран зани дуюм мешаванд ва ё ночор ҳатто зани сеюму чаҳорум низ… На танҳо дар навоҳии дурдаст, ҳатто дар шаҳри Душанбе низ ин мушкилот ҷой дорад. Бархе аз духтарон то синфи 5 ё 6 мехонанду халос. Гоҳе мешавад, ки баъди ба сарашон мушкилӣ бор шудан қисме ба мо муроҷиат мекунанд, то барои идома додани таҳсил барояшон кӯмак расонем. Мо дар навбати худ ба идораҳои маорифи шаҳру навоҳӣ бо мактуб муроҷиат мекунем».
Яке ба дигарӣ ҳавола мекунаду дигарӣ бошад боз ба дигарӣ . Дар миёни ин идораҳову миёни ин такудавҳо духтараки бечораро, ки ҳанӯз аз дунё хабар надорад, эҳсоси дилсардӣ пурра фаро мегирад. Куҷост воқеан дастгире дар ин ҳол? Ба кӣ муроҷиат кунанд, духтароне, ки зидди хоҳиши волидон ирода кардаву кӯшиш карданианд? Мешавад, ки онҳо дар ин ҳол , худро дар ҷомеа танҳо меёбанд. Тавре аз рӯзгори ҳаррӯза мушоҳида мекунем, зиёданд хонаводаҳое , ки тақводору аз лиҳози исломӣ бомаърифатанд, аммо садди роҳи идомаи таҳсили духтаронашон мешаванд. Дар ниҳоят пас аз он ки таҷрибаи зиндагӣ меандӯзанд, баъдан духтарони хурдиро иҷозат медиҳанд, то биомӯзанду соҳибкасб гарданд ва роҳи худро дар ҳаёт дарёбанд.
Чанд рақам ба ҷои охирсухан
Имсол аз 87 ҳазору 729 нафаре, ки синфи 11-ро хатм кардаанд 35 ҳазору 762 нафарашонро духтарон ташкил медиханд , яъне 40,7 фоиз. Ба ҳар сурат дар ҳалли ин мушкилӣ каме беҳбудӣ ҳаст.
Ва боз имсол дар ҷумхурӣ синфи 9-ро 162 ҳазору 774 нафар хатм намуданд, ки 75 ҳазору 671 нафарашон духтарон мебошанд. Интизор мешавем, то бароямон аниқ шавад, ки аз ин ҳисоб боз чанд духтари дигар тарки мактаб, умуман тарки омӯзиш мекунад.
Инак, боз соли нави таҳсил фаро мерасад. Зиёданд духтараконе, ки хушҳолона омодагӣ мегиранд барои идомаи таҳсил. Ва шояд кам нестанд ҳамсинфону дугонаҳои онхо, ки бо ҳавас ба ин омодагиҳои онҳо менигаранду бо тарсу алам сӯи волидон зери чашм нимнигоҳи ҳасратолуда дӯхта аз дил мегузаронад : Чӣ мегуфта бошанд, иҷозат медиҳанд? Манн ҳам ба мактаб мерафта бошам?...
Фурсати он расидааст, ки дар чунин оилаҳо дарки ин маъниро дошта бошанд, ки аз як хатои имрӯз чанд насли баъдӣ зарари маънавӣ хоҳанд диду аз як духтари камҷуръати ин дам ҳазорон зани беҳуқуку заҳматӣ, ки умре оби чашм бари рӯ дорад.
Моҳшарифи Холиқ