Аммо баъзе волидон мегӯянд, ки воқеан ҳам нисбат ба панҷ соли пеш вазъи кӯдакистонҳо беҳтар шудааст, вале ҳанӯз ҳам корҳои нобасомон зиёданд. Масалан кӯдакистонро нимкола таъмир мекунанду ҳамон линолеумҳои дарида, қолинҳои фарсуда ва мизу курсиҳои кӯҳнаи таъмирталаб боқӣ мемонанд. Даъво мекунанд, ки мо кӯдакистон таъмир кардем ва даҳ баробари арзишаш аз ҳар падару модар пули таъмир ҷамъ мекунанд. Гузашта аз ин, меафзоянд онҳо, муҳимтарин чиз барои кӯдак ин асбобҳои бозӣ аст, ки дар боғчаҳои мо кам ба чашм мерасад. Маъмулан чор чархи мошинро то нисф дар замин гӯронда, рангубор карда чандто занҷирро ба ҷои арғунчак овезон мекунанду тамом. Вале дар хусуси таоми бачаҳо волидон хомӯшӣ пазируфтад, чунки онҳо ҳанӯз аз гуруснагӣ шикоят накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳам пас аз гузашти 9 моҳи соли 2010 масалан ба боғчаи рақами №13-и оҳияи Шоҳмансур ҳар пагоҳӣ бачаҳо бо як бурида нон вориди кӯдакистон мешаванд. Ва ё кӯдакони гирёнеро мебинем, ки аз модар 1 сомону 40 дирам пули маска ва 2 сомонӣ пули шакарро талаб мекунанд. Зеро мураббияаш ба ӯ гуфтааст, ки агар маска ва шакар хоҳӣ пулашро биёр. Пас суоле ба миён меояд, ки агар кӯдак нонашро худаш барад, пули шакару маскаву маводи шустушӯиву таъмиру тармими муассиса, асбоби бозӣ ва ғайраро худаш бидиҳад, пас маблағе, ки аз буҷаи давлат ҷудо мешавад (волидайн ҳам ҳар моҳ маблағи муайяне пардохт мекунанд) куҷо мешавад? Дар мадди аввал чунин ба назар мерасад, ки кӯдакистонҳо «бесоҳиб» мондаанд ва ҳеҷ ниҳоде онҳоро назорат намекунад. Вале вақте ба ошёнаи сеюми бинои Вазорати маориф ворид шудем, тааҷҷуб кардем. Тақрибан тамоми утоқҳои кории ин ошёнаро мутахассисони соҳаи томактабӣ ишғол намудаанд. Аммо мутахассисон пушти ин дарҳо чӣ кор мекунанд, маълум нест. Дар давоми фаъолияти ин вазорат ҳамаги 30 китобча ва дастурамал барои мураббиёни кӯдакистонҳо таҳия шудаасту халос.
Маҳбуба Мирзоҳамидова- мураббии пуртаҷрибаи кӯдакистони «Бунафша» мегӯяд: «Воқеан ҳам китобҳову дастурамалҳое, ки аз чоп баромадаанд хеле хуб ва дорои мазмуну мундариҷаи баланд ҳастанд. Ҳар чанд таҷрибаи зиёди корӣ дорам аммо боз ҳам аз онҳо истифода мебарам чун дар ин китобҳо усулҳои нав ба нави муносибат бо кӯдакҳо зикр шудааст».
Қобили тазаккур аст, ки мутахассисони ин ниҳод қонуну қарорҳои зиёде кор карда баровардаанд, аммо аксари он дар коғаз боқӣ мондаасту дар амал татбиқ нашудааст. Аз қабули чунин аснод солҳо гузашта бошад ҳам, масхарабозиҳое мисли «нонбарак» ҳанӯз ҳам идома доранд. Мисоли равшани онро тавре зикр кардем дар мисоли кӯдакистони рақами 13, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва ё кӯдакистони «Лола»-и воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев метавон дид.
Ситора Бобохонова, сармутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба муассисаҳои томактабӣ мегӯяд: «Боиси шармандагист, ки ҳанӯз ҳам баъзе роҳбарони кӯдакистонҳо ба чунин корҳои зишт даст мезананд. Кӯдакистонҳои буҷавӣ аз ҳисоби махсуси ҳукумати шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешаванд ва аз чунин усулҳо истифода намебаранд ва маъмулан ба чунин корҳои ношоиста бештар дар кӯдакситонҳои ғайрибуҷавӣ роҳ медиҳанд. Кӯдакистонҳои ғайрибуҷавӣ марбут ба ягон вазорат ва ё идораи давлатӣ буда, бевосита аз тарафи онҳо назорат карда мешаванд. Вале чун ба ҳар ҳол дар маҳдудаи шаҳри Душанбе қарор доранд, мо низ то андозае онҳоро назорат мекунем».
Дар ҳоли ҳозир 106 кӯдакистон таҳти назорати мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе қарор дорад, ки 84-тояш буҷавӣ, 19-то ғайрибуҷавӣ ва 3 - тоаш хусусӣ мебошанд. Бо қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти рақами 127-13 аз 17.04.2008 Барномаи «Рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2008-2015» қабул карда шуд. Тибқи ин Барнома барои пешрафту беҳбудии ин соҳа 84 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Дар ин миён чанд кӯдакистон пурра таъмир шуда, бомҳои аксари боғчаҳо бозсозӣ ва чанд кӯдакистони нав сохта шуд. Ҳамчунин сифати хӯрок дар кӯдакистонҳо ба маротиб боло бурда шуд ва дар назар аст маблағи якрӯзаи хӯроки кӯдак то соли 2015 ба 9-10 сомонӣ бирасад. Чандин маротиба барои мураббияҳо курсҳои махсуси бозомӯзӣ ва такмили маҳорати касбӣ ташкил карда шуд. Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 17 апрели соли 2007 таҳти рақами 140 барои тамоми кӯдакистонҳои шаҳр суратҳисоби махсус кушода шуд, ки дар он кӯмакпулиҳои волидон пасандоз мешаванд. Ахиран, ба истиқболи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, ба кӯдакистонҳо 1190 компютери тамғаи «Ҳамадон» тақсим карда шуд.
Пас аз дарёфти иттилооти мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе аз паи дақиқ кардани он шудам. Воқеан ҳам, вазъи кӯдакистонҳое, ки марбут ба ҳукумати шаҳри Душанбе мебошанд, хеле беҳтар аст. Вақте кӯдаке гуфт, ки ҳар рӯз бароямон ғайр аз хӯрок яктои тухму сметана медиҳанд, тааҷҷуб кардам. Иловаи бар ин дар саҳни кӯдакистон чанд то асбоби бозӣ ва ҳатто ҳавзи оббозиро низ дидам. Ин иқдоми ҳукумати шаҳри Душанбе шоистаи таҳсин аст.
Албатта, ин пешрафт на дар ҳамаи кӯдакистонҳои буҷавӣ мушоҳида мешавад. Вале чун раванди бозсозӣ оғоз шудааст, умед аст ба ҳамин зудӣ дигар кӯдакистонҳо ҳам беҳбудии назаррасе дошта бошанд.
Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан…
Мушкили ҷиддии дигаре, ки мо имруз бо он рӯ ба рӯ ҳастем ин сатҳи донишу малакаи мураббияҳо аст. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ дар ин росто гуфт: «Он чи бар ӯҳдаи вазорати маориф аст, мо ҳамаи онро анҷом додаем. Тамоми намуди китобу дастурамалҳои дарсиву таълимиро барои мураббияҳо чоп намуда, дастрас кардаем. Онҳоро доим назорат мекунем, курсҳои махсуси бозомӯзӣ ҳам ташкил мекунем… боқӣ аз худи мураббияҳо вобаста аст».
Дар ҷустуҷӯи ин китобҳо ба вазорати маориф рафтем. Чанде аз онҳоро пайдо карда хондем. Китобҳо хуб таълиф шудаанд. Фикр кардам, шояд мураббияҳои тасодуфӣ зиёданд. Аммо ин андешаамро низ Нисо Кокова рад кард. ӯ бо итминон гуфт, ки тамоми мураббияҳои кӯдакистонҳо соҳибмаълумот ва муҳимтар аз ҳама аз донишҳои педагогӣ бархӯрдоранд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки аксари мураббияҳо доиман асабонӣ ва нороҳатанд ва маҳз ҳамин омил боиси дағалии онҳо мешавад. Бо ҳар мураббие, ки ҳамсӯҳбат шудам, аз маоши паст гила мекард. Воқеан ҳам, вазифаашон пурмасъулияту мушкил аст. Ҳамарӯза мувозибат аз 20-30 кӯдак кори осон нест. Ба ғайр аз ин, маоши ночизе мегиранд. Ба гуфти Нисо Кокова, музди меҳнати мураббияҳо аз 100 то 200 сомонӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар баъзе кӯдакистонҳо моҳона 2-3 моҳ дертар пардохт мешавад. Ба ақидаи Амонулло Ҳукуматулло, раиси КВД «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон: «Беҳбудии ҳар кӯдакистон аз маблағгузориаш вобаста аст. Мураббияҳои мо ҳар моҳ аз 200 то 300 сомонӣ маош ва тақрибан ҳар моҳ ҳамин қадар мукофотпулӣ мегиранд.
Агар вазъи таълиму тарбияи кӯдак дар кӯдакистон хуб ба роҳ монда шуда бошад, табиист ки волидайн бо хотири осуда кору фаъолият мекунанд. Мо ҳам ба ҳамин хотир барои фарзандони кормандонамон шароити хубро фароҳам овардаем». Раиси КВД «Роҳи оҳан» шахси ғамхор будааст ва ба мушкили кормандонаш расидагӣ мекунад, аммо кӯдакистонҳое, ки роҳбари ғамхор надоранду моҳҳо мунтазири музди меҳнаташон ҳастанд бояд чӣ кор кунанд? Онҳо бояд ба кӣ муроҷиат кунанд? Вазорати маориф танҳо масъули таълиму тарбия аст. Пас мушкилоти дигари кӯдакистонҳоро бояд кадом ниҳод бар ӯҳда дошта бошад?
Шаҳнози КОМИЛЗОДА