Келин бояд хизмат кунад
Аксари мутлақи издивоҷҳо аз тӯйи бошукӯҳу дабдабанок оғоз меёбанд. Онҳо ҷамъомади ботантанаи хешутаборон ва консерти устодони санъатро дар омехтагӣ ба ёд меоранд. Нутқҳо эрод мешаванд, қадаҳгӯйиҳои зебо, ҳама ба навхонадорон хушбахтӣ таманно мекунанд, тӯҳфаҳои гаронбаҳо тақдим менамоянд. Ҳамаи ин фаҳмост – ҳаёти нав бояд зебо оғоз шавад. Аммо оё ин ду нафаре, ки барояшон ин қадар маблағ масраф гаштааст, дастурхони пурнозу неъмат оростаанду таманниёти бахташонро кардаанд, медонанд, ки баъди ҳафтае, вақте тараддудҳою ташвишҳои тӯйи арӯсӣ хотима меёбанду ҳарду танҳо мемонанд, чӣ интизорашон аст?
Таҷрибаи ҳузурам дар ҷараёни азҳампошии хонаводаҳо нишон медиҳад, ки асло намедонанд.
Мушкилоти аввалине, ки навхонадорон дучор мешаванд, мувофиқати равонист. Дар назар осон менамояд - охир, мо дар асри ХХ1 зиндагӣ дорем, мактаби миёна ва олӣ хондаем… Вале не, мушкил аст, сахт мушкил аст.
Аз он оғоз мекунем, ки ҳар як инсон дунёро ба таври худ дарк менамояд, ғояҳои нодир, таҷриба, тарбия, ақида ва забон дунёи ӯро ташкил медиҳанд.
Баъди ба шавҳар баромадан, одатан, духтар ба муҳити шахсони тамоман дигар меафтад. Муҳите, ки аз ҷиҳати равонӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дигар аст. Ва дар 17-19-солагӣ ӯро мутобиқшавии равонӣ бо ҳамин муҳит лозим меояд. Хуб мебуд, агар аъзои оилае, ки вай келинашон шудааст, инро бифаҳманд ва кӯшиш кунанд, ки аз нигоҳи равонию маънавӣ дастгириаш намоянд. Аммо дар аксари маврид чунин мешуморанд, ки гӯё ба хона хизматгор омадааст. Аз ҳама душвораш дар ин гуна ҳолат бо волидон ва дигар аъзои хонаводаи шавҳар якҷоя зистани навхонадорон аст. Келин бояд хизмат кунад! Ин ақидаи рӯҳан ва иҷтимоъан бемаъниро ҳатто мардуми таҳсилдида низ ҷонибдоранд. Вақте ки ба яке аз шиносони наздикам - зани хеле зиёии соҳибмаълумот хабар додам, ки пас аз як моҳи тӯй писарам бо ҳамсараш барои зиндагии муқимӣ ба шаҳри дигар рафт, тамоман ҳайрон шуду маломатам кард: «Ақаллан чил рӯз хизмат накард-мӣ келинатон?»
Дар сурате, ки чунин ақидаи шахшудаи бемаъниро дар бобати нақши келин дар хонадон қисмати пешсафи ҷомеа ҷонибдорӣ намояд, аз деҳоти дурдаст чӣ ҷои гила?
Дар муносибатҳои байни одамон чанд навъи ҳамдардии як шахс нисбат ба шахси дигар вуҷуд дорад. Навъи якум – фаҳмидани ҳолати шахси дигар, дуюм – фаҳмидан ва хайрхоҳона муносибат намудан, сеюм – фаҳмидану ҳамдардӣ кардан ва дар тағйир додани вазъ ширкат варзидан.
Метавонам бо боварии том бигӯям, ки ягон кас ба нозукии ҳолати рӯҳии келин махсус дахолат намекунад. Оила, ки моҳиятан гурӯҳи иҷтимоии хурд номида мешавад, аз рӯзи аввал ба келин фишори гурӯҳии хеле сахт меорад. Фишори гурӯҳӣ ҷараёни таъсири хулқу атвор, арзишҳои ахлоқию эстетикӣ ва рафтору кирдори аъзои гурӯҳро ба афкору рафтори шахси алоҳида (келин) гузоштан аст. Аксаран шахс норизоиро бо меъёрҳои гурӯҳӣ ботинан эҳсос мекунад, аммо нишон намедиҳад, то бо гурӯҳ ба зиддияти ошкоро набарояд.
Ҳамин тариқ, келини ба муҳити аз ҷиҳати рӯҳию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ бегона воридгардидаро тамоман дигар кардани хулқухӯяш интизор аст. Ман шаш варианти рафти ҳодисоти минбаъдаро ба ҳисоб гирифтаам.
Аввалин ва маъмултарин вариант – конформизм, яъне ихтиёран тан додан ба фишори гурӯҳии оила мебошад. Зан дарк мекунад, ки тақдираш амалан ҳал шудааст ва бояд илоҷе карда, бо муҳити бегона биомезад. Аз як тараф ин солимфикрӣ менамояд, зеро ба назар чунин мерасад, ки афкори солим ғалаба кардааст.
Ҳукмфармоӣ ва қолабҳои оилавӣ
Бояд иқрор шуд, ки ҷомеаи мо дар ҳақиқат дорои анъанаҳои амиқу мустаҳкамест, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ побарҷо буда, рӯҳияи якхелаи омма бо тафаккури ҳукмравоии (авторитарии) мардсолорӣ вобаста аст. Тафаккури ҳукмравоӣ бошад, муколама бо дигар шахсро рад мекунад - вай метавонад тобеъ бошад ё тобеъ созад. Ҳукмравоӣ чун феномени шуури оммаи дорои сатҳи начандон баланди таҳсилот, умуман фарҳанги ҳуқуқӣ, касбӣ ва ахлоқӣ–зебоипарастӣ зоҳир мегардад. Он намунаи бо ном ҳукмронии иерархӣ буда, аксари сокинон онро пайравӣ мекунанд.
Арзишҳои фардии шахси дохили чунин қолаб чандон баланд нестанд. Ин гуна мавқеъ, ки бунёдаш иерархияи «ҳукмфармо–тобеъ» аст, ба ҳолати умумии оила таъсири ҳалокатовар мерасонад. Дар вазъи мо конформизми келинҳо мутобиқи намунаи иерархалии ҳукмфармоӣ дар оила ба мухолифат миёни «ҳукмфармо–тобеъ» оварда мерасонад.
Кӯдакон дар чунин хонадон ин намунаро қабул мекунанд ва чун натиҷа писарон ситамгар, золиму худсар ба воя мерасанд, духтарон – ғулом ё ба ин нақш омода. Аммо писар – золим ҳам ба ин вазъ афтида, яъне вақти пайдо шудани «ҳукмфармо», ҳамон лаҳза қоидаҳои рафтори худро нисбат ба тобеъ дигар мекунад. Дар муҳити таҳаммулпазирӣ зиста натавонистани ҳамватанони мо, ки ба давлатҳои дигар ба ҷустуҷӯйи кор мераванд, ана, аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад ва исботи гуфтаҳои болост. Ин комилан фаҳмост – оила ба фарзандон чун чизи асосӣ он қисмати фарҳангро медиҳад, ки имрӯз ҷомеа ва гурӯҳе, ки волидон аз он баромадаанд, ба он дастрасӣ доранд.
Мутаносибан, ин механизми тарбияи кӯдак дар чаҳорчӯбаи фарҳанги ахлоқу ҳадафҳо барои ҳамин гуна доираи танги гурӯҳҳо мувофиқ аст.
Варианти дуюми рафтори зан дар хонадон фирор аст. Одам аз рӯйи қудрати «бардошт» тартиботи бегона, фишори гурӯҳиро бардоштаву худро куллан дигаргун сохта наметавонад. Духтарчаҳои 17–19-сола ба кадом вариант мансубанд? Танҳо хонаи волидон, ки он ҷо интизорашон нестанд. Бадтаринаш он аст, ки ҳангоми фирор ҳамроҳ кӯдаконанд. Ва сипас назари бисёр сахту манфии иҷтимоии атрофиён нисбати зане, ки шавҳарро партофта меравад, намегузорад, ки волидон духтарашонро гашта ба хонадонашон қабул кунанд.
Варианти сеюм исён аст. Ба исён танҳо онҳое омодаанд ва ҷуръат мекунанд, ки шахсияти пурқудрату боирода ва пухтаву баркамоланд, ҳуқуқҳои худ ва вазифаҳои ҳамсарро медонанд.
Аммо, таассуфи беҳад, ки аксари ин гуна исёни келинҳо бераҳмона пахш мешаванд.
Идома дорад…
Абдуҷаббор Абдуҷалилов
(аз русӣ тарҷумаи Барно Султонова)