Рӯзе шоҳиди ҷанҷоли як пиразан ва духтараки 20-22-солае шудам. Кунҷкобиам боло гирифту асли моҷароро пурсуҷӯ кардам. Маълум шуд, ки пиразани бечора, барои пардохти ҳақи таҳсили писараш, гӯшворҳояшро ба нархи 500 доллар ба ин духтар (шартан А. меномемаш) фурӯхтааст. Харидор 100 долларашро додаасту пардохти маблағи боқиро бо «имрӯзу фардо» панҷ-шаш моҳ боз кашол медиҳад. Пиразани бечора ноилоҷ боз омадааст. “Ин қадар хира будаӣ, - дод мезад А. - Гуфтам-ку: дигар бо талаби пул пеши ман набиё. Кайе, ки пул шуд, медиҳам!” “О, кай медиҳӣ? – илтиҷоомез мегуфт пиразан. - Пулашонро надиҳам, писарамро аз донишгоҳ хориҷ мекунанд…” “Хориҷ кунанд, кардан гиранд, ба ман чӣ?! Хоҳам, пулатро медиҳам, нахоҳам, не! Аз дастат чӣ меояд?” – А. шаттоҳона ба сари пиразан дод гуфта, дашномҳои қабеҳаш дод ва хост ӯро зери лагад бигирад. Хушбахтона, ҳамсояҳо наздик буданду садди роҳаш шуданд. Пиразан, ки дигар чорае надошт, бо садои ғазаболуду ларзон нидо кард, ки “ман арз мекунам, ҷазоятро медиҳанд!” А. заҳрханде карда, бо тамасхур гуфт: “Ба куҷое арз карданиӣ, кардан гир. Ҳеҷ кор карда наметавонӣ, ман маъшуқаи писари фалониам!” Пиразан, ки бемории қалб дошатааст, бо шунидани номи амалдори машҳуре пурдарду беилоҷ «оҳ!» гуфту аз по афтод…
Баъд фаҳмидам, ки А. боз ду хоҳар доштааст ва ҳарсе маъшуқаҳои мансабдорону сарватмандони кишвар будаанду аз ҳисоби онҳо зиндагиву савлат мекардаанд. Ҳамсояҳо онҳоро хуб мешиносанд, касе бо онҳо сар ба сар намешавад, аз шикоят бурдан ҳам меҳаросанд. Маъшуқаҳо мардумро бо номи “писари генерал” он қадар тарсондаанд, ки касе ҷуръати ба рӯяшон нигоҳ кардан надорад.
Қиссаи рӯзгори ин хоҳарон аҷиб аст. Модарашон барои қаллобӣ зиндонӣ шудаасту баъди адои ҷазо бо духтаронаш ба Душанбе омадааст. Ба дили ҳамсояҳои хушбовар роҳ ёфтаву қарз гирифта, ба Русия рафтааст ва дигар хату хабараш нест. Аммо духтарони сазовори модар, худро гум накарда, базудӣ роҳи зиндагиро ёфтаанд. Ҳарсе маъшуқа, ё худ зани чандуми мансабдорони пулдор шудаанд ва он «ҳиматбаландон» маблағҳояшонро аз ин тозагулҳо дареғ намедоранд. Аз ҷумла, «писари генерал» барои маъшуқааш А. дар хиёбони марказии пойтахт ороишгоҳе созмон
Ман нопойдории пайванди хуниро дар рӯзгори худ таҷриба кардам.
Заношӯӣ ҳангоме пойдор хоҳад буд, агар бар пайванди рӯҳӣ бунёд ёфта бошад. Александр Герсен
дода, ки хеле муҷаҳҳаз ва дорои кормандону хидматгорон аст. Ин маликаи «диёри ишқ» дигар мушкиле надорад; ҳар гоҳе хоҳад, ба хориҷа сафар мекунад, мошинҳои гаронбаҳо дар хидматаш, касе гапашро ду намекунад. Хуллас, бойдухтари охирзамон, лекин, аҷиб, ки қарзи пиразани бечораро ҳеҷ «пайдо карда наметавонад»…
Бори дигар як ҳамсояамон ба ғазаби чунин як зани сабукпо, ки дар кӯчаамон хеле «баландмақом» аст, гирифтор шуд. Ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба нозири минтақа муроҷиат кунад. Нозир рӯирост гуфтааст, ки зӯраш намерасад, зеро ин зан дар вазорат «одам» дорад ва «маслиҳат» додаст, ки дигар аз пайи ин корҳо нагардад.
Чунин қиссаҳо хеле зиёданд. Зумрае аз мансабдорон дар пеши чашми аҳли ҷомеа ба занҳои сершумору маъшуқаҳояшон кохҳои боҳашамат, мошинҳои қиматбаҳо, сарулибоси нестандарҷаҳон тақдим мекунанд. Бисёр шармовар аст, ки онҳо ба занони сабукпо рӯй меоранду ҳамхона мешаванд. Хеле аз ин гуна занҳоро медонем, ки ба туфайли «ҳиммати» чунин мардон соҳиби ҷоҳу ҷалол ва маблағҳои бебаркаш шуда бошанд ҳам, ахлоқашон ислоҳ нашудааст.
Бевазани ҳамсояе дорем, ки шабу рӯз нахуфта, бо нӯги сӯзан, бо азобу машаққати зиёд курта медӯзад, то фарзандонаш аз таҳсил ақиб намонанд. Ин зани бесаробон аз як тараф ғами таҳсилпулии фарзанди бузургсолашро дошта бошад, аз сӯи дигар ғами нони фарзандони хурдсолашро мехӯрад. Мунтазам намояндагони идораи гуногун ба хонааш омада, риояи қонунро талаб мекунанд. Аммо боре нашудааст, ки ҳамон масъулон аз маъшуқаҳои ҳавобаланд, ки панҷ-шаш нафар дар як хона зиндагӣ дошта, дар ҷое кор намекунанд, бипурсанд, ки ба чӣ кор машғуланд, манбаи даромаду зиндагиашон аз куҷост ва чаро бесабаб бо
Тамоми хонаводҳои хушбахт ба ҳамдигар монанданд,
аммо ҳар хонаводаи бадбахт ба навъи худ бадбахт аст. Лев Толстой
ҳамсоягонашон дағалӣ раво мебинанд?
Бале, касе аз ин тоифа намепурсад, ки ин карру фаррҳо аз куҷост ва оё андози онро месупоранд ё не? Дар баъзе кишварҳо бо сабаби зиёд шудани фаҳш ҳукумат ин касбро легализатсия кардааст ва фоҳишаҳо мисли дигар соҳибкорон ба давлат андоз месупоранд. Мегӯянд, ки ин бисёр натиҷаҳои мусбӣ, аз ҷумла кам шудани фисқу фуҷурро ба бор овардааст. Шояд вақти дар кишвари мо ҳам ба ин масъала рӯ овардани қонунгузорон омада бошад?
Алҳол мардуми шарифу бомаърифатамон ба ин падидаи манфур мухолифат доранд, аммо дар муқобилаш ночоранд. Ва баъзе мансабдорони бешарму фарзандони риёкорашон аз ин белаҷомӣ истифода бурда, бо рафтори нангинашон, аз як тараф, нангу номуси мардумро таҳқир намоянд, аз сӯйи дигар, ба ривоҷи фисқу фасод мусоидат мекунанд.
Умедворем, ки рӯзе шарафу виҷдон ҷои худхоҳиву танпарвариҳои берӯёнаашонро бигирад.
Шаҳноз КОМИЛЗОДА
PS: Боре бо кӯдаки хурдсолам ба майдончаи назди хона барои ҳавохӯрӣ баромадаму аз гуфтори ду духтарчаи ноболиғ дар таҳайюр мондам. Чун ландкрузери сиёҳшишае башаст аз пешамон гузашта, назди подъезде қарор гирифт ва марди шикамғафси хушлибос маъшуқаи забондарозу дастдарозашро то ошёнаи чаҳорум гусел карда баргашт, духтарчаҳои 10 – 12 сола ба ҳавас нигоҳ карда, ба якдигар гуфтанд: «Худоё, мо ҳам яке аз занҳои чунин мансабдор бишавем, омин». Ва ман аз даҳшат шах шудам. Магар ин орзуи кӯдакона аст???