Аз рӯи иттиллое, ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ пешниҳод гаштааст, дар ҷаҳон, дар ҳар дақиқа як модар ҳангоми таваллуд ва ё ҳомиладорӣ мефавтад. Яъне, ҳар дақиқае ба хотири идома бахшидан ба ҳаёт, ба хотири пайванди дирӯзу имрӯзу фардо сарчашмае «хушк» мешавад.
Маълум аст, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ба модару кӯдак ва масоили рӯзгори онҳо таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад, аммо дар баъзе аз мамлакатҳо диққат ба масъалаи фавти модарон ҳангоми таваллуд камтар аст. Тибқи омори СММ фавти бештари модарон ҳангоми таваллуд дар Афғонистон мушоҳида шудааст. Дар ин кишвар аз ҳар сад ҳазор таваллуд 1800 модар мефавтад. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ дар Тоҷикистон аз ҳар сад ҳазор таваллуд 170 модар мефавтад. Воқеан ҳам, ин рақамҳо ба фикр водор месозанд. Чаро шумораи фавт ин қадар зиёд аст?
Маҳз бо ҳамин суол мо ба Вазорати тандурустии кишвар муроҷиат намудем. Аз рӯи маълумоти хадамоти иттилоотии он нишондоди фавти модарон дар соли 2009 аз ҳар 100 ҳазор ба 34,2 баробар аст. Дар соли 2008 бошад, ин нишондиҳанда ба 38,8 баробар будааст. Аммо аз рӯи иттиллои вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов дар шаш моҳи соли равон 50 нафар модар ҳангоми таваллуд фавтидааст. Алаккай дар ним сол 50 оила бемодар ва 50 кӯдак маротибае ҳам чеҳраи гарми модарро намебинад, ки ин воқеан ҳам аламовар аст. Боз ҳам суоли дигар пайдо мешавад, ки чаро омори пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва як созмони бонуфуз дар чунин як масалаи муҳим ин қадар тафовут дорад? 170 куҷову 34,2 куҷо? Ба кадом бовар кунем? Муовини вазири тандурустии кишвар Саида Ҷобирова ба ин масъала чунин рӯшанӣ андохт: «Оморе, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод мегардад, дар 5 сол як маротиба санҷида мешавад. Онҳо таҳлилгарони худро ба ҳама манотиқ мефиристанд, то маълумот ҷамъоварӣ кунанд. Ин маълумот бе ягон ҳуҷҷат ҷамъоварӣ мешавад. Аммо оморе, ки мо пешниҳод менамоем, аниқ ва ҳар кадом аз рӯи ҳуҷҷатҳои ҳисоботист. Ман низ ҳайронам, ки ин рақами хеле баланд аз куҷо пайдо шудааст. Ман ба ин розӣ шуда наметавонам.»
Дар миёни ин ҳама арқом мондаву намедонӣ ба кадоме бовар кунӣ, чунки зиёданд ходисаҳои фавти модароне, ки дар хона ба вуқӯъ мепайвандаду ҳуҷҷатгузорӣ намешаванд ва ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки тахмин аз даҳони касе навишта мешавад. Аз ин рӯ, бевосита ҳамкории Вазорати тандурустӣ бо созмонҳои байналмилалӣ зарур аст. Муовини вазири тандурустӣ мегӯяд, ки дар солҳои баъд чунин ҳамкориҳо ба роҳ монда мешаванд.
Охирин таҳлили Бонки Чаҳонии Рушд дар соли 2005 сурат гирифтааст. Тибқи омори пешниҳодгардида дар Тоҷикистон аз ҳар 100 ҳазор таваллуд 120 модар фавтидааст.
Масъалаи фавти модарон ҳангоми таваллуд мушкилест, ки дар ҳама давру замон вуҷуд дошт. Ба гуфти муовини вазири тандурустӣ «Дар солҳои 1990-1992 дар Тоҷикистон аз ҳар 100 ҳазор таваллуд 97,7 фавт ба қайд гирифта шудаааст. Имсол бошад, чунон ки медонед, аз ҳар 100 ҳазор таваллуд 34,2 фавт. Яъне, дар ин самт кӯшишҳо ҳастанд».
Хуб, гуфтем, ки чунин аст. Вале ин рақам, яъне аз ҳар 100 хазор модар фавти 34,2 нафар низ кам нест. Чунки ҳар модар ду ё се тифлро ятим мегузораду мушкилоти зиёде онҳоро дунболагир мешавад. Аз ҷониби дигар, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии кишвар, ҳар сол тақрибан 190 то 200 ҳазор таваллуд дар Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад, ки гувоҳи рӯ ба коҳиш доштани таваллуд дар Тоҷикистон аст. Пас аз рӯи шумори таваллуд муайян кардан мумкин аст, ки ҳар сол анқариб 70 модар ҳангоми таваллуд мефавтаду дар навбати худ 150 ё 200 тифл ятим мемонанд. Чаро мо наметавонем ин шумораро камтар намоем? Расми мо точикон аст, ки ҳама чизро хости Худо мегӯему сабаб намеҷӯем. Аз нигоҳи ин ҷониб, агар як сабаб вазъи носолими рӯҳии модарон, паст будани шароити зиндагӣ бошад, сабаби дигар беэътиноии момодояҳо дар таваллудхонаҳост. Муносибати дағалона ва бепарвоии кормандони тиб модаронро дилмонда мекунад ва онҳо таваллуди хонагиро авлотар меҳисобанд. Маълум аст, ки баъзан дар хона оддитарин масоили беҳдошт риоя намешаваду хатари фавтидани модарон бештар мегардад.
Гулбаҳор Ашӯрова, корманди раёсати ҳифзи сиҳатии модару кӯдаки Вазорати тандурустӣ бар ин назар аст, ки фавти модарон дар таваллудхонаҳо камтар аст. ӯ мегӯяд: «Чашм нарасад, шумораи фавти модарон дар таваллудхонаҳо, бахусус дар таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе камтар аст. Дар ду соли охир аз ҳар 100 ҳазор таваллуд ҳамагӣ 1 ё 2 нафар мефавтанд».
Афсӯс, ки на ҳама модарон ба таваллудхонаҳо мераванд. Маҳз камбизоатии хонаводаҳо сарчашмаи асосии ин ҳама мушкилот аст. Истеъмол накардани ғизои зарурӣ ва набудани шароити дурусти зист, сабаби пайдоиши як қатор бемориҳо ҳангоми ҳомиладорӣ мегардад, ки дар рафти таваллуд таъсири бади худро ҳатман мерасонанд.
Гулбаҳор Ашӯрова илова кард, ки «Миёни бонувоне, ки ҳангоми таваллуд мефавтанд, шумораи навзойҳо бештар аст. Сабаби асосӣ беаҳамиятии волидон ба саломатии духтарон мебошад. Қисме гирифтори чанд беморианду аҳамият намедиҳанд. Дар натиҷа, пас аз оиладорӣ ва дар давраи ҳомиладориву таваллуд ин бемориҳо рӯ мезананд. Аз ин рӯ, ба саломатии духтарон бояд аҳамият дода шавад».
Тибқи гуфтаи духтури бемориҳои занона Азиза Ёрова, 70-80 фоизи занони ҳомиладоре, ки ба ӯ муроҷиат мекунанд, гирифтори бемориҳои камхунӣ ва фишори баланд мебошанд. Ин ҳам ба кӯдак ва ҳам ба худи модар хатар дорад.
«Кӯшиш дорем, ки то соли 2015 фавти модаронро аз 34,2 то ба 29 ё 30 расонем», - мегӯяд муовини вазири тандурустии кишвар Саида Ҷобирова.
Умед дорем, ки ин кӯшишҳо воқеан ҳам самара медиҳанд ва батадриҷ рақами мазкур камтару камтар мешавад. Аммо то даме, ки як модарро ҳангоми таввалуд хавфи марг таҳдид мекунад ин масъала масъалаи нигаронкунанда аст.
Моҳшарифи Холиқ