Аҳдномаи никоҳ мансуби кист?
Дар муносибатҳои ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ бо роҳи шартнома (ахднома) муайян кардани низоми ҳуқуқии молумулкӣ миёни ҳамсарон таърихи хеле қадима дорад. Имрӯз аксари мардум бар он назаранд, ки аҳдномаи никоҳ хоси мардуми мо нест. Лекин кофтуковҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд, ки аҳдномаи никоҳ аввалан дар сарзамини мо мавҷуд будаасту ба Ғарб аз мо рафтааст. Қадимтарин намунаи аҳдномаи никоҳро аз навиштаҳои рӯисангии кӯҳи Муғ (ноҳияи Айнӣ), ки ба асри 8 қабл аз мелод, мансуб ба давлати Суғд буданд, дарёфт кардаанд. Ин аҳднома байни суғдидухтар Дугдонча ва ҷавони бохтарӣ Уттегин баста шудааст, ки 90 сатрро дар бар мегирад. Дар он ба таври муфассал ӯҳдадориҳои тарафҳо бо мақсади таъмини танзим ва ҳифзи никоҳ ҳангоми сар задани ҳамдигарнофаҳмӣ ва баҳсҳои молумулкӣ навишта шудаанд. Аҳдномаи никоҳ дар Ғарб хеле маъмул аст.
Дар ҷумҳурии мо бошад, танҳо баъди қабули Кодекси нави оила (с.1998) ҷорӣ шуд, аммо чандон маъмул нагашт. Мушоҳидаҳо ва пурсишҳо нишон доданд, ки то соли 2003 танҳо як ҷуфт ин гуна аҳднома бастааст. Ин аҳднома дар идораи нотариалии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тасдиқ гардида буд.
Аҳдномаи никоҳ чӣ гуна ҳуҷҷатест?
Низоми ҳуқуқии муносибатҳои молумулкии ҳамсаронро пеш танҳо Қонуни никоҳ ва оила муқаррар менамуд.
Пас аз қабул гардидани Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998) ҷомеаи шаҳрвандӣ ба зинаи нави муносибатҳои ҳуқуқӣ баромад. Дар Кодекси нав муносибатҳои наве дарҷ ёфтаанд, ки бо барқарор гаштани онҳо вазъи ҳуқуқии тарафҳо, яъне ҳамсарон, дигаргун мегардад. Мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки дар таҷрибаи судҳо бисёр ҳолатҳое ба миён меомад, ки ҳуқуқи яке аз тарафҳо халал меёфт.
Тавре Фарангис Валиева, сармутахассиси Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи ҶТ шарҳ дод: «Аҳдномаи никоҳ– созишномаи шахсоне мебошад, ки издивоҷ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи амволӣ ва ӯҳдадориҳояшонро дар давраи заношӯйӣ ва ё дар ҳолатҳои бекор кардани никоҳ муайян менамояд.
Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии никоҳ ва ҳам дар давраи заношӯйӣ баста шавад. Агар аҳднома то бақайдгирии ақди никоҳ баста шуда бошад, танҳо аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
Он дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани ахднома мегардад».
Шартҳо дар аҳднома беҳисобанд…
Аҳдномаи никоҳ мазмунан васеъ буда метавонад. Шартҳо беҳисобанд, вале асосан аҳднома чунин шартҳои асосиро дарбар мегирад:
1. Танзими молу мулке, ки то никоҳ ҳар яке аз ҳамсарон дар ихтиёр дорад;
2. Танзими моликияти дар вақти никоҳ бадастовардашуда.
Ғайр аз ин, ҳамсарон ҳақ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу ӯхдадориҳои худро вобаста ба таъминоти якдигар, роҳу воситаҳои иштирокашон дар ташаккули даромади якдигар муайян созанд. Масалан, 30% даромади яке аз ҳамсарон – шавҳар моликияти якҷояи тарафҳо хисобида мешавад, ҳол он ки зан дар ҳеҷ ҷо кор намекунад. Инчунин ҳамсарон метавонанд тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо, хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва амволеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад ва ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои амволиашонро дохил намоянд. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо нисбат ба якдигар мафҳуми хеле васеъ аст. Мисол, мард бояд ҳамсарашро таъмин намояд, ё баъд аз бекор намудани никоҳ низ таъминоти зан ё фарзандонашро пурра ба зиммаи худ гирад.
Аҳднома мӯҳлат дорад?
Аҳднома бемӯҳлат аст, вале тарафҳо метавонанд, шартномаро бо дигар гаштани шароит тағйир диҳанд. Асосҳои бекор гаштани аҳдномаи никоҳ ё беэътибор донистани онро моддаи 44 Кодекси оила муайян намудааст. Ҳангоми бекор намудани аҳднома тарафҳо боз дар ин бора санад тартиб дода, дар идораи нотариалӣ тасдиқ менамоянд. Беъэтибор донистани он бошад аз тариқи судҳо муқаррар мегардад.
Назарҳо нисбати аҳднома мухталифанд
Зулайхо Маликова муҷаррад аст. Ӯ сокини ноҳияи Ваҳдат буда, чунин андеша дорад: «Ман аз мавҷудияти ин гуна аҳднома хабар надорам. Агар донам ҳам, аҳднома намебастам, чунки хоси мардуми мо нест. Худатон тасаввур кунед, агар ба домодшаванда гӯед, ки аввал аҳдномаи никоҳ мебандем, ӯ чӣ мегӯяд? Фикр мекунад, ки ту ӯро «грузит» мекунӣ. Дигар боварат намекунад ва аз баҳрат мебарояд».
Зебо Атоева сокини пойтахт аст, дар ин росто мегӯяд : «Ман ҷонибдори бастани аҳдномаи никоҳам. Аммо аксари ҷавонони мо ҳангоми хонадоршавӣ дар ихтиёри худ чизе надоранд ва дастнигари волидонанд. Албатта даврони заношӯйӣ, вақте соҳиби молу мулк мешаванд, ин корро кардан айни муддаост».
Ҷалолиддин Раҳимов, ки марди рӯзгордидаест, дар ин бобат андешаи хоси худро дорад: «Ақдномаи никоҳ кафолат медиҳад, ки амволи зану шавҳар ҳангоми бекор намудани никоҳ баробар тақсим шавад. Аммо ҳоло ҷавононе вомехӯранд, ки пеш аз никоҳ соҳиби амволанд: хона, мошин, корхона доранд. Бо мақсади ҳифзи амволашон дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд аҳднома банданд. Ман ҷонибдори ин иқдомам, лекин танҳо баъди заношӯйӣ ва соҳиби амволи муштарак шудан».
Чӣ тавре дидем, ақидаҳо мухталифанд ва бастани аҳдномаи никоҳ низ ихтиёрист.
Тағйирот дар тафаккури мардум
Чи хеле пештар гуфтем, то соли 2003 ҳамагӣ як ҷуфт аҳднома баста шуда буд. Ҳоло аз гуфтаи Фирӯза Умарова, сармутахассиси Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Вазорати адлияи ҶТ маълум мешавад, ки дар 8 моҳи соли равон аллакай 5 ҷуфт аҳдномаи никоҳ бастаанд, ки ин гувоҳи тағйирот дар шуури мардум ва болоравии дарки худшиносию маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст.
Сабаби камтаваҷҷӯҳии мардум ба аҳднома
Фарангис Валиева, сармутахассиси Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи ҶТ сабаби камтаваҷҷӯҳии мардумро нисбати ин ҳуҷҷат, дар паст будани савияи дониши ҳуқуқии онҳо медонад. ӯ мегӯяд: «Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бошад ҳам, аммо ҷомеа бештар ба урфу одатҳои қадима такя мекунад».
Дигар ҳамсӯҳбатони мо омилҳои характери маҳаллидошта, аз қабили шарм, андеша ва ғайраро сабаби камтаваҷҷӯҳӣ донистаанд.
Шояд ҷавононро пеш аз никоҳ кормандони мақомоти сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ аз мавҷудияти ин гуна ҳуҷҷат воқиф созанд. Аммо дар сӯҳбат онҳо фақат як чизро таъкид мекарданд: Ин кори мо нест. Бастани аҳдномаи никоҳ амри ихтиёрист ва дар нотариусҳо амалӣ мешавад.
Аҳамияти аҳдномаи никоҳ
Аҳамияти аҳднома пеш аз ҳама бо раванди иқтисодии ҷомеа вобаста буда, ҳуқуқи тарафҳоро баробар месозад.
Ин имкон медиҳад, ки тарафҳо бе баҳс ва бо назардошти манфиатҳои якдигар муносибатҳои молумулкиашонро ба танзим дароранд. Инчунин ба волидон имкон медиҳад, ки манфиатҳои фарзандонро чӣ дар вақти никоҳ ва чӣ баъди бекор гаштанаш ба танзим дароранд.
Хуллас, бастани аҳдномаи никоҳ дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ, ки ҳам талоқ рӯ ба афзоиш асту ҳам аксари мардони ба муҳоҷирати меҳнатирафта таъмини зану фарзандонро фаромӯш сохтаанд, як амри воқеӣ ва зарурист.
Сафарзода Шаҳриёри Саидакбар
донишҷӯйи соли сеюми факултаи
ҳуқуқшиносии ДМТ