Ростї гўширо гузоштаму лањзае ба фикр фурў рафтам. Чї ќадар мо тољикон мењмондору мењмондўсту мењмоннавозем. Дар њамин шароити вазнин, замони ба истилоњ бўњронї, ки њатто сарватмандони љањон аз хавфи муфлисшавї сарфакорї пеша кардаанд, мо аз мењмондўстиву мењмоннавозиамон намондаем. Бале, тавлиди як тифл дар оила воќеан боиси хушнудии волидайн аст. Аммо њар чизу њар кору њар амале меъёр дорад. Мо менолем, ки камбизоатем, ин надорем, он надорем. Замоне, ки инсоният кайњонро тасхир кардааст, мо наметавонем њатто соле як бор, ё умре як маротиба дар соњили Бањри Сиёњ истироњат намоем, Анталияро бубинем, аз зебогињои шаршараи Ниагара бањра бардорем. Магар мо метавонем? Биёед дур намеравем, кор то љое расида, ки бо иллати надоштани маблаѓ аз зебогињои диёри худамон бањрабардориро фаромўш кардаем. Баъзењоямон номи Варзобро шунидаву онро надидаем. Бале, бањона њам дорем: «Пули зиёдатї аз куљо, ки мо сайри Варзоб биравем?». Аммо, дар њамин њол зиёфат меороем, хон густурда дар он тамоми нозу неъматњоро муњайё мекунем. Маблаѓи моњњо љамъовардаамонро ба ќавле дар они воњид ба бод медињем. На, ман намегўям, ки ин бад аст. Бале, лозим аст, моње як маротиба пайвандону наздиконро сари хон љамъ овардану бо дўстон сўњбати гарму самимї оростан. Вале, меъёр! Аз якрўзагии тифл то яксолагиаш дањњо бор бо сабабњои гуногун, гањворабандон, чиллагурезон, мўйсаргирон, њатто барои дандонбарориаш як маросими хосса дорем. Ин љо зодрўзу тўю иду љашну боз намедонам кадом як маросимњои бодабдабаи дигарро намегўем. Бењтар нест, ки аз њисоби пасандози ана њамин маросимњо кўдакро ба боѓчаи хуб, мактаби арзанда, донишгоњи муосир дохил бикунему аз ў як нафари воќеан донишманд ба камол бирасонем? Истироњат бикунем, дунёро бубинем, магар ин бад аст? Биёед биандешем!
Таљриба нишон медињад, ки сармоягузории бењтарин барои кўдак додани дониши хубу арзанда, омўзонидани чанд забони хориљї ва бањраманд сохтани ў аз илмњои пешрафтаи замон аст, ки дар оянда аз он манфиати хубе метавон интизор шуд…
Меоем сари масъалаи мењмон ва мењмондорї. Мењмон аз мењмон ва мењмондорї аз мењмондорї тафовут дорад. Мисоли дар боло овардаи мо зиёдтар исрофкориро ба хотир меорад, ки Ќуръон њаромаш хондааст.
- Мо тољикон намунаи дигари мењмону мењмондориро низ дорем. Аз ќадимуллайём ваќти ѓаму шодї хешу табор, ёру дўстон, њамсоягони дуру наздик «шодишарикї» ё «ѓами одамро одам мебарорад» гўён бе њељ даъвати хосе ба хонањои њамдигар рафтуомад мекарданд, мегўяд кампири 82 сола бибии Саврї. Ин хуб буд, ба ќавле «бо дўстон нону пиёз» гўён сари танњо як пиёла чой менишастем, сўњбат метафсид. Имрўз ин анъанаро мо солхўрдањо идома медињем. Љавонон дигар шудаанд. Исрофкориро дар тўйю маъракањо дида нороњат мешавам.
Тољинисо Сангова, як бонуи мењмондўсти тољик дар сўњбат бо мо иќрор шуд, ки дўст дорад бо бањонае њар рўз зиёфате биорояд ва наздикону пайвандонашро сари хони пур аз нозу неъмат љамъ оварад. Њамчунин хуб аст агар мењмон ногањонї биёяд, - мегўяд апаи Тољинисо. Истиќболи гарм ва чењраи кушодро њангоми пешвозу гусели мењмон аз рукни асосии мењмондорї медонам.
Аттор воќеан хуб гуфтааст: «Мењмон рўзї ба худ меоварад, пас гуноњи мизбонро мебарад». Мењмон атои Парвардигор аст ва мо њар чизе ки аз ўст, азизаш медорем.
Бонуи дигаре, ки худро Шарифа Рањимова муаррифї кард, дар сўњбат бо мо гуфт:
- Ман љонибдори онам ки мењмонро ба тарзи бояду шояд истиќбол намоем. Аммо, аз оростани зиёфат ва маъракањои бамавриду бемаврид хушам намеояд. Дар шароити вазнини имрўза ќабулу гусели мењмон мушкил аст.__
- Дўсте дорам, ки солњо дар хориља зиндагї кардаву имрўз ба ватан баргаштааст. Рўзе хостам ба аёдаташ биёям, ки гуфт: «Имрўз манн њавсалаи мењмондориро надорам!». Ин турфаро метавон «Тољикони нав» ва ин амалро метавон таќлид ба Ѓарб, ки мардумаш тоќати дидори мењмонро надоранд, унвон кард, - мегўяд Паймонаи Неъматулло як рўзноманигор.
То солњои наздик дар мактабњои миёна фанни љолибе бо номи «Маърифати оиладорї» тадрис мешуд, ки хонандагон онро хуб истиќбол мекарданд. Њатто дар хотир дорам, ки дар љараёни дарс, мо сари мавзўи мењмондории шарќиёна бо њамсабаќон он ќадар бањсњои доманадоре меоростем, ки сари устодамон ба дард меомад. Мутаассифона, имсол ин фанро аз наќшаи таълимї баровардаанд. Омўзгореро, ки соле пеш фанни мазкурро дар мактаби раќами 51-и ноњияи Фирдавсии пойтахт тадрис додаст, пайдо кардем. Зимни сўњбат бо мо Зайнаб Саидова, собиќ омўзгори фанни «Маърифати оиладорї» дар ин мактаб чунин ибрози аќида намуд:
- Мо тољикон сари масъалањои мењмону мењмондорї њассосем. Мењмондўстиро аз кўдакї дар вуљуди кўдак љой медињем. Манн фикр мекунам, ки урфу одат ва анъаноти мо хуб аст. Аммо онњоеро низ, ки дар рўзу соати муайян дўст доранд љое ба мењмонї бираванд ва ё мењмонеро ќабул бикунанд, хуб мефањмам. Баъзан инсон шароити ќабули мењмонро надорад. Ин љо шароит ба маънии моддї не, балки табъ, вазъи саломатї, ваќт дар назар аст. Аз забони баъзењо иборањоеро ба мисли «мењмони хондаву нохонда», «хоставу нохоста», «хубу бад» шунида, табъи кас хира мешавад. Табаќабандии мењмон ба гурўњњо дар ягон њолат хуб нест. Ман мегўям, ки новобаста аз вазъият ва њолат чун мењмоне дари хонаамонро кўфт бояд гарм истиќболаш намоем ва иззату икромашро ба љой биёрем, - мегўяд муаллима Зайнаб Саидова. Хубиву бадии амалашро бењтар аз худи шахс касе наметавонад бањогузор бошад. Мо дар њам ин љо матлабро бо байте аз ашъори Сойиби Табрезї анљом медињем, ки мегўяд:
Мењмон гарчї азиз аст ба монанди нафас,
Танг месозад, агар ояду берун наравад.
Чун мавзўъ доманадор аст барои бањс кушодааш мемонем. Њар нафаре, ки доири мењмондории шарќиёна, одоб, расму русуми мењмондорї ва масъалањои марбут ба он гуфтание дорад ба нишонии мо ва ё почтаи электронии мо Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. нависад. Интизори назари тоза ва иртибот бо Шумо њастем!
Гулноза БОБОМУРОДОВА