Садњо хонаводањои мардуми Бадахшон мањз тавассути љамъоварии сарватњои бебањои табиат аз ѓўрраи зелол то зираю шираи камол ва равѓани ангат рўзгори худро пеш мебаранд. Апаи Васила дар водии Ванљи боло умр ба сар мебарад Тайи чанд сол раиси љамоати дењоти Рованд буд ва панљ сол ќабл ба нафаќа баромад, аммо бекор нишастанро дўст намедорад. Ба гуфтаи апаи Васила агар вай рўзе ба оѓўши љангалзор ва марѓзорони соњилњои Ванљоб наравад, дилаш ба дард меояд. Ў манзарањои диёрро хеле дўст медорад, зеро табиат ба дањњо хонаводањои водии Ванљи боло ризќу рўзї медињад.
Васила Ѓафурова чанд сол муќаддам дар ќишлоќи Ѓуљоваст корхонаи коркарди ѓўрраи ангатро созмон додааст. Атрофи дења пур аз ангатзор аст. То ба ин кор даст задани Василабону бисёр сокинони рустоњои гирду атроф буттањои ѓўррабаста ва пурмеваи ангатзорњоро барои њезум мебуриданд ва неъматњои бебањои барои саломатии инсон зарурро сарфи оташдонњо менамуданд. Ў ба чунин нафарони беору номус мефањмонид, ки ѓуррањои буттањои ангат бебањотарин дорую дармон барои беморон мебошанд, аз ин хотир ба бехи ягон буттаи ангат табар назананд. Ин зани њалиму мењрубон дид, ки дар танњої баъзе мардони ба табиат зарароварандаро саришта карда наметавонад. Аз ин рў дар давоми як њафта панљ нафар зани дигарро ба сехи равѓани ангат ба кор даъват намуд.
Њоло соли чорум аст, ки ба буттањои ангат ва зелол дигар касе дар водии Ванљи боло зарар намерасонад. Ин зани кордон њар сол бештар аз панљоњ килограмм равѓани ангат истењсол мекунад. Ќисми зиёди онро ройгон ба дардмандон медињад, то ки онњо саломатии хешро барќарор намоянд. Равѓани ангати Василабону талабгорони зиёд дорад. Ба ѓайр аз ин њамроњи шавњар ва фарзандон боѓи мевадор бунёд карда, чормаѓзи зиёде парвариш намудааст. Њосили он њам сарфи тўњфа ба дўстону мењмонон мегардад.
Эњтиёљмандону одамони дардманд себу нок, асал, тут мавиз, зардолуи Ванљу Дарвоз, Рўшону Шуѓнон, зираю шираи камол, ѓўрраи зелолу равѓани ангати кўњистони Помирро љўё ва харидор мешаванд.
Њоло дар саросари водии Ванљи боло мавсими љамъоварии гиёњњо, рустанињои шифобахш оѓоз ёфтааст. Василабону ва њамкоронаш мардумро талќин мекунанд, ки ваќти љамъоварии њосил эњтиёткор бошанд, рустанї ва гиёњњоро аз реша накананд, шохањои пурбори ангат ва зелолро дастчин ва ё бо корд бурида, љамъ намоянд. Дар баробари аз неъматњои табиати диёр манфиати бешумор гирифтан, дар муњофизати он низ сањмгузор бошем. То рўзе нарасад, Ки зираю шираи камол ва зелолро низ ба Китоби Сурх ворид созем.
Сироншоњи Диловар.