Сайрам, модари чор фарзанд, ки шавњараш дар шањри Самара бори ѓурбат мекашад, зинапоя мељўст то болои боми хона шуда, бо марди хонааш чорта рози дил кунад. Ў телефонии њамроњашро бо ришта муњкам баста, онро ба гардан овехтааст, зеро њодисаи чанде пеш бо њамсояаш рух дода, ўро њушёр намуда буд.
Шоњкарими Рањим, муаллими мактаби дења, болои чанори азими умраш аз 300 боло баромада, хост бо духтараш Садафрмоњ, ки дар Донишгоњи омўзгории Душанбе аз тариќи квотаи Президентї тањсил мекунад, тамос бигирад. Духтараш аз ин занги ногањонии падар дар њайрат уфтода пурсид:
- Падар аз куљо гап мезанед?
Муаллим посух гуфт, ки аз болои чанори Њазрати Шоњќаландар ва њанўз суханаш ба охир нарасида, телефон аз дасти муаллим рањо шуда, бар замин омад. Як моњ боз ањли дења симкарту батареяи телефони муаллими дењаро мељўянд. Он соат кадом фарди дилсўзе аз њамсояњои гирду атроф болои боми масљид
баромада ба Садафмоњ занг зада мегўяд:
- Телефони падарат аз болои чанори Њазрати Шоњќаландар афтода, «шањид» шуд.
Садафмоњ, ки болои чанор будани падарашро медонист ва аз нохост канда шудани гуфтугўи телефонї дилсиёњ гашта буд, бо шунидани ин хабар њамин ќадар маънї бардошт, ки падараш аз чанор афтодаву... Духтари бечора доду ѓирев бардошт ва танњо баъди як соат тавонист бо дења тамос гирифта, аз њаќиќати кору њол огоњ гардид.
Муаллими Шоњкарим аз шикастани телефони 250 доллара ѓамгин шуда гуфтааст, ки кошкї ба љойи телефон худам аз чанор меѓалтидам. Охир ў телефони Бањодури бачаи раиси кумитаи заминро барои ним соат орият гирифта будааст ва акнун чанд моњ барои рўзгори худ не, балки барои додани пули телефон бояд кор кунад.
Соли 2004, бо ибтикори соњибкори љавон - Эраљ Улфатшоев дар дењаи Кеврон нуќтаи гуфтугўи телефонии марбут ба ширкати «Тољиктелеком» роњандозї шуд. Хурду бузурги дења ва њама ниёзмандон шаборўзї аз хидмати хубу босифати ин нуќтаи гуфтугўи телефонї истифода мекарданд.
Бањору тобистони њамин сол, бо пасопеш ба фаъолият оѓоз мудани ширкатњои
телефони мобилии «Индиго» ва «Вавилон-мобайл» маркази алоќаи телефонии Эраљ ба кори худ хотима бахшид, вале то кунун мардум аз хидматњои Эраљ ва «Тољиктелеком» бо некї ёд меоваранд.
Мардум хурсанд шуд, ки акнун дигар аз хона овора шуда ба маркази дења, сад метру сесад метр роњро тай нахоњанд кард, балки рўи кўрпача дароз кашида, ё дар замини назди њавлї кор карда, бемалол ва озод ба дуру наздик бо хешону пайвандон аз тариќи хидматрасонии ин ду ширкат сўњбат хоњанд кард.
Аммо афсўс, бад шуд, ки бењ нашуд!
Барои аз хидмати ширкатњои телефонии «Индиго» ва «Вавилон-мобайл» истифода кардан, муштариён рўзи дароз дар пайи ёфтани баландињо сарсонанд. Боми масљид, болои чанори Њазрати Шоњќаландар, сари кўњи Говкўш, ќабристони дења, баландии Боѓи Ќалъа, Болои Девдара ва ѓайра аз нукоте њастанд, ки дар ин љойњо метавон гуфтугў анљом дод.
Дењаи Кеврон, калонтарин рустои Дарвоз, ки беш аз 130 хонавода ва зиёда аз як њазор нуфус дорад, 90 нафар сокинонаш муштарии ширкати «Вавилон-мобайл» ва «Индиго» мебошанд. Аз боз шудани хидматрасонии ширкатњои мобилї шодии мардумро интињо набуд, вале ин њама хурсандињо зудгузар будааст.
Шурўъ аз охири моњи сентябр то ба имрўз телефонњои мобилии касоне, ки дар аввал ва охири дења маскунанд, фаъоланду дар байни дења будагон маљбуранд ба гўристони дењ, ки дар баландї мавќеият дорад, ё болои кўњу бому дарахтњо баромада, бо наздикону дўстони хеш гуфтугў намоянд.
Аз ин рў мардуми дења шўхиомез «Вавилон-мобайн» мегўянд, яъне ширкате, ки хидматрасониаш барои мобайни дења дастрас нест.
Чанде ќабл як тан аз зодагони дењи мо, ки сокини Душанбе ва аз муштариёни ширкати «Вавилон-мобайл» мебошад, барои дидорбинии хешонаш ба Кеврон омада буд. Чун хонаи хешовандонаш дар миёни дењаанд, тайи се рўз натавонист бо фарзандонаш ба Душанбе тамос бигирад. Нафаре аз ањли дењ маслињаташ медињад, ки ба гўристон равад, њам хешони он љо хуфтаашро зиёрат кунаду њам бо пайвандонаш занг занад. Мењмони мо чун ба ќабристон мерасад ва сари гўри падари яке аз дўстонаш, ки дар Душанбе зиндагї дорад, нишаста мехоњад дуое ба рўњи марњум бифиристад, ин дам садои занги телефонии мобилиаш баланд мешавад.
Иттифоќо њамон дўсташ, ки мењмон сари гўри падари ў нишаста буд, аз Душанбе занг зада мепурсадаш:
-Дар куљої?
Љавобаш мегўяд, ки дар назди падарат. Он дўсташ чун савганд хўрдану љиддї будани њамсўњбаташро дарк мекунад, ба дањшат меафтад, ки ё ў девона шуда, ё рафиќаш. Мепурсадаш:
- Боз кист он љо?
Ў аз гўристон посух мегўяд, ки фалон њасту бисмадон ва аз катибањои сари гўр чанде аз фавтидагони дењаро, ки он љо хок шудаанд, ном мебарад. Дўсташ мепурсад:
- Чаро ту дар гўристонї? Аз зиндањои дења касе њаст?
Посухи мењмон ин буд, ки чанд ваќт боз, гўристони Кеврон шўъбаи алоќа шудааст ва њар кас, ки телефони «Вавилон» дорад, ин љо меояд, њам бо мурдањояш «сўњбат» мекунаду њам бо зиндањояш.
Ин як воќеияте буд аз «хидматњои» беминнату фаъолияти ширкатњои машњури «Вавилон-мобайл»-у «Индиго» дар як дењаи дури кўњистони кишвар.
Агар маќсади роњбарияти ширкатњои номбурда мардумро ба гўристон бурдану ёди рафтагонро гиромї доштан бошад, хеле иќдоми олист. Вале њар рўз ба гўристон рафтану хотири он азизони хуфтаро ошуфта кардан низ шояд амали нек набошад?
Аз ин рў аз роњбарияти «Вавилон» ва «Индиго» хоњиш доштем ањли дења, ба хусус мењмонони азизи моро аз ташвишу сарсонињои њар рўз ба ќабристон рафтану болои бому дарахтону кўњњо баромадан халос кунанд. Вагарна аз 90 муштарии дошта мањрум хоњанд шуд. Барои ширкатњое, ки беш аз 1 млн. муштарї доранд аз даст додани 90 «клиент» шояд зиён набошад, вале фикр мекунам насби як мављгирак низ дар миёни дења кори осонтар аст. Њам лаъл ба даст меояду њам муштарї аз фаъолияти «Вавилон-мобайл»- у «Индиго» гилаву озор нахоњад кард.
Оё муштариёни «Вавилон»-у «Индиго»-ро дар Кеврон аз гўристон халосї њаст?
Саидрањмони Саидасрор,
раиси дењаи Кеврон-2,
ноњияи Дарвоз
Толибшоњ Саидов