Шоҳроҳи бузурги Абрешим, ки ҳанӯз аз даврони пеш аз милод роҳҳои корвонгарди қораи Осиёро бо Ғарб пайваста, ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули фарҳангу тамаддунҳои мухталиф дар рушду нумӯи кишварҳои ин масири тиҷоратӣ нақши бузург мебозид, тули сад соли охир мавриди таваҷҷуҳи бостоншиносони Ғарб ва дигар мамолики абарқудрат қарор дорад.
Баъди азхудкунии заминҳои водии Вахш бостоншиносони рус бо мақсади дарёфти нишонаҳои қадимтарин осори башарӣ тадқиқотҳои археологиро дар пайи Шоҳроҳи бузурги Абрешим оғоз намуда, аз ҷумла соли 1959 харобаҳои ёдгориҳои буддоиро дар мавзеи Аҷинатеппаи ҳудуди ноҳияи Вахш кашф намуданд.
Дайри буддоии Аҷинатеппа аз боқимондаи ёдгории таърихии дини буддоӣ ба ҳисоб рафта, тибқи тадқиқотҳои бостоншиносон дар нимаи дувуми асри VII ва ибтидои асри VIII аз маъбадҳои бузурги бутпарастон маҳсуб меёбад. Ин харобаи ёдгориҳои буддоӣ дар масофаи 15 километр аз маркази маъмурии ноҳияи Вахш, дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Киров воқеъ буда, дар радифи дигар ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон -
«Ҳоҷӣ Машҳад» (Шаҳритус), «Тахти Сангин» (Қубодиён ) ва «Ҳулбук» (Восеъ) дар феҳристи номзадҳо барои ворид намудан ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО қарор доранд.
Оид ба асрори харобаҳои Аҷинатеппа миёни сокинони деҳоти атрофи ин ёдгории таърихӣ ривоятҳои зиёде мондаанд. Гӯё зимни боронгариҳои шабона роҳгузарони деҳаҳои канораҳо дар ин макони ваҳим симои ҷинҳоро мушоҳида карда, бад-ин минвол ин макони талҳои сӯи офтобшин ба унвони Аҷинатеппа вирди забонҳо гардидааст. Дар асл ғорҳои бешумори ин мавзеъ макони зисти охирин насли гургу шағолони аз туғайзорони водии Вахш фирор карда ҳисоб мерафт, ки аз зӯзакашиву садоҳои шабонгоҳии онҳо сокинони ангуштшумори деҳи атрофро ваҳм фаро мегирифт. Бахусус, ҳангоми шабона аз назди ин мавзеъ гузаштан, роҳгузаронро дар ростои даромадгоҳи он ваҳм зер мекунад. Зеро дар фосилаи каму беш аз як километр андар рӯ ба рӯи дайри Аҷинатеппа ёдгории дигаре бо номи Чоргултеппа намоён аст, ки тавассути он ҳокимони қалъа бо коҳинони маъбад миёни ҳам равуо доштаанд.
Тибқи маълумоти таърихӣ ҳанӯз дар асрҳои аввали милодӣ империяи Кӯшониён дар айни авҷу зуҳури оини Зардуштия ва Митропарастӣ дини буддоиро аз Ҳиндустон ба Чину дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ паҳн намуданд. Аммо бунёду парастиши бутҳоро мардуми он замони ин сарзамин қабул надоштанд, ки тандисҳои буддоиро бо мазаммат ҷину аҷина ном мебурданд. Бо гузори асрҳо зимни ҷустуҷӯйҳои бостоншиносон аз ин гуна мавзеъҳо зиёда аз яку ним ҳазор ҳайкалҳои зану мардакҳои аз сангу гаҷу гил офаридашударо ёфтанд, ки аз мавҷудияти рушду ривоҷи санъати ҳайкалтарошӣ дар аҳди қадим дарак медиҳад.
Ҳафриёти Аҷинатеппа ва бозёфти муҷассамаи 12,92 метраи якпаҳлухобида ва тандисҳои хурди буддоҳои дар ҳолати нишаста аз ин дайр, ки ҳоло дар Осорхонаи бостоншиносии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешаванд, аз ёдгориҳои беназири кеши буддоӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб намудааст. Зимнан, нусхаи шабеҳи ин муҷассамаи бузург дар яке аз осорхонаҳои Аичиии кишвари Япония низ ба намоиш гузошта шудааст.
Соли 2005 бо ибтикори Созмони илмӣ-омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ва сармоягузории Сандуқи Амонати Ҷопон Кумитаи байналмилалии илмӣ баҳри ҳифзи ёдгориҳои Аҷинатеппа таъсис ёфт, ки хазинаи он 700 ҳазор долларро ташкил медод. Ҳамин тавр, дар доираи лоиҳаи ҳифзи осори бостонии Аҷинатеппа аз моҳи майи соли 2005 то декабри 2008 дар ҳамкории бостоншиноси ҷопонӣ Кунио Ватанабе бо кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва донишҷӯёни риштаи бостоншиносии донишгоҳҳои кишвар корҳои мустанадсозӣ ва тармими деворҳо ва қисми дохили маъбади буддоӣ оғоз гардид.
- Масъалаи бунёди инфрасохтори сайёҳии самти дайри буддоии Аҷинатеппа дар ҷаласаи назди раиси ноҳияи Вахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Итминон меравад, ки бо ҷалби соҳибкорону саховатмандони ноҳия то Ҷашни Наврӯз 15 километр роҳи аз маркази ноҳия то ин мавзеи таърихӣ таъмиру азнавсозӣ мегардад,- мегӯяд мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Раҳим Ҷалилов. – Ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба арзишҳои фарҳангӣ дар назди дайри буддоии Аҷинатеппа мағозаи ҳунарҳои мардумӣ фаъолият менамояд, ки дар он беш аз 30 номгӯй дастранҷи пешаварони ноҳияи Вахш ба намоиш гузошта шудааст.
Аммо аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки харобаи ёдгориҳои дайри «Аҷинатеппа»-ро хатари ҷиддии экологӣ, яъне эрозияи замин таҳдид мекунад. Зеро аз асари тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо ва баланд шудани обҳои зеризаминӣ, дар ин мавзеъ шӯршавии хок ҳатто дар қабати поёнии девори аз хиштҳои гилин сохташуда ва теппаҳои фурӯрафтаи ёдгории Аҷинатеппа ба чашм мерасад.
Ба гуфтаи сокинон, назар ба солҳои 80-уми асри гузашта паҳнои заҳбуру заҳкашҳои заминҳои корам маҳдуд шуда, аз ҷумла каналҳои ду ҷониби мавзеи Аҷинатеппа, ки солҳо боз тоза карда намешаванд, ба тӯғайзор табдил ёфтаанд. Дар қиёс ба аксҳои 15–20 соли пеш аз ин мавзеъ бардошташуда, ҳолати имрӯзаи қабати болоии маъбади буддоӣ ниҳоят ҳузнангез аст. Ҳол он ки дар ҷараёни тармиму поксозӣ аз хокдони ин маъбади куҳанбунёд ашёҳои гуногуни қадимӣ, аз қабили сиккаҳои сӯрохдору чароғи рӯғанӣ ва пораҳои шикастаи асбобҳои кулоливу тандисҳои буддоӣ ёфт шуда буданд ва эҳтимол мерафт, ки дар жарфтари ин хокдони асрорангез ёдгориҳои беназири бостонӣ маҳфуз бошанд. Тавре баъдан дар намоиши муаррифии натиҷаҳои иҷрои лоиҳаи Кумитаи байналмилалии илмӣ оид ба тарҳи муҳофизати Аҷинатеппа бостоншиноси ҷопонӣ Кунио Ватанабе гуфта буд, фарзияҳо оиди асрори зери харобаҳои ёдгории маъбади буддоӣ моро водор менамояд, ки дар оянда корҳои ҳафриётиро дар ин мавзеъ идома диҳем.
Гарчанде дар ду давраи корҳои ҳафриётӣ, ки нахуст бостоншиносони рус солҳои 1959–1975 ва солҳои 2005–2008 бостоншиноси ҷопонӣ дар якҷоягӣ бо АМИТ аз ин мавзеъ ёдгориҳои барои илми бостоншиносӣ ҷолибро пайдо кардаанд, боз ҳам дар ин миён ҷустуҷӯҳои пурраи археологӣ дар ин макони асрорангез ба таъхир уфтод. Ҳамин тавр, сол аз сол аз асари шӯршавии мазраъҳои атроф харобаҳои ёдгории Аҷинатеппа ба нобудӣ рафта истодааст. Ҳол он ки ин ёдгории беназир бояд ба феҳристи осори ҷаҳонӣ шомил карда шавад.
Аз ин рӯ, масъулонро мебояд, ки дар радифи бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар хатсайри ёдгории бостонии Аҷинатеппа, қабл аз ҳама, ҷиҳати оҷилан тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва чораҳои муҳофизати ҳудуди ин мавзеи таърихӣ тадбирҳои ҷиддӣ биандешанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ,
ноҳияи Вахш