Шаби сарди зимистон. Садои ҳуштаки шамоли барф пушти тиреза шунида мешуд. Шаҳло писарчаи дар табу тасфашро гоҳ рӯйи даст мегирифту гоҳ болои рахти хоб мегузошт. Доруяш дод, тез – тез оби ширгармро ба даҳони кӯдак чаконд. Ба соати деворӣ нигарист, ки аллакай ақрабаки соат ба ду дакка мезад. Пардаи тирезаи хонаро каме яктарафа намуда, ба кӯча назар кард. Дар ин нисфи шаб ба кӣ ва куҷо занг заданашро намедонист. Писарча аз нолиш монда, лаҳзае беҳолу ором чашм пӯшид. Муддате пас ӯ бори дигар ҳарорати бадани кӯдакро санҷид. «Хайрият, каме ҳарораташ паст шудааст», - гӯён оҳи сабуке кашид.
Лаҳзае аз сад хотира
Вақте аз Шаҳло Ғозиева дар бобати он ки зиндагии ҳамсари афсар аз дигарон чӣ бартарӣ дорад, пурсидем, ҳамин лаҳзаро яке аз сад хотираҳо аз аввали давраи оиладориаш то имрӯз бо Абдуҷаббор Одиназода, командири полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ёдовар шуд.
- Ин яке аз он чандин лаҳзаҳое буд, ки мушкилиро пешорӯям гузошт. Вале аз ин руҳафтода нестам ва аллакай равиши зиндагиамро ба осонӣ пайдо кардаам. Пеш аз оила барпо намудан бо ҷавони низомӣ медонистам, ки бояд чун ҳамсафари ояндаам қавию устувор бошам. Ӯе, ки сипари Ватан гашт, ман бояд сипари хонадони ӯ бошам, вагарна мушкилоти хонаводагӣ боиси шикасти оила ва саргардониҳо хоҳад шуд. Азоби раҳдурӣ, зиндагие, ки қариб ба танҳоӣ паси сар мешавад ва таълиму тарбияи фарзандон аз зумраи мушкили зани ҳар афсар аст, - мегӯяд Шаҳло.
Ин бонуи қавиирода боре аз мушкилиҳои зиндагӣ назди шавҳар лаб ба шиква накушудааст. Баръакс, насиҳати модарро ҳалқа бар гӯш намуда буд, ки мегуфт: «Хонаро зани порсову пуртоқат обод мекунад».
- Чунин мушкилӣ дар хонаводаи падарӣ низ зиёд рух медод. Падар, ки омӯзгори мактаби деҳа буд, аз субҳи содиқ то шом вақт сарфи таълиму тарбияи хонандагон менамуд. Агарчи мактаб аз хона чандон дур набуд, модар ҳеҷ гоҳ барои ҳалли мушкиле ба дарси падар халал намерасонд. Нотарсу ғаюр буд, модар, мушкилнописандиро аз модар омӯхтам, - иброз медорад Шаҳло.
Модар ва ҳам омӯзгор
Шаҳло Ғозиева мегӯяд, ки дар шароити кунунӣ таълиму тарбияи фарзанд бағоят сангин аст, ки аз волидон масъулияти баландро талаб менамояд.
- Бо тақозои касби шавҳар, сокини тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони азиз будем. Гоҳе, агар ҳамсафари доимӣ будам, ҳини баъзе аз сафарҳои хизматӣ ҳамроҳи хонаводаи шавҳар дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рӯзҳоро паси сар мекардам. Аз ин сафарҳо дӯстони зиёд ёфтам, вале таъсири манфии он ба хониши кӯдакон мерасид.
Чанд рӯзу моҳҳо дар мактабе хондан ва бо итмом наёфтани соли хониш ба ноҳияи дигар кӯч бастан, сипас, бозпас гардондани китобҳои фаннӣ, инчунин, то барқарор намудан дар мактаби дигар ҳолатҳое буданд, ки аз он кӯдакон зарбаи равонӣ медиданд. Аз барномаҳои таълимӣ қафо мемонданд. Ин ҳолат барои аз нав омӯзондану фаҳмондани мавзуъҳо ба кӯдакон мушкил меафтод. Аз он ки бархе аз барномаҳои таълимӣ бароям ноошно буданд, дар ҷараёни дарсомӯзонӣ азоб мекашидам. Аз мағозаҳо китобҳои фаннӣ харида, бо фарзандон дарс тайёр мекардам, то онҳо низ мисли ҳамсолон пешрафтаю саводнок бошанд ва аз барномаҳои таълимӣ дур намонанд, - меафзояд Шаҳло.
Хондани афсонаю ҳикояҳо низ ба тарбияи кӯдакон нақши созанда дорад. Ҳар боре, ки Шаҳло қисса ё ҳикояи ибратомӯзеро ба фарзандонаш мутолиа ё нақл менамуд, онҳо бо иқрори гуноҳ мегуфтанд: «Очаҷон, хатоямро бубахшед, ман оқибати онро акнун фаҳмидам». Шаҳло мегӯяд, ки яъне, бача эҳсос менамояд, ки чи коре бад асту ояндаи рафтори бад чист? Дар ҳар сурат мекӯшид, эҳсосоти аз таълим дур мондану аз дӯстону ҳамсинфон ҷудо шуданро аз вуҷуди фарзандонаш барорад ва онҳоро бо дилгармӣ ба таълиму тарбия фаро гирад.
Дарки завқи фарзандон
Шаҳло замони мактабхонӣ бо дониши хубу зеҳни тез аз ҳамсинфон фарқ мекард. Орзу дошт, ки журналист шавад. Донишандӯзӣ ва навовариро меписандид. Мутолиа шуғли дӯстдоштааш буд. Аз он ки падар омӯзгори фанни математика буд, илми ҳисобро низ хуб аз бар намуд, ки имрӯз дар таълими ҷигарбандон ба кор омад.
- Ба фарзандонам аз хурдсолиашон «Алифбо» ва ҳисобу китобро омӯзондам. Дар рафти омӯзиш бо онҳо ба кадом фан завқу ҳавас доштанашонро эҳсос намуда, баъдан барои такмили истеъдодашон мекӯшам.
Писари калонӣ, Панҷшер 12 – сола аст ва завқу рағбати беандоза ба фанни математика дорад. Истеъдодашро барвақт дарк намудам ва бештар талоши онро доштам, то истеъдодашро аз даст надиҳад. Барои сайқали дониши Панҷшер аз ҳар гуна лавозимоти таълимии вобаста ба фанни ҳисоб ва китобҳо истифода бурдам. Ва ин буд, ки чанде пеш дар озмуни онлайнии байналмилалии «Глобус» аз фанни математика сазовори ҷойи намоён ва ифтихорнома гардид.
Духтарчаам Марям, ки дар синфи 1 мехонад, дар даврҳои аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуд. Завқи баланди суханронӣ ва аз бар намудани шеъру таронаро дорад. Дар оянда мекӯшам, то пешаи рӯзноманигориро интихоб намояд ва орзуи хешро дар ӯ амалӣ хоҳам намуд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Шаҳло Ғозиева иброз медорад, ки садоқати оиладорӣ ба мисоли садоқат ба Ватан аст, ки мебоист дар пос доштани он ҳар фарди солимақл масъулият дошта бошад.
АНОҲИТО