Пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодон хоҳиш намуданд Сайёраи ҳушманду закӣ ба ҳайси омӯзгор бимонад. Вале ӯ ба ноҳия баргашт, ба ҳайси омӯзгор дар МТМУ №1 ба кор пардохт.
- Пешниҳоди устодонро рад намудан осон набуд. Аммо ночор будам. Зеро волидон ва панҷ хоҳари дигарам ба умеди ман буданд. Баҳри ба по хезондани хоҳараконам ба падару модар ёвар шудам. Ва боз нарасидани омӯзгори фанни химия маро водор сохт то ба зодбум баргардам, - иброз дошт муаллим.
Сайёра Насриддинова дар ноҳияи Лахш, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1999 тибқи Квотаи президентӣ ба факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2004 сарбаландона хатм намуд. Инак, 18 сол аст, ки ӯ ба хонандагон аз фанни химия сабақ мегӯяд.
- Аз хурдӣ дар дил орзуи табиб шуданро мепарваридам. Тариқи квота низ ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи тиббӣ супурдам. Ҳарчанд ба ҳама саволу ҷавоби омӯзгорон посух дода тавонистам ва онҳо аз ҷавобҳоям қаноатманд гаштанд, вале дар ҷамъбаст ҳайати комиссия таҳсил дар факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро пешниҳод намуд, пазируфтам. Як сол ин ҷо мехонаму сипас ба Донишгоҳи тиббӣ мегузарам, мегуфтам дар дил. Вале давоми таҳсил фанни химия бароям писанд ва шавқовар омад.
Соли 2000-ум, замони донишҷӯйи курси дуюм будан, байни 12 факулта озмун доир шуд. Дар ҷамъбаст ба ҳайси ғолиб роҳхат барои идомаи омӯзиш ба шаҳри Киеви Украинаро соҳиб гардидам. Як моҳи таҳсил дар Украина диди маро ба ин фан ба куллӣ тағйир дод. Моҳияти илми химияро дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон, дар саноат, сохтмон, истеҳсолот ва ғизо бештар дарк намудам.
Мо насли замони нооромиҳоем. Таҳсил он давра қариб, ки набуд. Дар мактабҳо дарс бе муаллими касбӣ ҷараён мегирифт. На танҳо омӯзгор, ҳатто нон намерасид. Ҳарчанд омӯзгори фанни химия доштем ва ин фанро мехондем, муҳити носозгор таъсири манфӣ расонд.
Он замон хонанда танҳо аз китоб маълумот мегирифт. Дар замони муосир бо пешрафти илму техника дастрасии хонандагон ба иттилоот бамаротиб афзудааст. Бахусус кас аз интернет метавонад маълумотҳои наву иловагиро оид ба мавзуъҳои алоҳида пайдо намояд.
Дар баробари ин дар дарсҳои лабораторӣ таҷрибаҳо гузаронда, дар амал ҳар як мавзуъро мушоҳида намуда меомӯзем. Вақте хонанда колбаҳову пробиркаҳои лабораторӣ ва аёниятҳои фанниро мебинад, аллакай завқаш бедор мешавад. Бо чашми худ реаксияҳои химиявӣ, сӯхтани моддаҳо, тоза кардани намакҳоро мебинад ва бо элементҳои химиявӣ: кислота, намак ва ишқорҳо аз наздик ошно мешавад, завқи омӯзиши фанни химия дар дили ҳар як хонанда зиёд мегардад.
Роҳбари синфӣ низ масъулияти калон аст. Аз синфи панҷ то синфи ёздаҳ роҳбаладӣ намудани кӯдакон, гузарондани соатҳои тарбиявӣ, мулоқот бо волидон, ба дили ҳар як хонанда роҳ ёфтан кори саҳл нест. Бахусус дар синну соли гузариш ва тағйиру ташаккулёбии наврасон бо онҳо кор бурдан заҳмати зиёдро талаб мекунад.
Падарам як умр омӯзгори омӯзишгоҳ ва модарам дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доштанд. Онҳо моро дар руҳияи ватандӯстиву меҳнатпарастӣ ва ростқавливу арҷгузорӣ ба суннатҳои хонаводагӣ ва урфу анъанаҳои миллӣ тарбият намудаанд.
Алҳол дарс дар мактабҳо бо низоми таълимии салоҳиятнокӣ мегузарад. Хонандагон якҷоя дар гурӯҳҳо кор карда, лоиҳаи иттилоотӣ таҳия мекунанд. Маҳорати истифодаи усулҳои гуногуни коммуникатсия, қабул ва интиқоли маълумот: шифоҳӣ, хаттӣ, аёнӣ - графикӣ, ғайризабонӣ, бо истифодаи алоқаҳои рақамӣ ҳангоми муоширати таълимиро меафзояд. Хонандагон натиҷаҳои корашонро тавассути рӯнамоӣ ба маъраз мемонанд. Дар зеҳни хонандагон малакаи якҷоя кор кардан ба сифати узви гурӯҳ ё даста барои ҳалли якҷояи мушкилот, татбиқи ақидаҳои умумӣ ва лоиҳаҳо зиёд мегардад.
Боиси қаноатмандист, ки соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба маҷлиси Олӣ ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 - ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд. Ва ин вазифа аз омӯзгорон тақозо менамояд, ки дар татбиқи барномаи мазкур дучанд кӯшиш ба харҷ диҳанд, - мегӯяд Сайёрабону.
Шогирдони муаллим дар викторинаву олимпиадаҳои мактабӣ, ноҳиявӣ ва минтақавӣ мунтазам ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Ҳар сол 2 - 3 нафар аз шогирдон, ки мехоҳанд ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шаванд, омада дарси иловагӣ мегиранд. Ҳамчунон, ӯ ба хоҳишмандон аз ҳисоби тарбиятгирандагони интернати ноҳия дарсҳои иловагӣ аз фанни химияро ройгон ба роҳ мондааст.
- Аз ихтисос ва роҳи интихобнамуда пушаймон нестам. Дар зодбум оила бунёд намудаму соҳиби се фарзанди дӯстрӯям. Ҳар сол як - ду нафар аз шогирдонам тавассути квота ё Маркази миллии тестӣ ба коллеҷу донишгоҳҳои кишвар ва берун аз он дохил мешаванд.
- Хуб мебуд, агар дар оянда ба фанни химия соатҳои дарсӣ зиёдтар ҷудо мешуданд. Алҳол дар синфҳои 8 - 9 ҳафтае ду соат ва дар синфи 11 се соат дарси химия таълим дода мешавад. Агар дар синфҳои 8 - 9 низ сесоатӣ мебуд, як соати онро метавонистем пурра ба дарси амалӣ бахшем, - мегӯяд омӯзгор.
Муаллим Сайёра Насриддинова фанни худро хуб медонад ва хуб ҳам дарс медиҳад. Ба маҳораташ метавон ҳасад бурд. Зеро кори устод на танҳо аз таълими фанни химия иборат аст, балки ӯ дар ниҳоди бачаҳо сифатҳои волои ахлоқӣ, инсонӣ ва масъулиятшиносиро мепарварад.
Далер САФАР,
ноҳияи Лахш