04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАРИФАИ ЧЕЛОНГАР ВА МОҲШАРИФИ КАФШЕРГАР

 

master1Сокинони деҳаи Чептураи ноҳияи Шаҳринав Зарифа Мирзобекова ва Моҳшариф Аюбова тавонистанд, ки тавассути Маркази захиравии минтақавӣ ва Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон соҳиби касб гарданду ба ин васила пайи дарёфти ризқу рӯзӣ шаванд.

  Зарифа Мирзобековаро имрӯзҳо ҳамчун челонгари мошин мешиносанду Моҳшариф Аюбоваро чун кафшергари барқӣ.

Тибқи барнома занону духтарон аз оилаҳои камбизоат дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ таҳсил намуда, ҳамзамон ҳар моҳ ба маблағи 283 сомонӣ стипендия ба даст оварданд. Тавре Зарифа ва Моҳшариф мегӯянд, хурсанд аз онанд, ки ҳам соҳиби касб гашта, дар баробари ин стипендия ҳам гирифтаанд.

Ин бонувон аз рӯи лоиҳаи мазкур муддати се моҳ дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шаҳринав ба касбомӯзӣ пардохта, баъдан муддати се моҳи дигар ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

- Қаблан барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия рӯ овардам. Боду ҳавои он ҷо ниҳоят сард буд ва ин боиси он гардид, ки ба бемориҳо дучор шавам. Ба Ватан баргашта, муддате бекор будам. Як писар дорам, ки ӯро танҳо ба воя мерасонам. Бо оғоз гаштани курсҳои омӯзишӣ тасмим гирифтам, ки соҳиби касбе шаваму дар зодгоҳам, фаъолият намуда, дар тарбияи фарзандам бевосита саҳмгузор бошам. Шукр, ки алҳол дар нуқтаи таъмири автомобилҳо ҳамчун шогирд кор карда, ҳамарӯза маблағ ба даст меорам ва аз ин қаноматмандам, - мегӯяд Зарифабону.

chelonМоҳшариф Аюбова, ки соҳиби шаш фарзанд аст, пешаи кафшергари барқиро интихоб карда, пас аз таҳсил давраи таҷрибаомӯзӣ гузашта, алҳол барои сохтани гулмонак, хокистаргирак, оташдон, белча ва ғайра аз мизоҷон фармоиш ҳам мегирад. Ҳамзамон дар литсейи мазкур ба ҳайси кафшергари барқӣ фаъолият бурда, ба толибилмон нозукиҳои ҳунар меомӯзонад.

- Муддати 9 сол дар Федератсияи Россия ба шуғлҳои гуногун сару кор доштам ва баъди бозгашт ба Ватан дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳия ба ҳайси тозанигор ба фаъолият шурӯъ кардам. Баъди аз худ кардани касби кафшергарӣ аз ин ҳисоб низ даромад ба даст меорам. Бо хонандагони литсей панҷараҳои атрофи биноро кафшер намудем ва роҳгузарон, бахусус барои мардон аҷиб менамуд, ки бонуе бо рӯйпӯши муҳофизатӣ ба кафшергарӣ машғул асту ба хонандагон низ роҳи дурусти кор меомӯзонад, - мегӯяд Моҳшариф.

Писари Моҳшариф, ки барои адои хизмат дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардидааст, низ касби кафшергари барқиро дар қисми ҳарбӣ омӯхта, мисли модар моҳирона кафшергарӣ менамояд.

- Дар вақти кор ҳатман рӯйпӯши махсуси муҳофизатиро пӯшидан муҳим аст, зеро шарораҳои оташ метавонанд ба чашмон зарар расонда, қувваи биноиро коста гардонанд. Аз ин рӯ, ҳангоме, ки ба аёдати писарам меравам ё бо ӯ телефонӣ тамос мегирам, борҳо таъкид месозам, ки бе рӯйпӯши муҳофизатӣ кафшер накунад ва саломатии хешро эҳтиёт созад.

Умуман, ман аз касби интихобкардаи хеш қаноатмандам ва шукр мегӯям, ки дар Ватани худ ба тариқи ройгон мо метавонем соҳиби касбу кор шуда, ҳам ба мардум манфиат орем ва ҳам соҳиби ризқу рӯзӣ гардем, - иброз дошт М. Аюбова.

Маврид ба ёдоварист, ки лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мегардад, ки ҳадафи асосии он омода намудани мутахассисони барои истеҳсолоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурӣ мебошад. Он ҳамчунин  ба мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ - техникӣ ва барқарорсозии инфрасохтори литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолон, дастрасии баробар ба барномаҳои таълимӣ ва тақвияти идоракунию роҳбарӣ дар системаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст. 

Лоиҳа навкунии заминаи моддӣ ва таълимиро дар 29 муассисаи интихобшуда (21 литсей, 5 филиали маркази таълими калонсолон, 2 маркази касбомўзӣ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён) дар бар гирифта, аз рўйи 17 ихтисос стандартҳои салоҳияти касбӣ, барномаҳо, маводи таълимӣ ва воситаҳои баҳодиҳӣ бо назардошти масоили гендерӣ таҳия мегардонад.

Дар доираи лоиҳа инчунин барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат таҳия ва татбиқ мешавад, ки ба баҳогузории салоҳиятнокӣ ва гузаронидани шаҳодатномакунонии хатмкунандагони литсей ва марказҳои таълими калонсолон ва дигар шахсони муроҷиаткунанда, хусусан муҳоҷирони баргашта, ки малакаҳои амалиро тавассути таҷрибаи корӣ дар дохил ва ё хориҷи мамлакат аз худ намудаанд, равона гардидааст.

Ҳамзамон дар доираи барномаи намунавии баробарии гендерии лоиҳа ба духтарон омӯзонидани касбҳои ғайрианъанавӣ пешбинӣ шудааст.

                                                                                      С. Ашӯрова

:.  Иҷтимоъ 29.01.2021 12:07 971

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz