04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОЙИНА

Ситораи рӯзгор

 

Ҳар рӯз баробари дамидани субҳ Ситорамо сӯйи чашма мешитофт ва тулӯи офтоби ҷаҳонафрӯзро бо шилдироси оби чашма, нағмаи мурғакони хушилҳон ва насими накҳатбори кӯҳистон истиқбол мегирифт. Баъд бо сатилҳои пуроб ба хона бармегашт.

 

20Онҳо дар деҳае умр ба сар мебурданд, ки чашма аз назди хонаашон дуртар буду ҳеҷ манбаи обе дар наздикӣ вуҷуд надошт. Дар баробари дастёрӣ ба модари азизаш холаи Хиромон ҷиҳати анҷоми корҳои хона, вазифаи асосии Ситорамо овардани об буд. Сатилҳоро моҳирона ба хона меовард, ки як қатра об ба замин намерехт…

Ин масъулиятро духтари чаққону зинда­гидӯстдори кӯҳистон ба се қисми рӯз тақсимбандӣ карда буд ва иҷрои онро барои худ ифтихор медонист. Ду маротиба субҳидам, се бор баъди нисфирӯзӣ ва ду дафъаи дигар пеш аз ғуруби офтоб. Холаи Хиромон дар ҳаққи гулдухтараш дуои хайр менамуд, вале пайваста таъкид мекард то сатилҳоро лабрез накунад ва вазни зиёд набардорад. Ситорамо модарро дилпур мекард, ки барояш ҳеҷ мушкилие надорад кашондани об ё додани об ба касе, мисле, ки падар ва худи модараш доимо таъкид мекунанд, кори хайру савоб ва амали нек мебошад. Дар оғоз ӯ аз он, ки се мӯйсафеди деҳа нисфирӯзӣ, ҳангоми истироҳату суҳбат зери дарахти канори роҳ аз ӯ об мехостанд, каме нороҳат мешуд, вале панду андарзи падару модар барои додани об ба касе, хусусан ба пиронсолон, ки тавони зиёд роҳ рафтан надоранд, андешаҳои ӯро дигар карданд.

Ситорамо нисфирӯзӣ, ҳини аз чашма об овардан, мӯйсафедони ҳамдеҳаашонро медид, ки дар сояи дарахти канори роҳ, ки ягона ҷойи муносиб барои дам гирифтани пирони деҳа маҳсуб меёфт, ғарқи суҳбат нишастаанду ба тарафи чашма рафтани ӯро гӯё намебинанад. Аммо ҳамин, ки аз лаби чашма бо сатилҳои пуроб бармегашт, ҳамон замон аз ӯ об мехостанд. Азбаски пиёла набуд, пирон аз лаби сатил об менӯшиданд. Ришу мӯйлаби онҳо ба оби сатил мерасиданду аз ин чеҳраи Ситорамо як каме хира мешуд, вале чизе намегуфт. Чун ин ҳолатро пеши модар қисса кард, ӯ бо овардани ҳикмату андарзҳои зиёд пандаш дод, то ин амали худро ҳеҷ гоҳ тарк накунад ва ҳар вақте пирони офтоби сари кӯҳ об хоҳанд, бо чеҳраи хандон коми ташнаашонро шодоб намояд. Ҳамин гуна ҳамарӯз Ситорамо дар баробари овардани об ба хона, нисфирӯзӣ ба ин се мӯйсафед об медоду дуои хайри онҳоро мегирифт……

Обкашонии Ситорамо то замоне идома ёфт, ки онҳоро аз ин деҳи кӯҳистони Шӯрообод (имрӯза Шамсиддин Шоҳин) ба ноҳияи Фархор кӯчонданд.

Моҳи сентябри соли 1966 сокинони деҳаи Девдорро ба ноҳияи Фархор кӯчонданд. Ҷойи нав, хонаи нав, муҳити нав ва фазои нав Ситорамо ва хонаводаи онҳоро дар баробари дигар ҳамдеҳагон ба оғӯши худ гирифтанд. Деҳаи навободро низ Девдор ном ниҳоданд. Ҳарчанд на деҳаи қаблӣ ва на деҳи нав дев надошт. Чаро Девдор? Мегӯянд, ки дар гузашта ин деҳа паҳлавонони зиёде доштааст, ҳангоми корҳои саҳроҳӣ, ҷамъоварии ҳосил ва кӯфтани гандум дар хирманҷойҳо аз худ маҳорати хос нишон медодаанд ва халтаҳои садкилоии гандумро то анбор озодона мебардоштаанд. Мардуми деҳаҳои гирду атроф аз зӯри бозуи онҳо дар ҳайрат монда, шӯхиомез мегуфтаанд: шумо девкореду девдор. Ҳамин тавр номи деҳа Девдор шудааст ва акнун дар ноҳияи Фархор ҳам бо ҳамин ном деҳаи наве ба вуҷуд омад.

Ситорамо дигар барои об ба лаби чашма намерафт, ин ҷо чашмае ҳам надошт, дар деҳаи навбунёд лӯлаҳои обгузар хобонда буданду бо тоб додани ҷумаки обгир об фавворазанон берун мерехт.

Дар Фархор пунбапарварӣ дар авҷ буд. Ситорамо низ баробари дигар муҳоҷирони кӯҳистонӣ илми кишоварзӣ омӯхт, баъди ду сол пахтакори ботаҷриба шуд. Дар иҷрои ҳама корҳо пешқадам буду ангуштнамо. Тирамоҳе, дар айни долу зарби кори саҳро Ашӯрбой ном ҷавоне, ки нав аз хизмати ҳарбӣ баргашта буд, дар миёни пахтазор Ситораморо диду ошиқаш шуд. Дар деҳи нав нахустин ҷашни арӯсиву домодӣ баргузор гашт. Аввалин суруди тӯйёна ҳам аз маҳфили хоксоронаи онҳо садо дод ва маҷрои зиндагию рӯзгорро ҷилои дигар бахшид.

Гузашти рӯзу моҳу солҳо ин духтари зодаи кӯҳистонро, ки дар водиҳои пахтазор ба як бонуи корозмудаву кордон табдил ёфт, дар байни мардум боз ҳам маҳбубтару қаринтар гардонд. Бо шавҳараш Ашӯрбой, ки ба ҳайси тракторчӣ дар саҳро кор мекард, соҳиби фарзандони солим шуд, ки имрӯз ҳама соҳиби хонаву дари обод ва зиндагии шоиставу арзандаанд. Ҳар ду борҳо барои дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ бо мукофотҳо қадр гардида, дар мавриди фаъолияти ибратбахшашон саҳифаи рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ мақолаҳо ба табъ расондаанд. Аз ҷумла, соли 1986 Ситорамо ҳамчун зане, ки аз нақша барзиёд пилла ба давлат супурдааст, вирди забонҳо шуд ва бо акси зебои худ рӯзномаи ноҳиявиро ҳусни дигар бахшид.

Аз кору пайкори ин бонуи меҳнатқарин метавон мисолҳои зиёд овард, вале танҳо шарҳи ҳамин нукта кофист, то бигӯем, ки зан - модари тоҷик дар баробари қалби бузургу замири пур аз меҳру муҳаббати хеш, дасти тавоное ҷиҳати анҷоми амалҳои созанда дошту дорад.

С. Ашӯров,
ноҳияи Фархор

 

:.  Иҷтимоъ 22.01.2021 05:23 876

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz