04

Сентябр, 2025
Панҷшанбе

04

Сентябр, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТОҶИКОБОД:

 

шуғли занони хонашин

---19

Сиёсати гендерӣ дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа амалӣ шуда, барои бо кор таъмин намудани бонувони хонашин ва осебпазир аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда мешавад.

Масъалаи муҳиме, ки дар сиёсати Ҳукумати кишвар солҳои охир ҳалли худро ёфта истодааст, баланд бардоштани эътибори зан дар ҷомеа ва бо кор таъмин намудани онҳо мебошад. Маҳз бо саъю кӯшиш, дастгирӣ ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар мавриди устувор намудани мавқеи зан дар ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ таъмин мегардад.

--21Яке аз чунин имкониятҳо бо кор таъмин намудани занони осебпазир, занони маълул ё бонувони дар тарбияашон фарзандони маъюбдошта, инчунин оилаҳои ниёзманд мебошанд. Дар ҳамин раванд дар ноҳияи баландкӯҳи Тоҷикобод барои бо шуғл фаро гирифтани занони хонашин чораҳои мушаххас меандешанд. Дар баробари дастрасии занон ба грантҳои президентӣ барои ташкил кардани коргоҳҳои гуногун ва бо ин васила муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ бо барномаву грантҳои иловагӣ муяссар мегарданд.

- Бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо дар се ҷамоат ба роҳ мондааст, ки дар он 60 нафар занону духтарони хонашин фаро гирифта шуда, баъди хатм ба онҳо диплом ва шаҳодатномаҳо дода мешаванд. Ин иқдом то охири соли ҷорӣ идома меёбад, - мегӯяд Меҳринисо Гадозода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод.

Бо ташаббуси ташкилоти чамъиятии «Фидокор» дар асоси бурсҳои хурди USAID, ки аз ҷониби ассотсиатсияи АРГО (Қазоқистон) таксим карда мешавад, 5 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (МХҶ) дар ноҳияи Тоҷикобод имкон пайдо намуд, ки занони осебпазири ҷамоатҳои худро бо кори доимӣ таъмин намоянд.

СЕХИ КУЛОЛӢ

---20Дар деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об ба наздикӣ сехи кулолӣ ба фаъолият пардохт, ки он бо ташаббуси МХҶ «Фатҳобод» арзи ҳастӣ намуд. Тавре сардори сех Хосият Авазова иброз намуд, корхона барои таҷдиди ҳунарҳои мардумӣ созмон ёфтааст.

- Ин корхона бо мақсади соҳибкасб намудани занону духтарони хонанишин ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани онҳо дар деҳа ва бо ин роҳ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик, аз қабили кулолӣ таъсис ёфт. Алҳол дар он 10 нафар бону фаъолият дорад, - мегӯяд Хосият Авазова.

Пеш аз он ки занон бо ин ҳунари қадима шуғл варзанд, онҳо аз тарафи кулоли машҳури ҷумҳурӣ аз ноҳияи Шаҳринав, Устои хизматнишондодаи Тоҷи­кистон Фозил Носиров дарси ҳунар гузашта, нозукиҳои касб­ро омӯхтанд.

Солҳои пеш деҳаи Фатҳобод бо кулолони худ дар минтақа машҳур буд. Хосият Авазова дар оилаи чунин кулолон тарбия ёфтааст.

Зимнан, 10 нафар бону дар корхона машғули ҳунар буда, аз лойи маҳаллии сурх маҳсулоти гуногун, аз қабили кӯза, гулдон, қаламдон, ҳуштак ва дигар бозичаҳоро истеҳсол менамоянд. Маҳсули дасти бонувони тоҷикободӣ дар намоишгоҳ ва ярмаркаҳои сатҳи ноҳия ва ҷумҳурӣ пешкаш мегарданд.

СЕХИ ҚАННОДӢ

Баъди иштирок дар омӯзишҳои ТҶ «Фидокор» барои занони хонашин, ки барои бо соҳибкорӣ машғул шудани онҳо пешбинӣ шуда буд, занони деҳоти Калъаи Лаби Об боз як мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо номи «Шоми Тоҷикобод» - ро таъсис доданд. Роҳбари ин МХҶ дар маҷлиси умумӣ соҳибкори маъруф, роҳбари ошхонаи «Шоми Тоҷикобод» Шуъламо Ғафурова таъйин гардид.

Вақте дар аввали соли 2019 Ассотсиатсияи рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ (АРГО) дар доираи барномаи «Рушд барои навоварӣ - P4I», ки аз ҷониби USAID дастгирӣ мешавад, озмуни грантиро барои минтақаи Рашт эълон намуд, барои МХҶ «Шоми Тоҷикобод» имконияти хубе фароҳам омад, ки барои пешравии кори худ дархост нависад. Чунки мақсади ин озмуни грантӣ – васеъ намудани имконияти занони осебпазири ноҳияҳои минтақаи Рашт ва оилаҳои онҳо барои дастрасӣ ба имконоти иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

Аъзои МХҶ «Шоми Тоҷикобод» муайян намуданд, ки дар ноҳия сехи қаннодиро таъсис диҳанд. Зеро талабот ба маҳсулоти тайёри нонӣ зиёд аст. Ҳамин тариқ, дар назди ошхонаи «Шоми Тоҷикобод» сехи хурди қаннодӣ 7 нафар зани осебпазирро бо кор таъмин кард. Се нафари дигар дар ошхона ҳамчун пешхизмат ва фаррошу ошпаз машғули кор мебошад.

--22- Қариб ҳамаи аъзои МХҶ нону санбӯса, пирогу торту дигар маҳсулот пухта метавонанд, аммо онҳо барои пухтупаз асбобҳои корӣ надоштанд. Бо дастгирии лоиҳа тавонистем тафдон, миксер, вафлипазак ва дигар асбобҳои даркориро барои пухтупази қаннодӣ харида ба кор шурӯъ кунем. Дар муҳлати кӯтоҳ аксари аҳолӣ аз сехи қаннодӣ хабар ёфта, маҳсулоти пешниҳоднамудаи моро харид менамоянд. Хурсанд аз онем, ки бо ин роҳ занони хонашини маҳал соҳиби як бурда нони худ мегарданд, - иброз намуд Шуъламо Ғафурова.

Дар ҳамкорӣ бо масъулони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва соҳибкори маҳаллӣ, узви МХҶ дар назди маркази омӯзиши калонсолони ноҳия курсҳои думоҳаи қаннодиро гузашта, соҳиби сертификати касбӣ гардиданд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур барои беҳтар намудани шароити зиндагии 10 оилаи осебпазир мадад расонд. Бино ба гуфтаи директори барномаи «Рушд барои навоварӣ» дар Тоҷикистон Соҳиба Раҳимова, бо чунин роҳ занон - гирандагони гранти АРГО метавонанд имкониятҳои худро сайқал дода, фаъол шаванд ва дар қабул намудани қарор, чи дар оилаи худ ва чи дар ҷамъият саҳм гузоранд.

КОРХОНАҲОИ ДӮЗАНДАГӢ

Саҳми дигари барномаи «Рушд барои навоварӣ» дар мамлакат таъсиси корхонаи хурди дӯзандагӣ мебошад. Маҳз бо дастгирии ташкилотҳои АРГО (Қазоқистон) ва USAID дар деҳаҳои Миразиёни Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об, Шаҳристони Ҷамоати деҳоти Шогадоев ва Полезаки Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили корхонаи қурокдӯзӣ, чакандӯзӣ ва либоси занонаю варзишӣ ба фаъолият оғозиданд.

Бино бар гуфтаи яке аз гирандагони грант, роҳбари сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Миразиён Шаҳнозаи Сайрезвон, ин иқдом барои бо кор таъмин намудани 10 нафар бонуи осебпазири деҳа, инчунин бо ҳунармандӣ фаро гирифтану соҳибкасб намудани ҷавондухтароне, ки баъди хатми мактаби миёна имконияти давом додани таҳсилро надоранд, шароити хуб фароҳам овард.

Махфират Иззатова – роҳбари МХҶ «Шукри Истиқлол» аз деҳаи Полезак иброз намуд, ки таъсиси корхонаи дӯзандагӣ барои занони осебпазир шароити хуб фароҳам овард. Аъзои ин мақомоти худфаъолият Сарагул Давлатова ва Ҳусниҷаҳон Мурумбекова занони камшунавоянд, дигаре соҳиби ҳафт фарзанд, ки аз он дутояш маъюб мебошад.

Паймона Саъдуллоева, роҳбари сехи чакандӯзии деҳаи Шаҳристон, иброз медорад, ки таъсиси чунин коргоҳ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.

- Ҳар гоҳе ки дар деҳаҳову ҷамоатҳои ноҳия вохӯриҳо мегузаронам, маълум мешавад, ки аксарияти занону духтарон соҳибҳунаранд, гулдӯзиву дӯ­зандагӣ мекунанд, мебофанд, аммо маҳсули дасти худро фурӯхта наметавонанд. Бинобар ин, мо аз мадади ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ, ки моро дастгирӣ намуда, барои бо кор таъмин намудани занони хонашин бо таъсис додани корхонаҳои хурди дӯзандагӣ шароит фароҳам меоранд, сипосгузорам, - мегӯяд Меҳринисо Гадозода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД - и ноҳияи Тоҷикобод.

Боиси тазаккур аст, ки рушди соҳибкории занон тибқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020 барои расидан ба баробарии гендерӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва даст­расии баробар ба захираҳои молиявӣ мусоидат менамояд.

Д. САФАР,
но
ҳияи Тоҷикобод

:.  Иҷтимоъ 19.08.2020 11:47 1090

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz