04

Сентябр, 2025
Панҷшанбе

04

Сентябр, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШИНОХТАГОНИ МАҲАЛ

 

Бонуе бо ҷасорату
маҳорати зеҳнӣ

Bonu 04_2020___-_-9_0Мавзўи љасорат ва њувияти зан - модари тољик боис гашт, ки ба суроѓи як тан аз чењрањои шинохта, намояндаи насли љавони оѓози даврони соњибистиќлолї Маърифат Навкарова ба роњ бароем.

Маърифат дар рустои Хури Љамоати дењоти Саѓирдашти ноњияи Дарвоз дар хонаводаи маорифпарвари соњибэњтиром Гулбар Навкаров чашм ба олами њастї кушодааст. Њанўз 10 - сола буд, ки ќиблагоњ дар беморхонаи ноњияи Љиликўл (њоло Дўстї) вафот мекунад. Ваќте ки ў бо модару дигар пайвандон ба Гароутї расида меоянд, ки аллакай аз дафни сарвари хонавода се рўз гузашта буд.

- Дар соли 1982 бо тасмими модар бањри хуш намудани рўњи падар дар Гароутї муќимї шудем, - ёдовар шуд Маърифат Навкарова.

Њамдењагону хешовандон то лањзаи охир гумон мебурданд, ки баъди хатми муассисаи тањсилоти миёнаи умумї модар Маърифатро ба шавњар медињад. Алораѓми фазои фарогири хурофоту њам ваъдањои осмонбўси хостгоронаш модар орзу дошт, ки фарзандонаш танњо баъди гирифтани маълумоти олї оиладор шаванд. Маърифат фаъолияти мењнатиро ба њайси сарпешоњанги мактаби мањалла оѓоз бахшид, сипас омўзгори фанни забон ва адабиёт шуд. Соли1994 дасти сарнавишт њаёти ояндаи Маърифатро бо љавонмарди муносибе пайваст ва ў сокини маркази вилояти Хатлон гашт.

Корро аз муассисаи тањсилоти томактабї оѓоз намуда, пас аз соли 2000-ум дар вазифањои мутахассиси шуъбаи бойгонї, сармуњосиб, сармутахассиси шуъбаи кадрњои дастгоњи раиси шањри Бохтар фаъолият дошт. Баъдан, ба симати мудири шуъбаи САЊШ - и шањри Бохтар Маърифатбону бо мусоњибањои вижааш вобаста ба пешгирии људошавии оилањои љавон, мањкум намудани издивољи духтарон бо шаҳрвандони хориљї ва дигар мавзўъњои доѓи љомеа аз чењрањои хабарсози расонањои ваќт мањсуб меёфт.

- То солњои 2010 баъзе равандњои љањони муосир ба арзишњои хонаводагї ва фарњанги кишварњои тозаистиќлол хавф оварда, ба коњиш ёфтани анъана, расму русуми миллї сабаб мешуданд, - иброз дошт дар идома Маърифат Навкарова. - Дар баробари пешнињоди њатмї шудани ањдномаи никоњ барои издивољи шањрвандони хориљї бо сокинони Тољикистон, суњбату вохўрињои фањмондадињиро миёни ањолї ба роњ мондем, то шањрвандони мо ба хотири сарвату ваъдањои бебун­ёд бо тољирону муњољирони хориљї издивољ накунанд. Дар он марњалаи њассос, ки таќлидкории љавонон ба сарулибоси бегона ба ављи аъло расида, афзоиши пошхўрии оилањо ва коњиш ёфтани одобу ахлоќи љавонон ба њувияти миллї ва дигар арзишњои муќаддаси мо таъсири манфї дошт, хомўш истодани мо гуноњ буд…

Чанде ба симати мутахассиси соњаи тањсилоти томактабии раёсати маорифи вилояти Хатлон фаъолият намуда, сипас, ба вазифаи сардори шуъбаи маорифи ноњияи Љалолиддини Балхї таъйин гардид.

Таваљљуњи бесобиќаи омўзгорону зодмандон ба риояи либоси ягонаи мактабї, дастовардњои хонандагони муассисањои таълимї дар озмуну мусобиќањои гуногун, ширкати чашмраси хонандагон дар чорабинињои љамъиятї, љалби таваљљуњи сокинон ба бунёди синфхонаву мактабњои замонавї ва дигар навоварињои соњаи маорифи ноњия аз сањифањои ёдмонест, ки ба даврони мудирияти Маърифат Навкарова рост меояд.

Алњол Маърифат Навкарова ба њайси мудири бахши кадрњои раёсати маорифи вилояти Хатлон ифои вазифа дорад. Маншаи хушбахтињои рўзгораш њамсари мушфиќу духтару писараш аст, ки яке факултаи забонњои хориљии Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дувумї Донишгоњи технологии шањри Москва ба номи Разумовскийро хатм намуда, дар арсањои гуногун фаъолият доранд.

- Ойинаи таљаллии мо, хизматчиёни давлатї, мардуми одї аст, ки њар ќадами моро чун дар заррабин ба мушоњида мегирад. Бинобар ин, дар кадом мансабу маќоме набошем, вазифаи аслї ин ѓамхорию мадад, њифзи њуќуќу манфиатњои мардум ва суде овардан ба халќу Ватани худ аст, - иброз медорад Маърифатбону.

Љамолиддин САЙФИДДИН, вилояти Хатлон

 

:.  Иҷтимоъ 20.04.2020 06:18 957

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz