04

Сентябр, 2025
Панҷшанбе

04

Сентябр, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФАЪОЛОНИ МИНТАҚА

 

Мардумписанд

Bonu 04_2020__--18_222
Ба гоњи мулоњиза атрофи масоили мубраме нигоњи љаззобу абрувони камонкашида ба чењраи пуртамкину пурсалобаташ шањомат мебахшанд. Бо донишу заковат, андешањои таконбахшу малакаи баланди суханварї дар љомеа, хосса миёни фаъолзанону модарони хонашини рустоњои дурдасти ноњияи Кўшониён мањбубият дорад. Аз гуфтору масъалагузорињояш дар хусуси татбиќи сиёсати давлат дар самтњои рушди дењот, баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа, дар симои мусоњиб саромади занони бедордилу арљгузор ба арзишњои миллї таљассум меёфт.

Бар замми тарбияи фарзандон дар рўњияи худшиносию хушбинї ва ќавиирода будан дар пешомадњои рўзгор, падар оиладориро дар мадди аввал гузошта, танњо ба шарти тањсилоти ѓоибонаи касбу њунаромўзии духтараш розї мешуд. Муњаббат, ки орзу дошт табиби кўдакон бошад, тасмими ѓайриинтизори падарро имтињони ќисмат гуфту ноилољ тањсили минбаъдаро дар техникуми молиявї, иќтисодии шањри Душанбе идома бахшид. Баъди хатми ин муассиса фаъолиятро аз вазифаи њисобчии Љамоати шањраки Исмоили Сомонии ноњияи Кўшониён оѓоз кард.

- Панди падарро ќабул намудам,- бо ёдоварї аз айёми шубоб ќисса дошт Муњаббат Шукурзода. - Баъди хатми техникум оиладор шудам. Дарки эњсоси модарї, тарбияи фарзандону талошњо дар иљрои шуѓлу масъулиятњои модарї бо гузашти солњо ва тасмимњои ояндабинонаи зодмандон, њамакнун, масали писандидаи ќиблагоњиро пайваста ба фарзандони худ ёдрас менамоям.

Муњаббат баъди 20 соли њаёти оиладорї донишљўи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардид. Роњи то ќуллаи мурод тайнамудааш њамвору осон набуд. Љанги тањмилии шањрвандї орзуњои ширинро барбод доду шањраку дењкадањои ободро табдил ба харобазор кард. Муњаббат чун њазорон модарони љигархун ба љуз таманнои сулњу субот дар дил орзуи дигар надошт. Овони фаъолият дар вазифањои њисобчии Љамоати шањрак ва нозири кумитаи андози ноњияи Панљ итминон дошт, ки рўзе нобасомонињо поён ёфта, зиндагї ранги тоза мегирад.

- Паёми сулњовари Сарвари кишвар дар ќалбњо њисси умеду боварї ба ояндаи некро бедор карду андешаи миллиро дар зењнњо љой намуд, - бо њарорат ќиссапардозї дошт Муњаббат. – Иродаи матину садоќату пайравии халќу миллатњои гуногун аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат буд, ки дар муддати кўтоњи таърихї ба дастоварду пешрафтњои бузург ноил гаштем. Он шабњои сарди зимистон, ки модарони њомила то субњ дар навбати нон меистоданд, сабаќи бузургест барои наслњои имрўзу ояндаи кишвар, то нагузорем, ки бадхоњон оромиву осудагии зодбумро халалдор намоянд.

Давоми солњои 2009 - 2014 ва баъдан аз соли 2017 Муњаббат Шукурзода роњбарии маркази алоќаи почтаи ноњияи Кўшониёнро ба зимма дорад. Сарфи назар аз мушкилињои иќтисодию омилњои гуногуни иљтимої ў итминон дошт, ки бо сухани таъсирбахшу афкору андешањои созанда метавон мардумро ба мутолиаи китобу рўзномањо љалб намуд.

Дар суњбату вохўрињо бо лањни дилнишину истеъдоди волои суханварї, тањлилњои возењу мулоњизањои мардумписандаш дар дилу дидаи занону духтарони ноњия маъво гирифт.

- Барои шикасти ќо­лабњои хурофотї, таъмини имкониятњои баробарии гендерї ва иштироки занону духтарони тањсилнодида ба омўзишу фаъолиятњои љамъиятї, пеш аз њама, даст­расии ќишри хонашинро ба рўзномаву маљаллањои даврї фароњам бояд сохт,- лањзае сукут варзида, идома дод Муњаббат. - Дастуру супоришњое, ки вобаста ба китобхонї аз Паёми нав­батии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї бармеоянд, роњнамоест барои љалби њамагон ба мутолиа ва густариши вохўрию чорабинињои фарњангї - маърифатї миёни сокинони мањаллањои канорї аз марказњои маъмурї.

Ба пиндори мусоњибам, дар пешгирї аз бегона­парастї ва мубориза бо равандњои хатарзо назди модарон масъулиятњои љиддї меистанд. Барои хушбину тавоно ва рўњияи шикастнопазир доштани насли оянда, пеш аз њама, муњити оиларо солиму бо фарзандон муомилаи хубу муоширати оромона бояд дошт,- иброз медорад Муњаббат Шукурзода.

                                                                                                                                                                      Љ. усмон,
                                                                                                                                                                      ноњияи Кўшони
:.  Иҷтимоъ 19.04.2020 16:51 940

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz