09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АГАР ДАСТИ РАСО МЕДОШТАМ…

 

Дар ин диёри рустоҳои дурдасташ андар моварои заминҳои шодобу чарогоҳҳои доманадор, занон ба ҷуз таваллуди фарзанду хизмати шавҳар, заҳмати кори саҳрову нигоҳубини молу чорво ва умуман, фаротар аз маҳдудаи сарбориҳои хонагӣ шуғлу пешаи дигар надоранд. Отифаҳои хонашин Ойнаботро ба унвони «Раиса»-и чорасози корафтодагон мешиносанду эҳтиром доранд. Зоҳиран орому ботамкин аст, аммо бо пиндору гуфтораш зани озодманишу қолабшиканеро монад, ки саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, беҳбудии шароитҳои иҷтимоӣ ва ташаккули афкори мардумони рустоҳои дурдасти зодгоҳашро ҳадаф пеш гирифтааст.45

Бо вуҷуди канораҷӯии сокинони деҳот аз касбу ҳунаромӯзии духтарон ва камшумории ҷинси латиф дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, мухотаби мо мутмаин аст, ки бо мурури дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва дигар кардани тафаккури мардум, рӯзе дар диёри аз марказҳои маъмурӣ дурдасти онҳо ҳам, занон дар оилаву ҷомеа ҷойгоҳи шоистаи худро соҳиб мешаванд. Маҳз майлу иродати дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва рафъи мушкилоти умдаи бонувони деҳоти «Заркамар» - и ноҳияи Қубодиён Ойнаботро водор сохт, ки баъди 30 соли омӯзгорӣ ба фаъолияти сиёсӣ пардозад.

Қиссаи мақсуди дил

Барои ҷалби занони хонашин ба касбу бозомӯзӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробарии гендерӣ, дар вазифаҳои роҳбарии идораву муассисаҳои сатҳи деҳот ҳам эҳтиёҷ ба шахсиятҳои таъсиргузор буд, то бо ташвиқу таҳрики сокинон сафи духтарони таҳсилоти олӣ доштаи рустоҳои дурдастро афзун гардонад. Валекин, дар он шабу рӯз бо иллати надонистани забони давлатӣ ва дигар омилҳои иҷтимоӣ ягона довталаб аз байни занон ба вазифаҳои пешниҳоднамудаи мақомоти маҳаллӣ омӯзгори МТМУ №13 деҳоти «Заркамар» Ойнабот Абдиева буд, ки бо салиқаи суханварию қобилияти ташкилотчигиаш миёни пиру барно маҳбубият дошт.

- Дар нахустин лаҳзаҳои қабули масъулиятҳо изтиробу эҳсоси дудилагӣ маро фаро гирифта буд, - ба ёд меорад Ойнабот Абдиева. – Як панди роҳнамои муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарифзодаро шиор кардам: «Агар инсон пеши худ мақсад гузорад, ба ҳама ҳадафу орзуҳо мерасад». Аз рӯзҳои аввали кор дар идораи Ҷамоати деҳоти «Заркамар» ва суҳбату вохӯриҳо бо мардум мутмаин шудам, ки тадбирҳо дар ҷодаи рушди деҳот, мафкурасозию ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба ободонии деҳу диёр он гаҳ натиҷаи дилхоҳ медиҳанд, ки маъмурон дар маҳалҳо лаёқати роҳбарӣ дошта бошанд. Давоми соли охир бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи дурдасти Боғҷида мағозаи замонавӣ ба истифода дода, сохтмони мактабу бунгоҳи тиббиро ба нақша даровардем. Дар рустои Рӯдақул тавассути ҳашари мардумӣ сохтмони як бунгоҳи хуштарҳ дар арафаи анҷомёбист. То имрӯз аз 11 иншооти бахшида ба Љашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифташуда 4 - тои он ба истифода дода шуд. Ростӣ, алҳол аз натиҷаи корҳо дар самти беҳбудии шароитҳои иҷтимоии сокинон ва ҷалбу фаъолсозии бонувони деҳоти «Заркамар» дар истеҳсолот қаноатманд нестам. Аммо ба умеду боварӣ, ки ояндаи наздик дар рустоҳои мо ҳам сеху коргоҳҳои хурд фаъол гардида, занонро соҳиби кору ҷойгоҳи шоистаи худ бубинем, кор бурда истодаем.

Назаре аз Заркамар

Дар баробари дурию харобии роҳ, ки аз маркази ноҳияи Қубодиён то баъзе рустоҳои дурдасти деҳоти «Заркамар» 50 - 60 километрро ташкил медиҳад, дар ҳудуди он боғчаҳои кӯдаконаю толорҳои фарҳангӣ куҷо, одитарин воситаҳои маишї, аз қабили ҳаммому майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои андозсупорию пардохти музди маошу нафақа мавҷуд нест. Ин аст, ки сокинон барои одитарин ниёзмандӣ роҳи дарозро тай зада, ба маркази ноҳия меоянд.

Ойнабот Абдиева фароҳам намудани чунин марказу муассисаҳои хизматрасониро омили рушди фарҳангу инкишофи шууру маданиятнокии деҳотиён дониста, дар дил орзуҳои зиёд дорад. Ӯ бо шавқу ҳавасмандӣ нақшаҳои ояндаи худро қисса мекарду ормон мебурд; «Агар дасти расо медоштам …».

Ва ҳар куҷо ҳамсуҳбати мақбуле ёфт, ба умеди бозёфти идеяву пешниҳоди судманде масоили беҳбудии шароитҳои маишии ҳамдеҳагонро ба миён мегузорад. Итминон дорад, ки пешрафту корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони рустоҳои аз ҳамдигар дури деҳоти «Заркамар» танҳо ба василаи ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарӣ имконпазир аст. Чаро ки аз як тараф раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва аз сӯи дигар, тафаккури носолими қолабӣ мардонро каме аз ифои масъулиятҳои хонаводагӣ дур карда истодааст. Далели яқин, бекорию шуғлҳои мустақилро афзал донистани ҷавонмардони соҳибмаълумот мебошад, ки бо музди маоши маъмулӣ қонеъ намешаванд. Вале ба бонувон, ки табиатан ободгару зебопарастанд, масъулиятеро бовар намоем, ба меҳнати каммузд ҳам қаноат карда, баҳри пешрафту ҳуснбахшии симои деҳу коргоҳи худ шабу рӯз заҳмат хоҳанд кашид, - итминон дорад ҳамсуҳбати мо.

Зан ва замон

- Мутаассифона, бо вуҷуди афзоиши нуфуси аҳолӣ имрӯз дар чаҳор деҳаи ҳудуди ҷамоат бонувони коргар намеёбем. Чаро, ки аксаран кори хонаву заҳмати саҳро ва гову гусфандчарониро аз фароғату дилхушӣ ва дигар воситаҳои маишӣ авло дониста, пешнињоди бозомӯзию ширкат дар корҳои ҷамъиятиро қабул надоранд. Заркамариҳо мардумони камгапу пурасроранд ва азбаски бонувонашон беҳуда аз дарвозаҳои манзилашон берун намебароянд, то худ шикоят накунанд аз шароити зиндагӣ ва ҳатто ҷудошавии оилаҳои онҳо огоҳӣ ёфтан осон нест, - шӯхиомез изҳор медорад Ойнабот.

-Аз кору рӯзгори бонувони хонаводаи худ чӣ ҳам мегуфтам?- ҷавобан ба пурсиши мо суолгузорӣ мекунад ӯ. - Духтаронам яке омӯзишгоҳи педагогӣ, дувумӣ омӯзишгоҳи тиббиро хатм намуда, соҳиби касбу кор мебошанд. Писарам ҳамроҳи ҳамсараш дар Россия. Сунҳорам дар он ҷо таҳсил карда, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ гирифт, вале ҳоло ба хона баргашта ба тарбияи ду фарзанди хурдсолаш машғул аст. Ман ба чӣ роҳе набошад, соҳибкасб шудани фарзандону авлодонамро дар мадди аввал мегузорам. Чаро, ки хоса, даврони хонашинии бонувон гузаштаву онҳое, ки аз ҳозир касбу ҳунареро аз бар надоранд, дар оянда сахт пушаймон хоҳанд шуд, - лаҳзае ба андеша фурӯ рафта мегӯяд ӯ. - Ҳамчун ягона зан то зинаи муовини раиси Ҷамоати деҳоти «Заркамар» расидам. Надоштани маълумоти олї сабаб гардиду аз вазифа рафтам. Пасон, баъди хатми шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дубора ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳод гардида, алҳол дар ин вазифа фаъолият дорам.

Муждаи эҳё

Ӯ, ки фаъолияти меҳнатии худро аз вазифаи китобдори мактаби зодгоҳаш оғоз карда, аз завқу рағбати бепоёни китобдӯстони рустонишин хуб огаҳӣ дорад, ҳидояти хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати рушди соҳаи китобдорӣ ва дастрасии умум ба адабиёти тозанашр иқдоми бузурге дар самти маърифатнокии ҷомеа мешуморад. Дар партави дастуру супоришҳо азм дорад, то дар рустоҳои деҳоти онҳо теъдоди китобхонаҳои маҳаллиро зиёд намояд. Ба пиндори ӯ муҳаббат ба каломи бадеъ аз сифатҳои ҳамидаи деҳотиён аст, ки онро аз насл ба насл мерос гирифтаанду ҳар гоҳи муносиб дубора рӯ ба китоб меоранд.

 

Ҷ.Усмон,

ноҳияи Қубодиён

:.  Иҷтимоъ 22.02.2020 13:51 1029

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz