09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САРФАИ ОБРО АЗ ТИФЛӢ БОЯД ОМӮХТ

28-01-2020

 

    Аз он ки обҳои Тоҷикистон фароҳам асту бебаркаш, баъзан худи мо, калонсолон дарк намесозем, ки то чи андоза Худованд ин неъмати бебаҳоро барои кишвари мо арзонӣ додааст! То ҷое ки баъзан барои ҷумакҳои обро бастан хуш надорем, ҳол он ки кӯдакон дар пайравӣ ба амалу кирдорҳои калонсолон ташаккул меёбанд.

Ҳар гоҳе бинам, ки нафаре ҷумаки обро намебандад, ё кӯдаке даруни об поруе мепартояд, ҳавлирӯбе бо ҷорӯб хоку ифлосиҳоро сӯи ҷӯйбор мекашад, наметавонам ба ин аъмол бетараф бошам ва ҳатман ки ба ин кор дахолат мекунаму аз муқаддасии об ҳарф мезанам. Чунин муносибати ғамхорона нисбат ба об, ки бидуни он ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад, бояд ҳар яки мо дошта бошем, шурӯъ аз насли калонсол. Модарон, ки ҳаёти инсониро ба вуҷуд меоваранд, аз сари гаҳвора ба тифлакони худ бояд аз ин неъмати бузурги инсонӣ сухан гӯянду сарфакорона баҳра бурдан аз онро омӯзонанд. Дар баробари ин, аз хавфу хатари об низ мисолҳо оваранд, яъне дар ҳавзу дарёҳо шино кардан метавонад оқибатҳои фоҷиабор дошта бошад  оби аз ҳад зиёд сард метавонад боиси ихтилоҷи мушакҳои бадан гардад, ки дар натиҷа бадан аз итоат берун гашта, ба ғарқшавӣ меорад. Ё худ надоштани малакаи шиноварӣ, масофаи бузурги рӯд, мавҷҳои пуртуғён ва сангу шахҳои зери он метавонад бо нохушӣ анҷом пазирад.

Ҳодисаҳои баногаҳ дар об афтидани кӯдакон ва ё вақти шиноварӣ ғарқ шудани онҳоро зиёд шунидаему ҳатто дидаем. Вале ҳамоно мушоҳида мегардад, ки аксари модарон, хусусан дар деҳот ба ин масъала бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд  занон машғули корҳои рӯзгор фарзандони ноболиғи худро беназорат мегузоранд. Кӯдакон, ки табиатан кунҷкобанду падидаҳои навро шахсан озмудан мехоҳанд, аз бетаҷрибагӣ ба ҳодисаҳои нохуш рӯ ба рӯ меоянду мутаассифона, аксари ин ҳодисаҳо бо фоҷиа анҷом меёбад. «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» -гуфтаанд, аз ин рӯ, модаронро зарур аст, ки аз синни бармаҳал  вақте ки кӯдак аввалин бор ҳаракат кардан ва ламс кардану сӯи даҳон бурдани ашёҳоро меомӯзад, як сония ҳам беназорат гузошта нашавад. Боиси таассуф аст, ки аз беназоратӣ баъзан чунин кӯдакони хурдсол ашёҳои оби ниҳоят гарм доштаро афтонда, месӯзанд, ба амсоли чойнику пиёла, ҷӯшдон ва ғайра.

Модоме ки модар тифлаки маъсумро ба дунё меорад, масъулияти бузургро бар дӯш мегирад  таълиму тарбияи дурусти вай. Таълиму тарбияи фарзанд аз чунин ҷузъиётҳои хурд шурӯъ мегардад, ки минбаъд дар боғчаву мактаб мустаҳкам кунонда мешавад.

Дар радифи волидайн мураббиён низ дар самти таълиму тарбияи кӯдак саҳм мегиранд ва дар мавзӯи сарфа ва муқаддасоти об, ки сухан мавриди он меравад, машғулиятҳои омӯзишӣ ва бозиҳои дидактикӣ мегузаронанд, то кӯдакон дарк созанд, ки дар рӯи замин тамоми мавҷудот ба шарофати об зиндаанд. Яъне обро инсонҳо барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтмони манзил, тозагии ҳавливу кӯчаҳо, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбонҳо, обёрии заминҳо, тамиз кардани хонаҳо ва амсоли инҳо истифода мебаранд. Ҳамчунин, одамон бо роҳҳои обӣ заврақу киштиҳоро ронда, бор ва мусофиронро      мекашонанд.

Шаршараҳо турбинаҳоро ба кор медароранд, ки дар натиҷа ҷараёни электрикӣ ҳосил мегардад. Дар корхонаҳои истеҳсолӣ об барои тайёр кардани матоъҳо, рангҳои гуногун, коркарди пӯст, коркарди абрешим ва колои пахтагин, таҳияи коғаз, собун ва аз анвои хӯрока - нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун ва ғайраҳо истифода мегардад, ҳатто қисми зиёди бадани одам аз об таркиб ёфтааст. Дар ин маврид гузарондани бозиҳои маърифатӣ барои кӯдакон бас муфид аст, то оид ба зарурати об дар ҳаёти инсон тасаввуроти васеъ дошта бошанду донанд, ки агарчи дар кишвари мо об фаровон аст, лек дар бисёр кишварҳои олам ҳар як литри онро одамон бо нархи гарон харидорӣ менамоянд. Чи волидайн ва чи мураббиёну муаллимон бояд ба кӯдакон пайваста ёдрас созанд, ки дар баъзе кишварҳои Африқо барои дастрас кардани об занону кӯдакон ҳар рӯз то 10 км роҳро пиёда паймуда, аз субҳ то бегоҳ навбат мепоянд, то оби нӯшиданӣ дастрас намоянду ба хона оранд. Тибқи иттилои СММ дар ҷаҳон аз норасоии оби тоза ҳамасола 3,5 миллион одамон мефавтанд, ки 84 % онҳоро кӯдакони то синни 15 сола ташкил медиҳанд.

Кӯдакон бояд донанд, ки оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи он Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари ташаббускор аст ва дар ин самт зиёда аз 15 сол аст, ки корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст. Месазад, то кӯдакони мо, ки ворисони ин абармарди миллатанд, идомабахши чунин иқдоми неки ҷаҳонӣ гарданд.

 

Ҷононбӣ ЗАЙМУДДИНОВА, мураббия

 

:.  Иҷтимоъ 23.01.2020 08:55 1030

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz