09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДӮСТДОРИ МАРДУМ

13-01-2020

 

 Дер боз мехостам дар бораи ин бонуи эҷодкор ва модари мушфиқ ҳарфе чанд нигорам.

Бонуе бо иродаи мардона эҷодкорест бо қалами орифона, бонуест олиҳа ва отифа Гулчеҳра Муҳаммадиева.

Дар ноҳияи Фархор ба дунё омадаву пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии шаҳри Кӯлоб дохил мешавад.

Ӯ раиси Ҷамъияти илмии студентони факулта, аъзои фаъоли маҳфили «Адибони ҷавон», гирандаи стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ буд.

Гулчеҳра баъди хатми до- нишкада бо дипломи аъло ба зодгоҳаш Фархор баргашта, фаъолияти меҳнатиашро аз омӯзгорӣ оғоз намудааст. Соли 1979 дар қатори 5 нафар намояндаи кишвар дар ҷаласаи «Беҳтарин муаллими ҷавони Иттиҳоди Шуравӣ», дар шаҳри Москва ширкат дошт. Вай дар ин ҷаласа аз номи намояндагони Тоҷикистон сухан ронда, бо нишони КМ ВЛКСМ «Ба муаллими беҳтарини комсомол» сарфароз гардид.

Дониши хуб ва қобилияти ташкилотчигиашро ба назар гирифта, ӯро ба корҳои роҳбарӣ тавсия медиҳанд. Вай дар вазифаҳои котиби кумитаи комсомолии ноҳияи Фархор, инструктори кумитаи ҳизбии ноҳияи Фархор, муовини раиси ноҳияи Фархор, мудири бахши шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ адои вазифа намудааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд. Ифтихор аз фарзандон дорад. Ҳама соҳиби маълумоти олӣ, донандаи як- чанд забон.

Гулчеҳра Муҳаммадиева аз давраи мактабхонӣ ба эҷод майл дошт. Аввалин тарона, ҳикоя ва тарҷумаҳояш дар матбуоти ҳамон давра чоп шудааст.

Маҷмӯаҳояш «Як шаб...» (2007), «Қасоси зан» (2008), «Бонувони Фархор» (2011), «Бӯи модар» (2011), «Чордодарон» (2014, қисми 1), «Чордодарон» (2015, қисмҳои 1, 2), «Мунтахаби осор» (2016), «Ишораабрӯ» (2016), «Навҳаи асп» (2016), «Ору ва шоҳпарак» (2017), «Сафинаи муҳаббат» (2017), «Афсонаи товус» (2017), «Дунёи бачаҳо» (2018), «Яке буд, яке набуд.» (2018), «Кабӯтари сулҳ» (2019), «Гули лола» (2019), «Ғалабаи Ситора» (2019) аз чоп баро- мадаанд.

Бо медали «Хизмати шоиста» (с.2001) сарфароз гаштааст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (с.2010) аст. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2011), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2016), Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1 мебошад.

Вай зиёда аз бист сол дар Фархор фаъолият дошт. Сокинони ноҳия давраи роҳбарии ин бонуи кордонро ҳамеша бо ифтихор ба ёд меоранд.

Гулчеҳрабону барои дар амал ҷорӣ намудани қарорҳои Ҳукумат ҷаҳду талош мекард. Роҳбарии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, фарҳанг, умуман кори идеологиро бар дӯш дошт. Ҳамеша байни мардум буд. Ӯро дар бошишгоҳҳои саҳроӣ, беморхона, байни пиронсолону ятимон медиданд.

Кори зиёдеро байни занон пеш мебурд. Ин ҷониб ба сифати раиси занони хоҷагӣ ҳамеша дар паҳлуи муаллима будам. Аз ҳисоби занони фаъол гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, пеши мардум мерафт. Барои духтаронро ба мактабҳои олӣ фиристодан, ба танзим даровардани маъракаҳо, пош нахӯрдани оилаҳои ҷавон кӯшиш ба харҷ медод.

Барои баланд бардоштани мартабаву манзалати зан чорабиниҳои зиёде, аз қабили «Кадбонуи беҳтарин», «Чевари сол», «Маликаи Наврӯз», «Хуш- домани меҳрубон» созмон дода, мекӯшид занон дар ҳама ҷабҳаҳо пешсафу фаъол бошанд. Ин буд, ки ӯ дар китобаш «Бонувони Фархор» дар натиҷаи кофтуковҳо дар бойгонӣ, таърихи сад- солаи бонувони пешқадами ноҳияро ба қалам додааст. 50 нафар беҳтарин, яке вакили мардумӣ, омӯзгор, сардори бригада, дигар механизатор, духтур, говдӯшро барои дарси ибрати дигарон шудан, бо овардани шарҳи ҳол, фаъолияти меҳнатӣ ва акси онҳо овардааст.

Аноргул Сафарова, Шодравон Саломат Ҷӯраева, Кароматхон Насриддинова, Зайнура Мӯсоева, Раъно Мирзоева, Светлана Ким, Сангимоҳ Абдураҳмонова аъзои фаъоли гурӯҳи кории бонувон буданд.

Гулчеҳра сабку услуби хоси худро дорад. Ӯ осорашро тавре ба қалам меорад, ки қаҳрамонҳо аз имтиҳони зиндагӣ ва печутобҳои он мегузаранд ва дар ҳама шебу фарозҳои ҳаёт садоқатро нисбат ба якдигар фаромӯш намекунанд. Қаҳрамонҳояш бофтаи хаёл набуда, воқеианд.

Дар китоби «Бӯи модар» омадааст:

«Ҳар гоҳе ба зодгоҳам - Фархори куҳан сафар кунам, аз ҳама ҷо: аз хиёбонҳои пур аз гулҳои шабнамзадаву хушнакҳату хушрӯй, аз боғу роғи гулафшон, аз орувону мурғони пуркор, аз дарахтони сермеваи пурбор, аз инсонҳои баору номуси ин диёр, хулоса, аз ҳама чизу ҳама кас, аз одаму олам ба машомам бӯи модар меояд. Ин аст, ки Фархорро бо бӯи модар дӯст медораму модар- ро бо номи Фархор.»

Мо  фархориҳо ҳам туро дӯст медорем.

Ҳуронбӣ ИСЛОМОВА, раиси хоҷагии деҳқонӣ, ноҳияи Фархор

 


 

:.  Иҷтимоъ 20.01.2020 15:22 988

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz