09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОДАРАМ ҲАСТИИ МАН АСТ

24-01-2020

 

Саҳнаи бузурги пур аз тамошобин. Даври финалии шоу-барномаи «Central Asia’s Got talent» дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нурсултон нафарони боистеъдодтарини чаҳор кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба ҳам овард. То ба ин давр расидан орзуи дерини ҳар як иштирокчӣ буд…

 

Бо даъвати ровӣ намояндаи Тоҷикистон рӯи саҳна омад. Қади баланду табассуми нарм, либосҳои миллии дар бар намуда ӯро боз ҳам дилкаш менамуд. Акси садои ин ҷавони фурӯтан, ки «Агар он турки шерозӣ» месуруд, гӯё бораҳои толорро рахна месохту ҷаҳонро фаро мегирифт.

 Фараҳмандиву ваҷди ҳакамонро ҳадду канор набуд ва ин садо сазовори тугмачаи тиллоӣ гашт, ки ҳамакнун рост ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт. Ӯ ба финал ҳам роҳ ёфт ва дар он  ғайричашмдошт ба забони итолиёвӣ суруд. Духтараки арғуштӣ барош тоқии бадахшӣ овард. Тоқиро ба сар карду аз умқи дил таронаи «Шохи гул»-ро  суруд. Доварон дар ҳайрату тамошобинон дар рақс ба ӯ аҳсан мехонданд.   Ҷозибаи суруди тоҷикӣ марзҳоро убур карда буд…

Ҳассостарин лаҳза фаро расид. Ғолибон аз ҳар давлат муайян шуданд. Дар рӯйхат ансамбли рақсии «Падида» низ шомил буд. Барнома, ки ба таври мустақим пахш мешуд, ба тариқи овоздиҳӣ мебоист, ки гирандаи шоҳҷоиза  маълум гардад. Ниҳоят ровӣ эълон дошт: Чоршанбе Аловатов - Тоҷикистон… Мукофот - 10 миллион тангаи қазоқӣ (60 ҳазор сомонӣ). Рақами 02, ки таҳти ин рақам ба ӯ ҳамагон овоз доданд,  барояш хотираи бузурге аз озмун гузошт. 

              Модар

- Бо шунидани он, ки писари ман соҳиби шоҳҷоиза шудааст, аз ҷой ҷаҳидам. Ашки чашмонам ғайриихтиёр мешорид. Хаёлам ҳама садои задани қалбамро мешунид. Баҳри дастгирии Чоршанбе зиёда аз 150 нафар ҳамватанонамон аз Қазоқистон, Россия ва Тоҷикистон дар толор ҳузур доштанд, ки боиси ифтихори бузург аст, - мегӯяд бо шодмонӣ Зулфия Сулаймонбекова, модари Чоршанбе Аловатов.

 Ҳарчанд ихтисосаш равоншинос аст, ҳаёти хешро пурра сарфи тарбияи фарзандон намудааст. Чоршанби 21 - сола фарзанди бузурги хонадон буда, хоҳараш Боронӣ хонандаи синфи 11 аст. Ба ин ду фарзанд номҳои  волидони падару модарро ба мерос гирифтаанд. Падараш Ақназар Аловатов, яке аз сарояндагони номии кишвар, дар ҳунарварии Чоршанбе саҳми  назаррас дорад. Чоршанбе дар баробари таҳсил дар МТМУ № 2 шаҳри Хоруғ, ҳамчунин дар мактаби мусиқӣ сабақ меандӯхт.

Чоршанбеи хурдсол дар навохтани дутори бадахшонӣ моҳир гашт. Қиблагоҳ дар замири писар тавонист муҳаббат ба санъатро парварад. Дар тамоми чорабиниҳои мактабӣ модар паҳлуи ҷигарбандаш буду ӯро дастгиру мададгор. Аввалин сурудашро Чоршанбе дар 7 - солагӣ дар телевизиони Бадахшон сурудааст. Ба гуфти модар, Чоршанбе аз кӯдакӣ бачаи гапдарову хушхислат буда, боре сухани ноҷо аз даҳонаш  набаромада. «Ману бародарам мисли дӯстем ва дар ҳама кор ба ҳамдигар ёрӣ мерасонем. Вақтҳои фориғ ман аз ӯ гитарнавозӣ меомӯзам.

«2»-и ҳалкунанда

 -  Ман ба синфи 6 -ум гузаштаму ба шаҳри Душанбе кӯч бастем. Давоми таҳсил дар МТМУ № 72 пойтахт оғоз ёфт. Мудом аз забони англисӣ бо баҳои «2» ба хона бармегаштам. Дар таътили тобистона ба дарси иловагии забони англисӣ рафтам. Бо шурӯъ шудани соли хониш пайиҳам баҳои аъло мегирифтам. Муаллима дар ҳайрат афтода нидо дардод: «мешудааст-ку»- ёд меорад Чоршанбе.  

Ӯ таълимдидаи коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов буда, дар навохтани созҳои мусиқӣ низ маҳорати баланд дорад.

- Ба гуфти устод Давлатманд Холов, ҳамон асбоберо навохта наметавонам, ки онро надидаам, - бо табассум мегӯяд Чоршанбе.  

Интихоби шеър ва банду басти  сурудҳо  тахайюли худи ӯст.

- Рӯи  суруде, ки дар даври финалӣ бояд садо медод,  хеле зиёд андеша кардам ва ба хулосае омадам, ки суруде бояд замзама шавад, ки дар Ватан он маҳбуби дилҳо бошаду мардумӣ. Бо дастгирии тадвингари овоз Фарҳод Зикиров сурудро аранжировка  кардем. Барои иштирок дар даври финалӣ либоси махсус лозим буд. Сурудро тарроҳи либос Умед Неъматов шуниду мувофиқи он либос  таҳия ва бароям туҳфа намуд. Аз нафароне, ки маро дар ин лоиҳа дастгирӣ карданд, бахусус аз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, ки азъои ҳакамон буд,  сипосгузорам, - гуфт Чоршанбе.

Ӯ алҳол дар риштаи сайёҳӣ ва меҳмондории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар курси сеюм таҳсил менамояд. Мегӯяд, ки ин соҳа барояш писанд аст ва мехоҳад баҳри рушди сайёњї дар Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

Бурдборӣ аз замони хурдсолӣ насибаш. Дар синфи 6-ум дар озмунҳои телевизионии «Овози тиллоӣ» ва «Парвин», ки тариқи телевизиони «Баҳористон» пахш мегардид, ҷойҳои якумро ба даст овардааст. 

Ҳаросам зиёд буд…

- Дар озмуни истеъдодҳои Осиёи Марказӣ нафарони боистеъдод хеле зиёд буданд. Ҳайрон кардани доварон низ кори саҳл набуд. Бовар надоштам, ки ғолиб меоям. Сеҳргари ӯзбекистониро рақиби худ медонистам. Довар аз Ӯзбекистон Ситора Фармонова, ки худ аз тоҷикони Бухорост, наздам омаду гуфт, ки ҳар гоҳе ки модарам садоятро мешунавад, ашк мерезад. Мо ҳама ба ту овоз додем, - бо табассум иброз медорад Чоршанбе.

Ӯ бештар ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар шоиронро мутолиа намуда, абёти эшонро барои сурудҳояш интихоб менамояд. Ният дорад, ки дар шаҳри Душанбе консерти зиндаеро барои мухлисон пешкаш намояд. Ҳамчунин, тасмим дорад, ки дар шоу - барномаи «Голос»-и Россия низ ҳунарнамоӣ созад.

-Модарам ҳастӣ,  мисли қалбам аст. Тамоми пирӯзиҳоям ба шарофати ӯст. Ҳар субҳ бо лаҳни ширин садо мекунад: «Чоршанбе, писарам, зуд бош, ки ба дарс дер мемонӣ». Аз ман дида, зиёд дар ташвиш аст. Бо дуои модар ҳар субҳи ман оғоз меёбад, - меафзояд Чоршанбе Аловатов.

                 Фарзона ВОСЕЕВА 

 

 

 

:.  Иҷтимоъ 21.01.2020 09:36 973

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz