08

Сентябр, 2025
Душанбе

08

Сентябр, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЭЙФЕЛ ДАР КӮЛОБ

09 201919Бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва гулгаштҳои шаҳри бостонии Кӯлоб таъмиру тармим ва азнавсозӣ гардида, ба симои шаҳр ҳусни тоза бахшидаанд.

Боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб қарор дошта, аз тарафи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» бо лоиҳаи зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст. Тарҳи замонавӣ ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардондани он воқеан ҷолибу назаррабост.

Дар даромадгоҳи боғ майдончаҳои варзишӣ барои футболи хурд, баскетбол, теннис, велосипедронӣ ва пайроҳа барои давидан воқеанд. Бинои бозии шоҳмот бо сангҳои бузург, фаввораҳои рангини хурду калон, амсилаи манораи Эйфел, қасри ҷавонон, қаҳвахона ва амфитеатр барои баргузории чорабиниҳо зеббахши ин боғи бошукӯҳанд. Ҳамчунин, дар ҳудуди боғ 8 бинои якошёна қарор дорад, ки 2-тои он бо тарҳи зистгоҳи қадими мардумӣ ороиш ёфтааст. 6 бинои дигар гузаргоҳи ҳунармандонро мемонад, ки дастранҷҳои камназиру бо санъати воло таҳиягардидаи пешаварони номӣ ва чирадасти минтақа ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд. Дарахтони ороишию сояафкан, гулу гулбуттаҳои гуногун ва майсаҳо боғро воқеан ба макони осоишу тафреҳ табдил додаанд. Дар назар аст, ки дар боғ чархофалакҳои гуногун, мошинчаҳои баландсуръат ва қандилҳои рангинро насб намуда, хотири ҳазорон кӯдакону наврасони шаҳрро шод гардонанд.

- Вақте ки ба ин боғ медароям, аз кӯдакон дида, худам шод мешавам. Зеро мо на ҳамеша имконияти ба пойтахт рафтанро дорем. Миннатдории худро ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки барои фароғати хурду калони шаҳри мо чунин боғи биҳиштосо ҳадия намуданд, - гуфт Дилором, сокини шаҳри Кӯлоб.

09 201920Муҳандиси боғ Шариф Исҳоқов мегӯяд, ки дар бунёди боғ ва сохтмони иншооти дохили он беш аз 150 нафар ба кор ҷалб гардид ва дар назар аст, ки 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шавад.

Маврид ба ёдоварист, ки таъмиру тармими боғи «15 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» - и шаҳри Кӯлоб аз моҳи апрели соли 2019 шурӯъ гардид. Дар навсозии он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҶММ «Фаридун» саҳми назаррас доранд.

Масоҳати умумии боғ 3 гектарро дар бар гирифта, чор дарвоза дорад. Муҷассамаи «Модару кӯдак», ки дар маркази боғ қад афрохтааст, як лаҳзаи зиндагии модари тоҷик ва кӯдаки дар гаҳвора будаи ӯро таҷассум менамояд,ки ин офаридаи пайкарасозони гулдаст арзиши волои фарҳангиро дорост.

Дар гӯшаи дигари боғ майдончаи истироҳатӣ барои куҳансолон (занонаву мардона), ошхона, 35 адад нишастгоҳ, таваққуфгоҳи нақлиёт воқеанд. Маблағи умумии бозсозии боғ тақрибан 8 миллион сомониро дар бар мегирад.

09 201921- Тибқи қарордод боғи мазкур ба тавозуни донишгоҳи мо гузашт, зеро он дар заминаи Парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ободгардонии боғ саҳми устодон ва донишҷӯён хеле назаррас аст. 80 нафар устоди донишгоҳ дар корҳои ободонии он заҳмат кашид. Алҳол 16 нафар коргари доимӣ барои нигоҳубини боғ машғул аст, - гуфт Абдулло Ҳабибулло, ректори донишгоҳи мазкур.

Ин макони биҳиштосо барои аҳолии шаҳри Кӯлоб, ки 212 ҳазору 800 нафарро ташкил медиҳад, ҳамчун ҳадияи бебаҳое дар Ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ба шумор меравад.

 

меҳрона,
Душанбе - Кӯлоб

:.  Иҷтимоъ 07.09.2019 05:49 929

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz