08

Сентябр, 2025
Душанбе

08

Сентябр, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОХТАР - МАКОНИ «СЕБИ ТИЛЛОӢ»

 

04 201929Дар таъмини бозорҳои кишвар бо сабзавоту полизиҳои барвақтӣ ва ғанисозии дастархони аҳолӣ бо маҳсулоти арзону аз ҷиҳати экологӣ тозаву хушсифат саҳми деҳқонони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бағоят зиёд аст. Вобаста ба даромаду фоидаи зиёд аз парвариши помидору бодиринг, булғорию дигар зироати пешпазак сол аз сол барзгарони вилоят масоҳати гармхона (хайма)-ҳои кишоварзиро зиёд намуда истодаанд.

Ба хотири саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар соли савум аст, ки дар заминаи хоҷагии ёрирасони (КДФ) Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Бохтар гармхонаҳои парвариши помидору дигар зироатҳои барвақтӣ ба роҳ монда шудааст.

- Дар ин қитъа, ки растаҳои қатораки гармхонаҳои ранги­обӣ мебинед, солҳои пеш замини бекорхобидае буд, ки манзараи ҳузнангезро мемонд,- қисса оғоз кард ошпази муассисаи мазкур Фариштамоҳ Амирова. - Аз бози ҳосилдеҳ шудани хоҷагии ёрирасон сатҳи таъминоти хӯрокҳои ошхонаи коргарӣ беҳтар гардид. Чун хӯрокҳои гуногунтамъу ғанӣ аз сабзавоту полизиҳо ва хӯришҳое, ки барои кормандон омода месозем, маҳсули дастранҷи иҷоракорони ҳамин гармхонаҳост.

04 201930
Дар хоҷагии ёрирасони корхонаи мазкур парвариши ҳама навъи сабзавоту полизиҳои барвақтӣ - помидору бодиринг, караму булғориву пиёз, занҷабил ва шибиту кашниз ба роҳ монда шудааст. Дар баробари таъмини ошхона бо маҳсулоти тару тоза ва захираи кофии он дар анбор, роҳбарият аз ҳосили барзиёди гармхонаҳо ба коргароне, ки дар биноҳои баландошёна сукунат доранд, ёрмандӣ менамояд.

Нигоҳубини як растаи гармхонаҳои помидорпарвариро сокини кӯчаи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Бохтар Бибигул Ҷабборова ҳамроҳи ҳамсару пайвандонаш ба уҳда дорад. Шароити мусоиди парвариши зироатҳои барвақтӣ дар гармхонаҳои замонавӣ имкон фароҳам меорад, ки иҷоракорон аввалин шуда маҳсулоти барвақтиро ба бозор бароранд.

-Дар қитъаи таҳти тобеияти хонаводаи мо 10 нафар сокини маҳаллаҳои гирду атроф заҳмат мекашад. Ба ҳисоби умумӣ музди якрӯзаи корашон 45 сомониро ташкил медиҳад,- изҳор дошт Бибигул Ҷабборова. – Ҳамроҳи ҳамсарам зиёда аз 15 сол дар гармхонаҳои шаҳри Саратови Федератсияи Россия ба парвариши помидору дигар маҳсулоти барвақтӣ машғул будем. Зимни як рухсатии меҳнатӣ ба Ватан хоҷагии ёрирасони КДФ обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Бохтар моро ба кор хонданд. Ҳамин тавр, аз суду самараи заҳмати ҳалол дар ин гармхонаҳо баҳравар гашта, ба муҳоҷирати корӣ рафтанро мавқуф гузоштем.

Помидорро аз лиҳози маҳсулоти серғизо ва хусусиятҳои беназири шифоӣ доштанаш, дар кишварҳои ғарбӣ «себи тиллоӣ» унвон додаанд. Гарчанде ватани аслии он Амрикои Ҷанубӣ аст, аз миёни 7500 намуди ин сабзавоти норинҷӣ, беҳтарини он дар иқлими гарму нарми кишварҳои қораи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон парвариш меёбад. Хусусан, дар марзҳои ҳудуди коргоҳи мо, ки истифодаи нуриҳои минералӣ ва дигар заҳрхимикатҳо дар заминкориҳо қатъиян манъ аст, гармхонадорон дар парваришу пухта расондани помидори барвақтӣ танҳо аз пору ва дигар нерудиҳандаҳои табиӣ кор мегиранд. Ин аст, ки помидору бодиринг ва дигар сабзавоти дар ин гармхонаҳо парвариш­ёфта аз лиҳози экологӣ дорои беҳтарин сифат дониста мешаванд.

04 201931
- Ҳосили гармхонаҳои мо барои таъмини ошхонаи коргарӣ ва талаботи хонаводаҳои 185 тан коргари КДФ обтаъминкунӣ ва корези Бохтар басанда буда, барзиёди онро ба бозорҳои шаҳр ба фурӯш мебарорем, - иброз дошт сариқтисодчии корхона Мамлакат Аминова. – Ҳадафи асосии роҳбарияти корхона аз ташкили гармхонаҳои помидор ин саҳмгузорӣ дар ғанисозии бозорҳои кишвар бо маҳсулоти барвақтӣ ва таъмини кормандони корхона бо маҳсулоти арзону хушсифати истеъмолӣ мебошад, - афзуд ҳамсуҳбатам.

 

Ҷ. Усмон,
шаҳри Бохтар

:.  Иҷтимоъ 19.04.2019 11:38 983

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz