08

Сентябр, 2025
Душанбе

08

Сентябр, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАҲАЛЛА – МАКОНИ РОҲАТ

 

04 201952Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 – «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд. Бахшида ба ин, ҳамарӯза дар саросари ҷумҳурӣ корҳои ободониву созандагӣ идома доранд. Бунёди коргоҳҳои дӯзандагиву истеҳсолӣ, қаннодиву нонпазӣ ва сохтмони пулу роҳҳо, рангубори иншоотҳои иҷтимоии деҳоту маҳаллаҳо худ далолати рушд намудани деҳот аст…

 

Ободонӣ дар маҳалла

Маҳаллаи «Ваҳдат-3»-и шаҳ­ри Бохтар яке аз маҳаллаҳои номдори шаҳр ба ҳисоб рафта, бо тозагиву ободонӣ аз дигар маҳаллаҳо фарқ дорад. Бо ворид гардидан ба маҳалла кас худро дар макони роҳат эҳсос карда, аз гулбуттаву дарахтони ороишии шинонидаи сокинон фараҳ мегирад. Ороишу рангангезӣ кардани аксари иншоот ва хонаву деворҳои маҳалла ба зебоии он ҳусн зам намудааст. Бо мақсади ошноии бештар бо роҳбари маҳалла, Ҷамила Бобоева вохӯрдем. Ин зани кордон чор сол боз ҳамчун раиси маҳалла заҳмат мекашад.

04 201926

Дар маҳалла 1120 аҳолӣ (170 хоҷагӣ) иқомат менамояд. Бо интихоб гардиданаш ба симати роҳбари маҳалла, аввалин кореро, ки сомон дод, ин рақамгузорӣ намудани хонаҳои истиқоматӣ буд. Пас, бо маслиҳату машварати сокинон ба рангуборкунӣ пардохтанд. Соҳибони хонаҳои заминӣ мустақилона дару тиреза ва деворҳояшонро рангангезӣ намуданд. Биноҳои баландошёна аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рангубор карда шуданд. Роҳҳои маҳалла дар ҳолати нохуб қарор доштанд. Бо роҳбарии бону Ҷамила ва дастгирии соҳибкорону сокинони маҳалла, кӯчаҳо сангфарш шуданд. Ӯ ният дорад, ки дар оянда ин роҳҳоро асфалтпӯш намояд. Иқдоми дигареро, ки ӯ роҳандозӣ кард, ҷалби занони маҳалла ба корҳои кабудизоркуниву ободонӣ буд. Ба қавли ӯ, танҳо бо заҳмати кормандони хоҷагии манзиливу коммуналӣ наметавон ободиву тозагии маҳалро ба таври бояду шояд нигаҳ дошт.

Ҳамчунин, дар маҳалла майдончаи варзишии замонавӣ бунёд гардид, ки ҷавонону нав­расон вақтҳои холии худро бо бозии футболу волейбол ва бас­кетбол сипарӣ менамоянд. Дар самти равшанинамоии маҳал низ корҳои назаррасро ба сомон расонд. Пас аз пурра чароғон шудани кӯчаҳои маҳалла кунун шабонгаҳ мардум озодона сайру гашт менамоянд. Талошҳои пайвастаи Ҷамила Бобоева самар ба бор оварду соли 2018 маҳаллаи «Ваҳдат-3» беҳтарин маҳаллаи шаҳр интихоб гардид. Пас аз ин, дар тамоми чорабиниву озмунҳо, аз қабили «Ҳунарманди беҳтарин», «Таҳ­молпази беҳтарин», «Қурутоби беҳтарин», «Алласарои беҳта­рин» сокинони маҳалла ғолибиятро ба даст оварданд.

 

Ҳунармандӣ

- Замони кӯдакӣ малакаи дӯзандагиву пухтупаз ва дигар шуғлҳои занона ҳамчун ҳунарҳои ҳатмии рӯзгор ба ҷавондухтарон, ки модарони оянда гуфта мешуданд, омӯзонда мешуд. Ҳатто аз замони наврасӣ, ки ҳанӯз аз лӯхтакбозӣ сер нашуда будем, ба гулдӯзиву шерозбофӣ ҷалб менамуданд, - бо ханда мегӯяд сарвари маҳалла.

Ҷамила Бобоева, ки худ аз табори ҳунармандон аст, тамоми занону ҷавондухтарони маҳалларо ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифтааст. Ӯ ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли нақшдӯзӣ, қаламкашӣ, қуроқдӯзӣ, чакан­дӯзӣ, ҷомадӯзӣ, инчунин, пухтани хӯрокҳои миллӣ, умочи ба шир, умочи ба каду, ширбат, оталаи турушак, ойлова, оши тупаву бурида, фатирмаска, кулчаҳои калону майда, қалама, таҳмол, гирдача ва чапотипазиро ройгон таълим медиҳад. Сокинони маҳалла қариб, ки ҳамаи ҳунарҳои ӯро аз худ намудаанду дар тӯю маъракаҳо дастранҷи хешро манзури меҳмонон менамоянд. Чорабиниву ҷашнҳои шаҳриву вилоятиро наметавон бидуни ҳунару хӯрокҳои миллии сокинони маҳаллаи «Ваҳдат-3» тасаввур кард.

Инчунин, ин бонуи ҳунар дутор низ менавозаду ин ҳунарро аз падараш омӯхтааст. Дар тӯю маҳфилҳои сокинони ин маҳал, масъулияти ошпазиву ҳунарнамоӣ намуданро низ ба зиммаи ӯ гузоштаанд. Тасмим гирифтааст, то дар оянда осорхонаи маҳалларо таъсис диҳанд ва дар он ҷо маҳсули дастони занони ҳунарманди маҳалларо мақом диҳанд.

- Мақсад аз бунёди осорхона шинос намудани хориҷиён бо маҳсули дастони мардуми деҳа мебошад. Ҳар сайёҳе, ки аз маҳалла дидан менамояд, бо ворид шудан ба осорхона бо ҳунарҳои мардумӣ низ ошно гардад. Умедворам, ки дар ин роҳ сокинони маҳалла мададам менамоянд,-мегӯяд бо умед сарвари маҳалла.

Ҳунаромӯзиву бунёдкории маҳал, агар яке аз корҳои ба роҳ мондаи ӯ бошад, ибтикори дигареро, ки Ҷамила ҷорӣ намудааст, ин таъсиси шӯрои ҷавонон ва занону духтарони маҳалла мебошад. Бо ин роҳ ҳамкории зичро миёни ҷавондухтарону калонсол пиёда намудааст, то ҳангоми мушкил ва ё нофаҳмӣ дар рӯзгору хонаводаи ҷавонон, мушкилкушояшон бошанд. Барои пешгирии пошхӯрии оилаҳо низ пайваста корҳои тарғиботӣ бурда, бо бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

- Бо пирони рӯзгордида ва масъулони ниҳодҳои зидахл ба хонаи навхонадорон ва ҷавонон рафта, зуд-зуд аз вазъи зиндагии онҳо бархӯрдор мешавем ва то ҷое, ки имкон ҳаст, ба мушкилоташон расидагӣ менамоем, - иброз медорад бо хушнудӣ Ҷамила Бобоева.

 

Б. АБДУРАҲИМЗОДА,

шаҳри Бохтар

:.  Иҷтимоъ 19.04.2019 11:07 931

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz