Ҳангоме ки ҳунарманди 90- сола Ғарибсултон Худоёрбекова вориди толори Кохи ҷавонони Хоруғ гардиду ҳозирин ба истиқбол ва ифтихораш рост истода беист кафкӯбӣ мекарданд, беихтиёр ба рақс даромад. Дар ин лаҳзаи пурэҳсос ҳунарманди мумтоз сари қуллаи ғуруби умр шояд ба чеҳраи ҳаводорони сершумораш нигариста аз авҷи ҳунар ва ҷавониаш дар саҳна ёд меоварду аз рухсораҳояш ба нишони миннатдорӣ аз қадрдонӣ ва пазироии гарму ҷӯшон қатраҳои ашк равон шуданд. Чашмони бисёре аз ҳозирини толор ҳам нам гирифтанд, зеро дар симои ин ҳунарманди зиндадил ва равшанзамир, ки барфи сафеди пирӣ чун бар сари қуллаи кӯҳ бар сараш нишаста буду ожангҳои чеҳра аз гузашти айёми қариб ба як аср баробар ҳикоят мекарданд, ба даврони заифии хеш менигаристанд.
Ҳунарманди халқии Тоҷи-кистон Ғарибсултон Худоёрбекова, бар хилофи исрори мухлисон, ки намехостанд ба иллати пирӣ аз курсӣ боло шаваду худ-ро нороҳат созад, рост истода, ба ҳозирин рӯ овард:
– Аз халқи азизам миннат-дорам, ки маро ба ин қуллаи баланди ҳунар расонд. Ба қуҷое расидам, аз шарофати халқи азизам расидам.
Аз Боми Ҷаҳон то саҳнаи «Большой театр»
Сокинони деҳаи Емтси Рӯшон дар ҷашнҳо истеъдоди фавқулоддаи раққосаи хурдтаракро бо нидоҳои «офарин» ва қандалоти бурсоқ қадр мекарданд ва ҳамин тавр пойгаҳи хонаҳои урфии помирӣ нахустин саҳнаи сайқали маҳорат барои ҳунарманд гардид. Нав-расии бибии Ғарибсултон ба солҳои ташкили аввалин колхозҳо дар Помир рост омад ва ӯро ба дастаи ҳаваскорони худфаъолияти бадеӣ ҷалб карданд. Пас аз меҳнати зарбдор дар саҳро колхозчиён дар вақтҳои фароғат месуруданд, рақс мекарданд, зеро «оммавӣ гардондани санъат» яке аз ҳадафҳои давлат эълон шуда буду қариб ҳар як колхоз дастаи ҳаваскорони худро дошт. Пас аз чанде аз байни истеъдодҳои наврас ва ҷавон ансамбли этнографии «Помир» таъсис ёфта, аз довталабони зиёди рақси занона интихоб бар сари Ғарибсултон қарор гирифт.
Ғарибсултон апрели соли 1941-ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад, ки Маскав мизбони даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик гардиду бар дӯши ансамбли бачагона дар қатори дигар ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ чунин як ифтихори бузурги муаррифӣ намудани фарҳанги мардуми тоҷик дар саҳнаи «Большой театр» афтода буд. Ба санъаткорон гуфтанд, ки онҳо дар назди роҳбарони давлати Шӯравӣ баромад мекунанд. Ҳангоме ки навбати Ғарибсултон расид, вай зери навои мусиқӣ озод, сабук ва зебо ба рақс даромад, вале аз ҳаяҷони зиёде, ки ӯро фаро гирифта буд, ба толори пур аз мухлисон нигоҳ намекард. Вай танҳо мусиқиро ҳис мекарду бо тамоми вуҷудаш ба рақс дода шуда буд ва вақте ки навои мусиқӣ паст шуду мавҷи кафкӯбиҳо баланд гардид, бо сари таъзим паси парда рафт.
Бисёре аз иштирокчиёни даҳа баъдан мегуфтанд, ки онҳо ҳангоми ҳунарнамоӣ Сталинро байни мухлисони толор ва роҳбарони давлат, ки дар қатори пеш менишастанд, фарқ карданд. Аммо Ғарибсултон мегӯяд, ки вай даступохӯрда буду ёрои ба толор нигоҳ кардан надошт, аммо дилаш гувоҳӣ медод, ки байни мавҷи қадрдонии мухлисон аз ҳунарнамоии тоҷикон шахсе ҳам, ки вайро мепарастиданду дӯст медоштанд, ҳузур дошту барояшон кафкӯбӣ мекард.
Қиматгул Алибердиева, муовини раиси вилоят, Ғарибсултон Худоёрбековаро дар қатори ҳунармандони шинохтаи солҳои 40-ум ва 50-уми асри гузаштаи тоҷик ном мебарад, ки бидуни таҳсилоти олӣ мактаби камолоти эҷодиёти халқро гузашта, ба қуллаҳои баландтарини он расиданд. Ҳунарманд на танҳо ба саҳнагузорандаи рақс дар саҳнаи театри Хоруғ, хонаҳои фарҳанг дар навоҳии Ишкошим ва Ванҷ буд, балки дар спектаклҳо низ нақш меофарид. Ситора аз намоишномаи «Тош-бек ва Гулқурбон» ва Нисо аз намоишномаи «Субҳи ҷавонии мо»-и Павел Лукнитский ва даҳҳо дигар нақшҳои офаридаи ҳунарманд писанди тамошобинон гардиданд.
Хотираҳо … Ситораи ситораҳо, «Нан Ғарибсултон»…
Ҳунарманд Шарифа Давлатбекова аз солҳои аввали фаъолият дар театри вилоятӣ ба ёд меорад: «Боре нан Ғариб ба наздам омада гуфт, ки духтарам, синну солам рафтааст, дигар нақши Ситораро ту бозӣ мекунӣ». «Не, модарҷон, ман ба иҷрои ин нақш тайёр нестам ва ҳеҷ гоҳ мисли Шумо Ситора шуда наметавонам», – рад намудам ман.
Аммо Ғарибсултон дар суханаш истода гуфт. «Духтарам, Ситора не, ситораи ситораҳо мешавӣ. Чанд сол аст, ки бозиатро дар саҳна менигараму фикр мекунам, аз иҷрои ин нақш ба хубӣ мебароӣ».
Ба гуфти Шарифа, гарчанде пас аз Ғарибсултони ситораи ситораҳо дигар касе мисли вай нақши Ситораро барҷаста бозӣ накардааст, аммо бо шарофат ва ҳидояту дастгирии устоди меҳрубон, вай дар саҳна мавқеъ пайдо кард ва ба ҳайси як ҳунарманд имрӯз худро комёб мешуморад.
– Мо дар театр Ғарибсултонро нан Ғарибсултон ном мебурдем ва устоди меҳрубону сахтгир ба ҳамаи мо ҳаққи «нан», яъне модарӣ дорад, – нақл мекунад ҳунарманди шоиста Чилла Бандишоева. - Ёд дорам, ки пас аз хатми донишгоҳ бо Маҳингул Назаршоева, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ба театр, ба кор омадем. Ғарибсултон ба мо, шогирдон, чун ба фарзандонаш хеле дилсӯзона ва сахтгирона муносибат мекард. Ҳунари пухтану дӯхтан, калом ва рафтори хубро аз нан Ғариб омӯхтам ва ӯро бароям модар медонам.
Ҳунарманд Саъбадавлат Алиназарова, ҳамнасаби Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Соҳибсултон Алиназарова бо духтари Ғарибсултон дар як курс таҳсил мекарданду ҳама онҳоро хоҳарон мепиндоштанд. Ҳангоме ки Саъбадавлат ба театр ба кор даромад, меҳрубонӣ ва муҳаббати устод ба вай аз духтараш Соҳибсултон кам набуд. Саъбадавлат аз солҳои фаъолият дар театр хотироти рангине бардоштааст.
– Боре дар саҳна ба намоиши навбатӣ омодагӣ медидем. Дар як ҷойи намоишнома бояд хушдоманам бо ҷорӯб маро пешандоз мекард. Вале чун ба давидан сар кардам, ҳис намудам, ки аз пасам касе намедавад. Ба қафо нигариста бинам, ки нан Ғарибсултон ҷорӯб дар даст рост истодааст. Пас аз чанд лаҳза ӯро «Ёрии таъҷилӣ» ба шифохона бурд. Аммо дили ҳунарманд ба театр кашол буду бо андаке шифо ёфтан ба кор баргашт ва дар намоишнома нақш бозид. Ин аст иродаи мустаҳками ҳунарманди ҳақиқӣ, ки барои мо, шогирдон, дарси ибрат буд.
Оғози ҷанги шаҳрвандӣ душвортарин рӯзҳо дар ҳаёти ҳунарманд буданд. Ӯро на тангии иҷтимоъ, балки бештар баста шудани дари театр ва хонаҳои фарҳангу рукуди санъат руҳафтода мекард. Ҳунарманди солманд аз байни духтаракони болаёқати кӯчае, ки дар он мезист, дастае ташкил намуда, ба онҳо рақси бадахшониро меомӯзонд. Аммо бо истиқрори сулҳ ва пешрафти ҷомеа, вақте ки ҳунарманд ба маҳфили ба ифтихораш ороста қадам гузошту рақсидану суруд хондани шогирдонашро тамошо кард, дар муҳити эҷодӣ боз худро ҷавону хушбахт дарёфт. Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд, ки солиёни зиёд дар театр кор карда буд, мегуфт: «Ҳеҷ каси дигар ба мисли Ғарибсултон Худоёрбекова рақси бадахшониро ин қадр зебо, хушхиром ва бо нозу адо нарақсидааст ва беҳуда намегуфтанд, ки вай рақсро аз рафтори кабкҳои дарӣ, ки дар пуштаҳои деҳаашон қақра мезаданд, омӯхта буд».
М. Шоҳҷамол, ш. Хоруғ