Медонист, ки духтараш ҳар шаб пеш аз хоб наздаш чой меорад. Модар рӯйи гилемро палмосиду палмосид ва ногаҳ дасташ ба чойник бархӯрду он чаппа шуд. Лаҳзае истод. Намехост духтарашро бедор кунад. Аз ин амали худ ноҳинҷор шуд ва сӯйи ҷогаҳи духтар нигарист. Не, ӯ дар торикӣ чизеро дида ҳам наметавонист. Шабу рӯз барояш як буд. Модар нобино шуда буд. Муҳтоҷ шуд дар айёми пирӣ ба фарзандон.Бе ёрии касе наметавонист аз ҷой бархезаду берун барояд.
«Гӯр пирӣ шавад, гӯр кӯрӣ шавад. Чӣ коре кардам-а ? Ҳозир духтарам бедор мешаваду маломатам мекунад, ки чойро резондам..» Дар банди ин андешаҳо буд модар, ки садои “оча, чӣ гап шуд?”- и духтараш ӯро ба худ овард. Духтар аллакай пеши модар буд ва аз китфони ӯ дошта рӯйи ҷогаҳ шинонду пушташ болишт гузошт.
Модар узрхоҳона оҳе кашид.
- Ташна мондам, бачаҷон, хостам як пиёла чой нӯшам, аммо…
- Очаҷон, чаро маро бедор накардед?
- Дилам нашуд, бачем… Хоби ширин доштӣ …
- Ҳеҷ гап не , очаҷон…
Духтар дасту рӯйи модарро навозиш карду чойи гарм меорам” гуфта, чойнику пиёларо гирифт ва аз дар берун шуд. Барқ набуд. Дар тоқи хона чароғи карасинӣ хира месӯхт.
…Модар замоне чусту чолок, ғамхору меҳрубон, бонуи ҳунарманди хонавода буд. Дар деҳа ҳам ӯро эҳтиром мекарданд, зеро ба ҳама некияш мерасид. Меҳмоннавозу коргар буд модар. Шавҳараш ҳине вафот кард, ки ҳанӯз фарзандонаш бузург нашуда буданд. Мушкил буд барои модар хонондану хонадор кардани онҳо, аммо ба ҳамааш сабр кард, талош намуд то бачаҳояш хорию зорӣ набинанд. Ҳамааш паси сар шуд. Муроди фарзандонашро дид. Шукргузор буд аз зиндагӣ. Ҳоло ҳам шукр мекунад, аммо пирию нобиноӣ азобаш медиҳад. Фарзандон ҳама аз пайи зиндагии худ. Яке дар ғарибӣ пайи ризқу рӯзӣ, дур аз модар. Соле як бор меояд хабаргирӣ, аммо нобиноӣ намегузорад, ки симои онҳо, набераҳоро бинаду навозиш кунаду бибӯсад. Танҳо ғаму дарди як писари гумномшудааш ӯро хастаҳолу хастаҷон кардааст. Писаракаш солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ногаҳон гум шуд. Дар шаҳр кор мекард ва ғоибона мехонд. Модар хеле ӯро суроғ кард, аммо нишоне пайдо накард. Ба тақдираш мисли дигарон тан доду ғаму дарди фироқро дар дил ниҳонд. То ҳанӯз интизори ӯст… Шояд ҳамин интизориҳо, чашм ба роҳ буданҳои модар ва ашкҳои шашқатораш ӯро нобино кардаст…
- Мана ,очаҷон, чойи гарм овардам.
Ин садо модарро ба худ овард
- Бачем, соат чанд бошад?
– Қариб 3-и шаб.
– Ҳа, то рӯз вақт бисёр будааст.
– Чойро нӯшеду хоб равед, очаҷон, агар хоб наравед, боз саратон дард мекунад.
– Майлаш, бачем.Чоя пеши ман мону худат хоб рав. Дароз мекашам.
Модар чой нӯшид ва боз пурсид.
- Акоят телефон накард, бачем?
- Не, очаҷон, худам телефон кардам, телефонаш хомӯш кардагӣ.
– Хайр, майлаш. Пагоҳ як бори дигар телефон кун. Илтимос кун, як бор биёяд. Пазмон шудам акота. Як бори дигар медидам, овозаша мешунидам, баъд майлаш, армон надоштам.
– Майлаш, очаҷон, саҳар телефон мекунам.
– Ту саҳар барвақт ба хонаат рав, бачаякот боз бе ту азоб накашанд.
– Назди онҳо хушдоманаму хоҳарарӯсам…
- Не, не, модар дигар, бачем, саҳар барвақт рав. Ман нағз. Баъд боз меоӣ, хабар мегирӣ.
- Майлаш, очаҷон, шумо дароз кашеда хоб равед.
Духтар модарро рӯйи ҷогаҳ хобонд ва лаби кӯрпаро болояш кашиду худ ба ҷогаҳаш даромад…
Духтар дар ҳамсоягӣ зиндагӣ дорад. Аз фарзандон танҳо ҳамин духтараш ҳамарӯза бо модар аст. Дигарон дар макону манзилҳои дур зиндагӣ мекунанд. Писари дар шаҳр будаашро хеле паз-мон шуда буд, зеро хеле вақт надидааст ва писар занг ҳам намезанад. Аз аҳволи модар хабар ҳам намегирад. Шукр, ки ҳамин духтараш будаасту дар айёми пирӣ ҳамнафасу ҳамнишин ва дастёраш ҳаст. Баъди нобино шуданаш шабҳо ҳамроҳаш асту рӯзона аз пайи зиндагии худаш. Меояд, хӯрок медиҳад, модарро ба рӯйи ҳавлӣ мебарорад… Либосҳояшро мешӯяд.
Субҳ ғанаб кардааст модар. Рафтани духтарашро нафаҳмидааст. Вақте бедор шуд, духтарашро садо кард. Касе ҷавоб надод. Бо азобе сари ҷогаҳ нишаст ва даст-даст карда чойникро ёфт ва қулте чой нӯшид. Мехост рӯйи ҳавлӣ барояд. Бархостанӣ шуд, натавонист. Боз рӯйи ҷогаҳ пушт ба девор гузошт. Аз духтараш дарак набуд. “Шояд ягон гап шуда бошад?”, аз дил гузаронд модар ва “Бисмиллоҳ” гуф-та бо дастон ва зону сӯйи дар рафт ва онро ёфту боз кард. Ҳавои сарди субҳгоҳии деҳа ба рӯяш зад. Лаҳзае истод “ҳаво хунук шудааст.” Бо ин андеша нишасту рӯймоли сарашро дуруст кард ва боз ба дастону зонуҳо такя карда аз остонаи хона берун шуд. Садои пойро шунид ва овози “оча, очаҷон, сабр накардед. Ман омада шуморо мебаровардам ба ҳавлӣ” ӯро боздошт. Духтараш омада буд, мисли ҳаррӯза, то модарро ба рӯйи ҳавлӣ барорад.
– Бачаҷон, фикр кардам, ки дар хонаат ягон гап шудагист.
– Ҳамааш ба хайр, очаҷон, фақат духтарчаам шаб тафс кардааст. Дору додаму омадам.
Духтар аз бозувони модар дошта ӯро ба по хезонд ва ҳар ду оҳиста – оҳиста рӯйи ҳавлӣ баромаданд. Модарро рӯйи ҳавлӣ болои кӯрпача шинонд духтар.
-Очаҷон, ҳозир ман ҷомаатонро меорам. Ҳаво хунук аст.
Духтар аз хона ҷомаро оварда ба тани модар пӯшонд.
– Бачем, ба акоят занг зан. Биёяд. Як бор бинам. Садояшро шунавам. Ман хобамро дидам. Боз бо ҳамин армон ба гӯр наравам.
- Оча, ин хел нагӯед. Ҳоло шумо бақувват.
Модар заҳрханде карду оҳе кашид.
– Ман падаратро хоб дидам, бачем. Падарат ҳамон бачаи гумшудаамонро ёфтааст. Чунон хурсанд, ки … Ҳар дуяшон назди ман омаданд. Гуф-танд, ки мо омадем назди ту…
Модар хомӯш шуд. Гиря гулӯгираш кард ва оби чашмонашро бо нӯги остинаш ларзон – ларзон пок карду боз оҳе кашид ва сӯйи боғ нигарист. Гӯё, ки ҳамаро медид. Духтар ҳам лаб газид. Гиря гулӯгираш кард ва модарро оғӯш гирифт. Ҳар ду хомӯш мегиристанд. Модар ларзиши бадани духтарашро эҳсос карду гуфт:
- Гиря накун, бачем… Ҳама мемиранд. Вақти ман ҳам омад.
Модар лаҳзае сукут кард.
- Фақат акоятро як бор медидам, дигар армон надоштам.
Чанд рӯз пас бо исрори хоҳар бародари шаҳрӣ ба деҳа омад. Модар рӯйи ҷогаҳ беҳолу бемадор хоб буд. Писар рӯйи ҳавлӣ аз хоҳараш аҳволи модарро пурсиду болои хараке нишаст.
– Очаам чӣ хел?
- Очаам, касал ако. Шабу рӯз шуморо суроғ мекунанд. Мепурсанд. Ақаллан байни сол боре омада хабар нагирифтед. Роҳ он қадар дур ҳам набуд – ку? – Хоҳарҷон, ман ҳама вақт дар сафар будам. Гоҳ ба ин давлату гоҳ ба кишвари дигар мерафтам. Кор, зиндагӣ…
– Кору зиндагиро шумо аз пушти ҳамин модар ёфтед. Дароед ба хона, очаам чашмашон ба роҳи шумо.
Писар истиҳола мекард аз дидор бо модар. Чаро? Худаш намедонист. Дар дилаш сӯзише, дарде, муҳаббате гӯё ки набуд. Шояд боз мисли дигар рӯзҳо, ки хоҳар омадани ӯро ба аёдати модар зорӣ мекард, аз пайи кораш мешуду намеомад, аммо ин дафъа “модарам дар дами марг” гуфтанаш ӯро овард ба зодгоҳ.
– Ако, очаам шуморо интизор, дароед ба хона…
Хоҳар пеши бародараш рост меистод ва интизори бархостану сари болини модар рафтани ӯ буд. Писар хомӯшона сар боло кард.
- Гуфтӣ, ки ман омадам?
- Не, ҳанӯз нагуфтаам.
- Нагӯй, ки ман омадам. Медарояму мебинаму меравам… Маро дида наметавонанд-ку! Баъд , бисёр насиҳат мекунанд!
Хоҳар аз ин суханони бародар моту маҳбут гашт. Интизор набуд, ки фарзанди модар, модаре, ки бо ҳазорон дарду ғаму азобҳо калонаш кардааст, ин суханҳоро мегӯяд.
- Модарам кӯр нест , ту кӯр шудаӣ.
Ин суханҳо беихтиёр аз забони хоҳар чун тир баромаданд.Бо алам гуфт ва давид сӯйи модар. Рӯйи ҷогаҳи модар афтод ва гирист.
– Очаҷо бачаатон наомадааст.
–Не, ӯ ин ҷост, омадааст. Ман ҳис мекунам, ки писарам омадааст.
Ин вақт дар боз шуд ва писар ба кулбаи модар даромад. Кулбае, ки тифлию кӯдакию наврасиаш инҷо, рӯйи ин гилему байни деворҳо гузаштаанд. Омад ва фурӯ шуд сӯйи модар ва “Оча, ман омадам” гуфт. Модар гӯё хоб буд, якбора бедор шуд ва як лаҳза аз ҷояш боло шуду сари ба сӯяш хамшудаи писарро рӯйи синаҳояш пахш кард.
- Бачаҷонам, хуш омадӣ. Нури дидаам. Шукр, ки омадӣ. Дидам, овозатро шунидам… Худо нигаҳбонат бошад…
Гиря гулӯгири модар шуд. Оҳе кашид. Писар ба модар чашм дӯхту гӯё гуноҳе карда бошад, сар афканд ба замин. Наметавонист ба чашмони нобинои модар нигарад. Медонист, ки модар ӯро мебинад, зеро дилаш бино буд, вуҷудаш зору бедор. Аз чашмони пӯшидаи модар ашк мерехт рӯйи рухсораҳои пурожангаш … Лаҳзае тани модар ларзид, дастонаш аз гардани писар оҳиста рӯйи зонуҳояш фаромаданд. Ҷуссаи модар фурӯ шуд рӯйи ҷогаҳ… Духтар аз пушти модар дошт ва ӯро болои ҷогаҳ хобонд. Хомӯшӣ буд, хомӯшие, ки дар дили модару фарзандон дунёи дигарро бо фиғону дардҳо эҷод мекард…
Писар рӯйи ҳавлӣ баромад. Духтар сари болини модар монд. Чӣ қадар вақт гузашт бо хаёлу андешаҳо ва талотумҳои қалб, онҳо намедонанд…
- Очаҷон, очаҷон…! Ин садои пуризтиробу пурдарди духтар онҳоро ба худ овард. Танҳо модар орому осуда рӯйи ҷогаҳ бо табассуми малеҳ хобида буд. Ӯ дигар армоншикаста шуд. Ин лаҳзаҳоро модар тӯлонӣ интизорӣ кашид. Лаҳзаи дидору видоъ бо писари раҳдураш. Меҳру осоиш мехост, васлу шодию нишот мехост ва подоши ҳама заҳмату ранҷҳоро аз фарзандонаш модар, аммо зиндагӣ на ҳама вақт бар муроди инсонҳо будааст. Модар ношукрӣ накард ва дар вопасин дидор ҳам ба фарзандон дуои нек дод ва рафт ба дидори фарзанди як замоне гумгаштааш…
НИЛУ