07

Сентябр, 2025
Якшанбе

07

Сентябр, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДУШАНБЕ ШАҲРИ МАН АСТ

Душанбе мешавад обод, бешак,

Вале ҳар лаҳза бошад маътали мо.

Паи ободияш чандон бикӯшем,

Ки дар ҳар кӯча монад ҳайкали мо...

                                                                                   Лоиқ Шералӣ

            Замони шӯравӣ ҳамсояе шохи дарахтеро дар саҳни ҳавлӣ ба хотири ҷо кардани мошинаш бурид. Соҳибони 35 манзили дигари хона ба берун рехта, ҳамсояро дар миён гирифтанд. Эҳтимол ин марди 65 - сола дар давоми ҳаёташ ин қадар суханони сахт нашунида буд. Таҳти фишор ҳамсоя аз кори кардаи худ сахт пушаймону хиҷил гардида, ваъда дод, ки дар давоми ҳафта ба ҷойи шохи буридаи дарахт ҳафт ниҳол оварда мешинонад.      

ДУШАНБЕ ШАҲРИ МАН АСТ
          То реша давондану сабз шудани ниҳолҳо ҳамсоя дар ҳавлӣ бо сари хаму чеҳраи хиҷил мегашт...

            Замони шӯравӣ вақте як нафар аз деҳа ба пойтахт барои таҳсил меомад ва ё нафаре қасди меҳмонӣ мекард, муддате омодагӣ медид. Тарзи муносибат ва гуфторашро ба мардуми шаҳрӣ наз­дик менамуд, либоси нав мехарид ва ҳатто тарзи шона кардани мӯи сарашро дигар мекард. Чунин омодагӣ шоистаи таҳсин буд, зеро шахс бошуурона тамаддуни шаҳриро аз худ мекард ва ё ба он мутобиқ мешуд.

            Илова бар ин, дар шаҳри Душанбе миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ, аз қабили русҳо, тоторҳо, осетинҳо, қирғизҳо, яҳудиҳо, гурҷиҳо ва арманиҳо умр ба сар мебурданд. Ҳамзистӣ ва табодули фарҳангҳо сабаби пешрафти мардуми бумӣ мегашт ва таҳаммулпазирӣ як ҷузви аслии ҷомеа маҳсуб меёфт.         

ДУШАНБЕ ШАҲРИ МАН АСТ ДУШАНБЕ ШАҲРИ МАН АСТ
          Имрӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ намояндагони миллатҳои мазбур кам мондаанд ва пешрафтҳои фарҳангӣ бевосита аз худи мо бастагӣ доранд. Мутаассифона, дар пойтахт на танҳо дар мавриди фарҳанг пешрафт ба чашм намерасад, балки таназзули ахлоқ мавқеъ устувор кардааст. Дар шароити феълӣ мардуми аз русто омада на танҳо фарҳанги шаҳрро қабул надоранд, балки талош меварзанд урфу одат ва костагии фарҳанги хешро дар пойтахт устувор гардонанд. Аксари мардуми омада баъди гузашти 20 сол ҳанӯз ҳам дар пойтахт бо шеваҳои маҳал гуфтугӯ менамоянду кӯшиш доранд дар маҳаллае, ё минтақае назди ҳам хона харидорӣ намуда, ба мисли деҳа ба ҳамсояи худ наздик бошанд. Агар имрӯз харитаи ҷобаҷошавии мардуми пойтахт сохта шавад, ба осонӣ метавон ҷойгиршавии мардуми аз деҳот омадаи Тоҷикистонро муайян кард.

            Иллати дигари коста шудани фарҳанг ва ахлоқ дар пойтахти Тоҷикистон ба он сабаб аст, ки урбанизатсия (шаҳришавӣ) дар ҷумҳурӣ ба даврае рост омад, ки дар натиҷаи даргириҳо иқтисод заъф ёфту як қисми мардҳо ба хотири таъмин намудани хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварданд. Ғайриинтизор, ин муҳоҷират бо гузашти 20 сол густариш меёбаду коҳиш не. Агар солҳои аввал ба ин раванд танҳо мардҳо ҷалб гардида бошанд, чанд соли ахир занҳо низ ба муҳоҷирати корӣ зиёд мераванд. Дар чунин ҳолат, онҳо маъмулан кӯдакони худро дар ихтиёри фарзандони ба воярасида ё хешу табор мегузоранд. Бинобар ин, онҳо аз таълиму тарбия дар канор монда, ба қавле дар «тарбияи кӯча» қарор мегиранд. Агар «тарбияи хиёбонӣ» натиҷаи хуб медод, дар паҳнои таърих аз он бо ҳарфҳои нек ёдоварӣ мешуд.

            Имрӯз дар дилхоҳ хиёбону макотиби пойтахт шунидани алфози қабеҳ ва сақату дашном гӯё ба ҳукми анъана даромадааст. Кам шахсе, омӯзгоре ва ё раҳгузаре пайдо мешавад, ки ба чунин тарзи муносибат вокуниши ҷиддие зоҳир намояд. Оё бетарафӣ як иллати аслии густариши бефарҳангӣ дар ҷомеа намегардад? Агар чунин аст, чаро ба оянда ва имрӯзи худ чунин муносибат дорем?

            Мисол овардан аз тарзи муносибати ҳамсояҳо аз замони шӯравӣ ба ҳамин хотир буд, ки бигӯем: онҳо дар якҷоягӣ барои маҳалли зист, маҳалла, хиёбонҳо ва ободии шаҳри худ талош мекарданд. Дар акси ҳол, агар нафаре ба танҳоӣ вокуниш зоҳир менамуд, шояд шахси ниҳолбур ҳарфи ӯро гӯш ҳам намекард ва дар оянда низ чунин муносибати худро ба муҳити зист идома медод. Он ҳам, ки муҳити зист буд. Мо бояд пиромуни афкор, гуфтор ва рафтори шаҳрвандони худ биандешем. Билохира, аз тамаддуни шаҳрӣ баҳравар гардему ба фарзандони худ, ҳамсоя ва ниҳоятан ба ҳамватанони худ бигӯем: «Душанбе пойтахт ва Тоҷикистон маъвои ҳамаи мост. Бояд сазовори ин шаҳру Ватан бошем».

            Ё хонанда назари дигар дорад?

Эмомалӣ Сайидамирзод

:.  Фарҳанг 08.01.2013 05:42 2745

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz