07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВАҚТИ ОН АСТ, ЭЙ ҚАЛАМ…

          Дуруд ба шумо! Боз фаро расид лаҳзаи дидор рӯи саҳфаҳои рангину пур аз розу ниёз. Қалам задем ва ифшо намудем паймонаҳои қалби аз меҳру сафо саршорро, то бисӯзему бисозем барои шумо. Омадем, то дар оғози боз як рӯзи нав, лобалои ҳама дарду армонҳо, тазодҳо ва ногуфтаҳо аз даричаи сабзи қалбҳо ба зиндагӣ нигоҳи дигаре андозем. Ҳамрозу ҳамнафаси ҳамдигар бошем, то занги андӯҳу нокомиҳоро рабоем, гиреҳҳои сарбастаи қисматро бо чашми ақл боз кунем ва аз растанҳову рустанҳо, руйишу тобиш, меҳру вафо ва талошҳо баҳри зиндагии арзандаю созанда ҳарф бизанем. Боз ҳам ба оҳанги мағрубу дилнавоз ишқу муҳаббатро, таронаи зиндагиро бо ҳам сароем ва ин замзамаҳо шикасти сукуту бедардиҳо хоҳанд буд. Қалам рӯи саҳфаҳо кору пайкори шумо, орзую омолу армонҳои сарнавишт, маърифати ишқ ва сабзтарин орзуҳоро гулбезӣ хоҳанд кард. Ин эъҷозу эҷод василаи пайванди мову шумост. Мо дар кӯлвори эҷоди худ нуру зиё дорем, то торикию сояҳоро аз гулбоғи сабзи рӯзгори шумо бирӯбанд ва анвори пурҷилоро ато намоянд. Ин ҳама ҳидояте ҳаст ба гулшани сафо, ба роҳи нур, ба рӯзи нав ва шукуфтанҳо… Ин иртиботро миёни мову шумо инсоне пайваст, ки мехосту мехоҳад ба зиндагӣ нигоҳи дигаре дошта бошем, то дар фаросӯи ҳаёт рисолати худро шиносем, пайванди наслҳоро аз ҷилвагоҳи тамаддуни миллат ва фарҳанги бостонию муосир тулуи тозае бахшем.

           ВАҚТИ ОН АСТ, ЭЙ ҚАЛАМ… Сарвари миллат боз ҳам аз равзагоҳи тафаккур талоши хушрӯзию хушбахтии моро дорад. Ин ҳама эъҷозҳо, ин ҳама лутфу вафо тавлиди нуру зиёест аз қалби пур аз меҳру садоқат ба ин хоку ба ин диёр, ки номаш Тоҷикистон аст! Боз ҳам ба мову шумост,ки созандагони ин Ватан ҳастем. Пас, биёед, бо ҳам бошем, аз ин иқдом пуштибонӣ кунем, пойдевори зиндагии хешро оростаю пероста созем ва барҷойтар аз ҳама гардем. Замоне расида, ки гарди гуноҳу хастагӣ, нобаробарию ноумедиҳоро афшонем ва ояҳои сабзу ҷовидонаи раҳмониро бихонему шукр бигӯем. Атри гулҳоро ба равзанаи баҳории дилҳо бирезем, то зиндагӣ сабзу муаттар бигардад. Қалами мо ниёиши шуморо мекунад, таронаҳои сабзи орзую омоли шуморо эҷод хоҳад кард… Пас, оғоз мекунем…Боз ҳам дуруд ба шумо!

«Бонувони Тоҷикистон»

:.  Фарҳанг 18.12.2012 11:13 3075

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz