07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

51-ЭКСПЕДИТСИЯИ МИРА


          Ҳар боре аз назди Пажӯҳишгоҳи таърихи Фарҳангистон мегузарам, чароғи фурӯзони тирезае диққатамро ба худ ҷалб менамояд ва хаёл мекунам, ки онро хомӯш накарда рафта бошанд. Вале ба тиреза наздик мешаваму хаёлам ботил мебарояд. Чунки чароғ дар болои мизи кории Мира Алексеевна Бубнова месӯзаду ин бону ба қаъри таърихи миллат фурӯ рафта, машғули кор мебошад. 53 сол мешавад, ки ӯ гузаштаи халқи тоҷикро такрор ва жарф меомӯзад.
Мира Алексеевна Бубнова
          Ӯ нахустин муаллифи харитаи бостоншиносии Помири Шарқӣ ва Ғарбӣ, номзади илми таърих ва узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон буда, дар шаҳри Ленинград ( Санкт Петербург) ба дунё омадааст.

Чун дигар ҳамсолонаш соли 1936 таҳсилро дар яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Санкт-Петербург оғоз намуда, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҳосираи Ленинград (Санкт-Петербург) моҳи марти соли 1942 оилаи онҳо ба Қазоқистон кӯчид.

            Пас аз хатми мактаби миёна ба Тоҷикистон омада, солҳои 1949-1954 дар факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсил намуд. Баъди ба охир расидани таҳсил ба шаҳри Фрунзе баргашт. Мира Алексеевна ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ ба Тоҷикистон меҳри беандоза дошта, дар экспедитсияҳои бостоншиносии шаҳраки Панҷакент ва Ҳулбук фаъолона ширкат мекард.

Ва соли 1959 баъди ба охир расидани аспирантура бо пешниҳоди мудири шӯъбаи бостоншиносии Институти таърихи Академияи илмҳо А.Б.Литвинский барои кор ба Тоҷикистон баргашт.

Мира Алексеевна Бубнова
          Зиёда аз 50 сол мешавад, ки Мира Алексеевна дар шӯъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ фаъолият дошта, 51 маротиба ба экспедитсияи мавсимии саҳроӣ баромада, дар бораи бозёфтҳо ва ҳафриётҳо асару мақолаҳои ҷолиб таълиф намудааст. Сарнавишти илмии Мира Алексеевна аз соли 1960 бо Бадахшон пайваст гардид, ӯ аввалин маротиба дар Помири Шарқӣ қабристони давраи сакоиҳоро кашф намуд ва аз соли 1962 ҳамкориро бо Экспедитсияи геологӣ- ҷустуҷӯии Помир шурӯъ кард. Дар ин давра конҳои қадимаи лаълро дар деҳаи Кӯҳилаъли ноҳияи Ишкошим (Систи Ғорон), нуқраи Шуғнон (дар қаторкӯҳҳои Батчор) ва лоҷварди Бодомдараи ноҳияи Роштқалъаро кашф намуд. Таҳти роҳбарии ӯ маъбади буддоии деҳаи Вранги Ишкошим таваҷҷуҳи аҳли илм ва сайёҳонро ба худ ҷалб намуд.

Солҳои 1963-1968 дар ҳайати экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти роҳбарии Б.А.Литвинский дар Бозордара (Аличур) дар баландии 3980 метр аз сатҳи баҳр фаъолият намуда, тобистони соли 1966 дар Бозордара (Помири Шарқӣ) 67 номгӯй маводи хатнависӣ, килку хома, боқимондаи матоъҳо ва ашёи дигари рӯзгорро пайдо намуд.

Дар байни бозёфтҳои бостоншиносии Мира Алексеевна маҷмӯаи қабристони Қарадимури соҳили дарёи Ғунд аз асри 1 то милод ва тақвими офтобии деҳаи Караати назди Қаракӯл (Помири Шарқӣ) мавқеи калон доранд. Соли 2003 Мира Алексеевна бо ҳамкории бостоншиноси шведӣ М.Хаузер дар Помири Шарқӣ се муҷассамаи 30 метраи санги рахдорро пайдо намуд, ки ба асри 1 милодӣ тааллуқ дорад. Ӯ соли 1997 «Харитаи бостоншиносии Помири Ғарбӣ»-ро нашр намуд, ки он дар бораи 285 ёдгории таърихӣ маълумот медиҳад.

Мира Алексеевна ба ғайр аз кофтукобҳои бостоншиносӣ ба ҷамъоварии маводи таърихӣ рағбати калон дошта, соли 1986 бо ҳамкории китобхонаи илмии Академияи илмҳои ба номи И.Ганди нишондиҳандаи библиографии дуҷилдаро мураттаб намуд. Ҷилди якум дар бораи таърих, мардумшиносӣ, антропология ва ҷилди дуюм дар бораи илми бостоншиносӣ маълумот медиҳад. Дар ҳар ду ҷилд 4911 номгӯй адабиёт гирд оварда шудааст.

Ӯ солҳои 1983, 2002-2004 роҳбари экспедитсияи бостоншиносии шаҳраки Душанбе буд. Соли 2004 ба ифтихори ҷашни 80-солагии Душанбе харитаи бостоншиносиро нашр намуд.

Ба қалами вай зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ мансуб мебошад. Мира Алексеевна аъзои фахрии Коллеҷи зардуштиёни ш.Бомбай ва шаҳрванди фахрии ВМКБ мебошад. Соли 2009 аз ҷониби Маркази байналмилалии биографии Кембриҷ (Британияи Кабир) инсони сол эълон шуда, ба дарёфти ҷоизаи Алберт Эйнштейн пешниҳод гардид. Номи ӯ ба «Интеллектуалҳои барҷастаи асри XXІ» ворид карда шудааст.

Чунин аст рисолати як инсони заминӣ ва як бонуи дилбастаи илми бостоншиносии тоҷик.

 

Сулаймоншо Ғуломшоев,

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

:.  Фарҳанг 28.11.2012 15:39 4232

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz