Соли 1989 ҳамсояе аз ошёнаи савум шохи дарахтеро дар саҳни ҳавлӣ ба хотири ҷо кардани мошинаш бурид. Соҳибони 35 манзили дигари хона ба берун рехта, ҳамсояро дар миён гирифтанд. Эҳтимол ин марди 65 - сола дар давоми ҳаёташ ин қадар суханони сахт нашунида буд. Таҳти фишор ҳамсоя аз кори кардаи худ сахт пушаймону хиҷил гардида, ваъда дод, ки дар давоми ҳафта ба ҷойи шохи буридаи дарахт ҳафт ниҳол оварда мешинонад.
То гирифтану сабз шудани ниҳолҳо ҳамсоя дар ҳавлӣ бо сари пойинкардаву чеҳраи хиҷил пайдо мешуд...
Овардани ин мисол аз замони шӯравӣ бемаврид нест. Зеро он замон Тоҷикистон ватан бошад ҳам, тобеи Маскав буд ва дар мавриди озодии кул мо ҳатто орзу карда наметавонистем. Хушбахтона, мо истиқлолият касб намудем. Аммо ин истиқлол тавъам бо ҷанги шаҳрвандӣ омаду аксари намояндагони миллатҳои дигар ҷумҳуриро тарк намуданд. Ва ин ба фарҳанги шаҳрдории мо, тоҷикон, бетаъсир намонд, балки таъсири манфӣ расонд. Ба ҷойи мардуми шаҳрнишин аҳолии деҳот ва кӯҳистон ба пойтахт омад. Кӯчидани мардуми деҳоти замони истиқлол ба пойтахт аз омадани намояндагони рустоҳо дар замони шӯравӣ фарқ мекунад.
Он замон вақте як нафар аз деҳа ба пойтахт барои таҳсил меомад ва ё нафаре қасди меҳмонӣ мекард, муддате омодагӣ медид. Тарзи муносибат ва гуфторашро ба мардуми шаҳрӣ наздик менамуд, либоси нав мехарид ва ҳатто тарзи шона кардани мӯи сарашро дигар мекард, то дар шаҳри Душанбе ба ҳолаш наханданд. Чунин омодагӣ шоистаи таҳсин буд, зеро шахс бошуурона тамаддуни шаҳриро аз худ мекард ва ё ба он мутобиқ мешуд.
Илова бар ин, дар шаҳри Душанбе миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ, аз қабили русҳо, тоторҳо, осетинҳо, қирғизҳо, яҳудиҳо, гурҷиҳо ва арманиҳо ба сар мебурданд. Ҳамзистӣ ва табодули фарҳангҳо иллати пешрафти мардуми бумӣ мегашт ва таҳаммулпазирӣ як ҷузви аслии ҷомеа маҳсуб меёфт.
Имрӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ намояндагони миллатҳои мазбур кам мондаанд ва пешрафтҳои фарҳангӣ бевосита аз худи мо бастагӣ доранд. Мутаассифона, дар пойтахт на танҳо дар мавриди фарҳанг пешрафт ба чашм намерасад, балки таназзули ахлоқ мавқеъ устувор кардааст. Дар шароити феълӣ мардуми аз русто омада на танҳо фарҳанги шаҳрро қабул надоранд, балки талош меварзанд урфу одат ва костагии фарҳанги хешро дар пойтахт устувор гардонанд. Аксари мардуми омада баъди гузашти 20 сол ҳанӯз ҳам дар пойтахт бо шеваҳои маҳал гуфтугӯ менамоянду кӯшиш доранд дар маҳаллае ё минтақае назди ҳам хона харидорӣ намуда, ба мисли деҳа ба ҳамсояи худ наздик бошанд. Агар имрӯз харитаи ҷобаҷошавии мардуми пойтахт сохта шавад, ба осонӣ метавон ҷойгиршавии мардуми аз деҳот омадаи Тоҷикистонро муайян кард.
Иллати дигари коста шудани фарҳанг ва ахлоқ дар пойтахти Тоҷикистон ба он сабаб аст, ки урбанизатсия (шаҳришавӣ) дар ҷумҳурӣ ба даврае рост омад, ки дар натиҷаи даргириҳо иқтисод заъф ёфту мардҳо ба хотири таъмин намудани хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварданд. Ғайриинтизор, ин муҳоҷират бо гузашти 20 сол густариш меёбаду коҳиш не. Агар солҳои аввал ба муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо мардҳо ҷалб гардида бошанд, чанд соли ахир занҳо низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ зиёд мераванд. Дар чунин ҳолат, онҳо маъмулан фарзандони худро дар ихтиёри фарзандони ба воя расида ё хешу табор мегузоранд. Бинобар ин, онҳо аз таълиму тарбия дар канор монда, ба қавле дар «тарбияи кӯча» қарор мегиранд. Агар «тарбияи хиёбонӣ» натиҷаи хуб медод, дар паҳнои таърих аз он бо ҳарфҳои нек ёдоварӣ мешуд.
Дар боғи «Дӯстии Халқҳо» шиносеро интизор будам. Дар наздам ду нафар пиразани рус менишастанд. Нохоста суҳбати онҳоро гӯш медодам, зеро фосила чанд сантиметрро ташкил медод. Яке аз дигар пурсид:
–Оё набераат имрӯз ба боғча рафт?
Дувумӣ чунин посух дод:
–Рафт, аммо медонӣ дар рӯзи аввал аз забони мардуми маҳал чиро омӯхт?
–Чиро, –пурсид ҳамсӯҳбаташ.
…посух дод ӯ.
Посухи пиразанро шунида, аз шарм аз ҷо хестаму ба гӯшаи дигари боғ рафтам. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷавонони тоҷик замони шӯравӣ сақату дашномро вақти сарбозӣ аз русҳо мешуниданд. Чунин тарзи муносибат ва гуфтор хоси мардуми тоҷик набуд. Суханони баландболое нахоҳанд буд, агар бигӯям, ки тоҷикон аз назари маърифату фарҳанг дар он замон дар кишвари абарқудрате мавқеи ифтихорӣ доштанд.
Имрӯз дар дилхоҳ хиёбону макотиби пойтахт шунидани алфози қабеҳ ва сақату дашном гӯё ба ҳукми анъана даромадааст. Кам шахсе, омӯзгоре ва ё раҳгузаре пайдо мешавад, ки ба чунин тарзи муносибат вокуниши ҷиддие зоҳир намояд. Оё бетарафӣ як иллати аслии густариши бефарҳангӣ дар ҷомеа намегардад? Агар чунин аст, чаро ба оянда ва имрӯзи худ чунин муносибат дорем?
Мисол овардан аз тарзи муносибати ҳамсояҳо аз замони шӯравӣ ба ҳамин хотир буд, ки бигӯем: онҳо дар якҷоягӣ барои маҳали зист, хиёбонҳо ва ободии шаҳри худ талош мекарданд. Дар акси ҳол, агар нафаре ба танҳоӣ вокуниш зоҳир менамуд, шояд шахси ниҳолбур ҳарфи ӯро гӯш ҳам намекард ва дар оянда низ чунин муносибати худро ба муҳити зист идома медод. Он ҳам, ки муҳити зист буд. Мо бояд пиромуни андеша, гуфтор ва рафтори шаҳрвандони худ биандешем. Билохира, аз тамаддуни шаҳрӣ баҳравар гардему ба фарзандони худ, ҳамсоя ва ниҳоятан ба ҳамватанони худ бигӯем: «Душанбе пойтахт ва Тоҷикистон ватани ҳамаи мост. Бояд сазовори ин шаҳру Ватан бошем».
Ё хонанда назари дигар дорад?
Эмомалӣ Сайидамирзод