Муаррифӣ: Қурбонгул Муллочаева соли 1974 мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳияи Комсомолобод ва соли 1978 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраевро хатм намудааст. Соли 1979 фаъолияти кории худро аз Кумитаи комсомоли ноҳия оғоз карда, ҳамон сол ба вазифаи котиби дуюми комсомол интихоб гардид. Солҳои 1983-1986 роҳбарии Ҷамоати деҳоти Комсомолободро бар ӯҳда дошт. Солҳои 1989-2000–ум дар Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия фаъолият намудааст. Тайи солҳои 2000-2005–ум мудири шӯъбаи маориф ва аз соли 2005 то 2010 ба ҳайси муовини аввали раиси ноҳияи Нуробод кор кардааст. Аз соли 2010 мудири шӯъбаи маорифи ноҳия.
Устоди аввал
Зиндагии ин бону хеле аҷиб, пурранг ва омӯхтанист. Ӯ дар оилаи зиёии шӯравӣ ба воя расидааст. Падараш Анвар Муллочаев, котиби ҳизби коммунисти вилояти Рашт, нахустин иштирокчии даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Маскав буд. Ин устод ба фарзандон андӯхтани дониш, заҳматталабӣ, меҳрубонӣ ва созандагиро талқин менамуд. «Падарам шахси хеле ботамкин, кордон, ҷиддӣ ва меҳрубон буд. Дар лаҳзаҳои фароғат бо ҳар яки мо дар алоҳидагӣ суҳбат менамуд ва бо овардани ҳикматҳои мардумӣ ба дили мо инсондӯстӣ ва эҷодкориро ҷо мекард. Туҳфа ва ҳадяи беҳтарин бароямон китоб буд, ки падар аз сафар меовард. Баъд аз мутолиа рӯи кати ҳавлӣ онро бо падар муҳокима ва таҳлил мекардем. Назари моро бо тамкину табассуми малеҳ мешуниду дар ниҳояти суҳбат натиҷагирӣ менамуд. Ин тарзи муносибати падар дар зиндагӣ моро сармашқ шуд», – мегӯяд Қурбонгул Муллочаева.
Рақси аввал
Дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил мекарду дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буд. Ин хислатҳояшро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи котиби комсомоли мактаб интихоб намуданд. Масъулият бештар гардид, зеро дар хона ба корҳои модар ёрӣ мерасонд, вазифаи хонагиашро иҷро карда, ба мактаб мешитофт. Озмуни «Андалеб» эълон шудаву тамоми мактабҳо барномаҳои фарҳангии худро таҳия намуда буданд. Бояд барномаи онҳо аз дигарон ба куллӣ фарқ мекарду барои иҷрои он беҳтарин мактаббачаҳо ҷалб мегардиданд.
Ҳама корҳо тарҳрезӣ гардидаву аз ҷониби шогирдони мактаб даҳҳо маротиба таҳти назари устодон иҷро шуда буд. Бояд ба сафар мебаромаданд. Муаллими мусиқӣ ба толор ворид гашту бо табъи гирифта гуфт, ки иҷрокунандаи рақси якка бемор шудааст. Як лаҳза дар толор сукут ҳукмфармо гардид. Ногоҳ садои қатъӣ ва ҷасуронаи Қурбонгул баланд шуд: «Ман рақси яккаро иҷро мекунам».
Вақте онҳо ғолиби озмун ба мактаб бармегаштанд, директори мактаб бо як ҷаҳон сипос ва меҳрубонӣ гуфт: «Ташаккур, духтарам».
Ишқи аввал
Замони донишҷӯйӣ дар роҳравҳои донишгоҳ нигоҳи гарми ҷавонеро пайваста эҳсос мекард. Ҷониби духтари зебо ва мӯйдарози кӯҳистонӣ нигоҳҳо зиёд буд, аммо ин нигоҳ ба куллӣ фарқ дошт. Он қадар муҳаббату самимияте дар он ҷо гирифта буд, ки бо дидани чашмони ҷавон дили Қурбонгул ба қавле «гум» мезад. Аммо барояш таҳсил дар ҷойи аввал қарор дошт, бинобарин сарашро пойин мекарду роҳашро идома медод.
Баъди хатми соли чаҳорум ба хона баргашт. Мехост таътилро бо волидон ва дар оғӯши диёри азизу зебояш гузаронад. Рӯзи дигар ӯро ба Кумитаи ҳизби ноҳия даъват карданд. Баъд аз ҳолпурсӣ котиби райком гуфт: «Пагоҳ бояд ба шаҳри Душанбе равем. Озмуни «Парасту» сар мешавад. Рақси яккаро дар ноҳия касе мисли ту иҷро намекунад. Илтимос, не нагӯй, духтарам».
Дар меҳмонхонаи «Помир» ҷо гирифтаву шомгоҳон баъди анҷоми тамрин ба сайру гашт мебаромаданд. Ва амри тақдирро бинед, ки ҳамон ҷавон бо роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи онҳо ба кор омада буду бахши мусиқии озмунро роҳбарӣ мекард. Нигоҳҳову …суҳбатҳову… сайрҳо бо издивоҷ анҷом ёфт…Аз ин издивоҷи саршор аз муҳаббат ду писару ду духтар тавлид ёфт.
Яке аз 17 нафар
Имрӯз дар ноҳияи Нуробод 85 мактаб фаъолият менамояд, ки 55-и он мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ба таҳсил бештар аз 14 500 мактаббача фаро гирифта шудааст. Ба онҳо 715 омӯзгор дарс мегӯяд. 96 нафари муаллимонро занон ташкил медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки замони Шӯравӣ аз мардуми маҳал ҳамагӣ 17 зан ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб гардида буду халос. Яке аз он 17 нафар Қурбонгул Муллочаева буд.
Дар ноҳияи Нуробод ҳам ба мисли дигар манотиқи ҷумҳурӣ омӯзгорони фанҳои дақиқ намерасанд. Қурбонгул Анваровна барои бо омӯзгорон таъмин намудани макотиби ноҳия аз роҳҳои гуногун истифода мебарад. Қисме аз ҷавононро барои таҳсил ба омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт ҷалб менамояду гурӯҳеро барои таҳсил ба Донишгоҳи омӯзгории пойтахт. Аммо бо ин ҳама қаноат накарда, соли гузашта ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дод. Аз телевизиони вилоятӣ ба муаллимон муроҷиат намуда, онҳоро ба кор даъват сохт. Дар натиҷа 24 оилаи омӯзгор аз Бадахшон ба ноҳияи Нуробод омад. Бо ибтикори ӯ мақомоти иҷроияи маҳаллӣ барои омӯзгорони бадахшонӣ як қатор имтиёзҳо таъйин намуд. Илова бар ин, Қурбонгул Муллочаева ба ҷамоатҳо рафта, бо мардум вохӯриҳо анҷом дод. Онҳо ибтикори муаллимаро дастгирӣ намуданд. Аз ин рӯ, роҳкирои омӯзгорони бадахшонӣ, хурду хӯрок ва сӯзишворӣ барои гарм кардани манзилҳо дар фасли зимистон аз ҳисоби мардуми маҳал таъмин мегардад.
Соли гузашта Вазорати маориф муроҷиати шуъбаи маорифи ноҳияи Нурободро ба назар гирифта 47 нафар донишҷӯро барои таҷрибаомӯзӣ ба ин ноҳия фиристод. Илова бар ин, 57 нафар хатмкунандаи Донишгоҳи омӯзгорӣ ба ноҳия баргашт, ки ин барои пешрафти кори соҳаи маориф мусоидат менамояд.
Аз соли 2000 –ум то имрӯз тибқи Квотаи президентӣ 196 духтар аз ноҳияи Нуробод дар донишгоҳҳои омӯзгории ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Оқибатҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ
Баъд аз ба сулҳ расидан маълум гардид, ки вазъи соҳаи маориф ба мисли риштаҳои кишоварзӣ ва иқтисод хеле бад буд. Аксари зиёиён ноҳияро тарк карда, ба пойтахти ҷумҳурӣ ва хориҷ сафар карданд. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллӣ танҳо се зан кор мекарду халос. Ба деҳаҳо рафта омӯзгоронро ҷустуҷӯ мекардем. Мутаассифона, танҳо 17 омӯзгор ёфтему халос. Барои ҷалб намудани муаллимон ба тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат кардем. Ҳосилро ғундошта гандуму картошка ва дигар маводи заруриро аввал ба омӯзгорон тақсим намуда, сонӣ аз пайи дигарон шудем – мегӯяд ӯ.
Феълан аксари мактабҳо бо муаллимон таъминанд, аммо маоши ками омӯзгор барои ҷалби кадрҳои ҷавон монеъ эҷод мекунад. Баъзан ҷавонон ба кор омада, баъд аз чанд моҳ бо сабаби камии маош омӯзгориро тарк менамоянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки барои омӯзгорони ҷавон аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ қарзҳои имтиёзнок таъйин гардидаасту аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба онҳо қитъаи замин барои сохтмони хонаҳо ҷудо мегардад.
Кадбонуи хуби хона
Ӯ бонуест дар тарбияи фарзандон сахтгир, дар масоили омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақил дилсӯз ва ҷиддӣ. Барои ҳамсар бонуи хеле зебо, меҳрубон ва кадбонуи беҳамтост. Пухтани таъомҳои миллӣ, аз қабили шакароб, фатирмаска ва қурутобро дӯст медорад. Агар ҳамсараш палаву манту бихоҳад, ҳатман аз ӯ хоҳиш менамояд, ки худаш тайёр кунад. «Лаззати дастони ту дигар аст»,–мегӯяд шавҳараш дар чунин маврид. Ҳафтае як маротиба дар чакдон барояш нон ва фатир мепазад.
Ҳавлии начандон калон дошта бошанд ҳам, онро ба таври дилхоҳ гулкорӣ намудааст. «Гулҳои садбарги маҳаллиро хеле дӯст медорам, зеро накҳати онҳо ба дил сурур мебахшад. Садбаргҳои чинӣ намуди зебо дошта бошанд ҳам, муаттар нестанд», –таъкид менамояд Қурбонгул Муллочаева.
Шабҳо хондани китоб, маҷалла ва рӯзномаҳоро хуш дорад. «Агар мақолаи ҷолибе пайдо кунам, онро ба духтарон ва суннорҳоям (келинҳо) дода, хоҳиш менамоям, ки бихонанд. Ғизои маънавӣ бояд дар ҷойи аввал бошад», –мегӯяд ӯ.
Назари ҳамкорон
Шамъигул Наботова, муовини раиси ноҳияи Нуробод: «Қабл аз ҳама мехостам ёдовар шавам, ки Қурбонгул Муллочаеваро метавон устоди ҳамаи омӯзгорони ноҳия номид. Саҳми муаллима дар ободии ноҳия чашмрас аст. Азизи мардум аст, зеро корро аз зинаҳои пойин шуруъ намуда, дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ миёни ҷомеа буда, аз каму кост ва пешрафтҳо огоҳӣ дошт, то ба ин мартаба расид».
Зафар Ҳисориев, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод: «Аз соли 2004 бо муаллима ҳамкорӣ дорам. Тайи ин муддат аз Қурбонгул Муллочаева чизҳои зиёдеро омӯхтам. Хислати аз ҳама хуби муаллима ҳамчун роҳбар ин аст, ки ҳамкорон ва зердастони худро ҳама вақт чӣ аз назари маънавият ва чӣ аз назари моддӣ дастгирӣ менамояд. Дар оила ва ҷойи кор бо тарзи муносибати хуб аз дигарон фарқ мекунад. Фикр мекунам ин аз тарбияи хонаводагии онҳо маншаъ мегирад. Инсоният ва меҳрубониро ба зердастон талқин менамояду дар тарбияи кадрҳои ноҳия саҳми босазо дорад. Ҳодисае аз ёдам намеравад. Тоза ба кор шуруъ карда будам. Яке аз пайвандонам шабона мариз шуду ӯро ба бемористон бурдем. Муаллима субҳи содиқ ба он ҷо омад. Оё мешавад чунин роҳбар ва инсонро дӯст надошт? Барояш саломатӣ ва рӯзгори нек таманно дорам».
Эмомалӣ Сайидамирзод