.
Ҷои баҳс надорад, ки як мушкили ба қавле сарсафедкунандаи занҳои деҳа ин ҳамарӯза пухтани нон аст. Бешак, саволҳои зиёде то ҳанӯз посухи худро наёфтаанд. Пурсишҳое мисли «чаро мардуми мо ин қадар нони бисёр мехӯранд?», «Чаро дигарон аз нонхӯрии мо ангушти ҳайрат мегазиданд?» ва ғайраву ҳоказо.
Воқеан, мо замони шӯравӣ аз нон доим сер будем. Бо шиками пури нон, бо анвои хӯрданиҳои аз орд омодашаванда, бо қабули ин андеша , ки «нон муқаддас аст» ва зери по кардани як резаи он ҳам уболи сахт маҳсуб мешавад.
«Нон бувад чу ҷони одам,
Қуввату дармони одам» – месурудем ва бовар мекардем…
…Ҳар рӯз рухсораҳои аз алови танӯр сурхгаштаи янгаамро дидаву ҳавасам мерафт, ки боре нон пазам. Он вақт тақрибан 13-15 сола будаму зуволаи мулоими ба сад шаклу сурат зери панҷаҳои ӯ печу тобхӯранда завқамро меафзуд. Аз лаби нони суп-сурхи ҳаврнок порае шикастану ба оби хунук ё сиёҳшакароби лаби чакдон тар кардан, тамъе дорад, ки тамоми умр фаромӯш намекунем.
Боре аз янгаам хоҳиш кардам, ки рафидаи нонашро ба ман вогузор кунад, то нонеро бо дасти хеш ба танӯри тафсон часпонаму собит созам, ки нонпазӣ кори соддаест. Зуволаи аввалро болои лахчаҳои сӯзон ғалтондаму мавҷи оташи танӯр рӯямро сӯзонд ва рафидаи болои қури оташ афтондаам, қаҳ-қаҳаи янга ва қаҳри модарамро чун исботи беҳунарӣ то ҳол баъди 40-сол ҳам ёд дорам.
Баъди чанд моҳе боз фатири равғании мухпарзадаашро яклабаву хокистаролуд дар нисфи чакдон базӯр часпонидаву ба қавле «ҳавас шикастам». Бехабар аз сангиниҳои нонпазӣ мехостам ҳар чи зудтар онро биёомӯзам. Модарам инро шунида гуфт:
– Агар нонпазӣ мехоҳӣ аз хамиркунӣ шурӯъ бикун!
Аз янгаам, ки ҳар рӯз 15-20 нон мепухт, хоҳиш кардам, ки аз нозукиҳои кори нонпазӣ бохабарам созад.
Соатҳои 6 субҳ ӯро болои сар дидаму бо дили нохоҳам аз ҷо хестам. Дасту рӯй шуставу пеши дари аловхона рафтанӣ будам, ки модарам гуфт:
– Аввал рафта нохунҳоятро паст бигир. Баъдан фарши аловхонаро об зада бирӯб. Пеш аз ин хокистари чакдону дегдончаҳоро бароварда парто. Баъд то оринҷ ҳарду дастонро ду бор собуншӯ бикун. Баъд рӯймолро ба сарат ҳамчунон банд, ки торе аз мӯят натобад. Баъди пок кардани дастҳоят ордро аз кулӣ (ҷойи нигаҳдории орд) гирифта бо элак бубез. Баъди тозагиҳои гирду атрофи сурфа ва бехтани орд боз як бори дигар дасту карсонатро пушту рӯ тоза бишӯй. Намаку хамирмоя ва оби гарму хунукро пешат гузошта, боз даст шӯй ва бо калимаи «Бисмиллоҳ» обу намаку хамирмояро омехта намуда, баъд ордро ба он бирез ва ба хелидани хамир шурӯъ намо.
Барои хелидани хамири 15-20 нони калон зиёда аз 20 кило ордро бехтам. Чун ду бор хамири часпакро ба ин тарафу ба он тараф ғелонданӣ шудам, арақ аз ҳар тори мӯям рехтан оғоз карду акнун ба ҳикмати чунин рӯймолбандӣ сарфаҳм рафтам. Хулоса, ман хаставу лакот шудаву ҳарчанд зӯр задам, хамирро хелида натавонистам. Янгаам, ки дар хамирхелиям маро раҳбарӣ мекард, гуфт: «Биё бас кун. Аввалаш, ки зӯрат намерасад. Баъдан ту ду соат вақти маро беҳуда гирифтӣ, акнун имрӯз то хӯроки нисфирӯзӣ нонҳоям омода намешаванд».
Ман, ки аз хамиркунӣ бо ин қадар ташвиш ва душвориҳояш безор шуда будам, аз сари сурфа зуд хестам ва дарёфтам, ки лаззат фақат дар нони тайёр будаст.
Баъдан вақте худ соҳибхона шудам, акнун дар ойна бо ҳавас чун замони кӯдакӣ на танҳо рухсораҳои сурхамро медидам, балки қошу мижаҳои нимсӯз, дасту бозуи ҷо-ҷо доғдори сӯхта, миёндарду хастагии баъди хамиркунӣ, афгории баъди сари чакдон ва соатҳои зиёди меҳнати сангини занҳо барои омода кардани як нонро, ки он ҳам ҷузъе аз воситаи шикамсеркунии мост, дарк кардам ва ба ҳикмати шеъри шоир сарфаҳм рафтам, ки гуфтааст:
Рӯйсурхии фатири гармро пурс аз хамир,
Мехӯрад сад мушту месӯзад, ки то нон мешавад.
Агар зани ҷаққоне 40-дақиқа ё 1-соати вақти худро сарфи шӯридани хамир кунад, то зувола рост кардану оташ афрӯхтан ва пухтани он на камтар аз 3 соати дигар масраф мешавад. Агар мо ғами ёфтани орди хуб, ҳезум, пешдаргирону садҳо ҷузъиёти дигарро ба ҳисоб нагирем, 3-4 соати ҳаёти ҳар як модари деҳот сарфи таҳияи нон мегардад. Дар ҳоле, ки зиёда аз 70 фисади аҳолии мо дар деҳот зиндагӣ мекунанду тақрибан 60-80 фисади онҳо занҳои хонашинанд, мусаллам аст, ки як ҷузъи ҳаёти занон ё кори асосии эшон ҳамин нонпазист.
Мо на нонро ба танҳоӣ хӯрок мешумурему на хӯрокро бе нон ғизо. Вале аксари мардуми дунё нонро воситаи ин қадар зарурии таъом ё шикам сер кардан намеҳисобанд. Азбаски асоси хӯроки мо дар шаҳрҳо ҳудуди 60-70 фоиз ва дар деҳот қариб 80 фоиз аз орд ё нон вобастагӣ дорад, мо то имрӯз ҳаёти худро бе нон тасаввур намекунем.
Дар оилаҳои маъмулии деҳоти мо, ки на камтар аз 2-3 келину кӯдакҳо бо хусуру хушдоман ва хоҳару бародари шавҳар якҷоя мезиянд, албатта, рӯзе 10 - 15 нони калон саф мешавад. Аз ин рӯ, пухтани нон дар деҳот чун «такрористеҳсолкунӣ»-и илми иқтисод амали ҳамешагист. Корест ҳамарӯза, сангин, вале ба зан барои ин меҳнат на музде дода мешаваду на сипосе мегӯяндаш. Гузашта аз ин, аксаран ғами таҳияи маводи нон ҳам, бар дӯши худи ӯст, ки заҳматашро даҳчанд меафзояд, вале боз таънааш мекунанд, ки: «Рӯзи дароз чӣ кор мекунӣ? Хонашиниву тайёрахӯр!». Ва ӯ ҳам инро таҳаммулпазирона қабул дорад, дар ҳоле, ки мо дар бораи танҳо як «вазифаи хонагӣ»-аш гуфтем. Чунин «вазифаҳо» дар ҳаёти ҳаррӯзаи занон беҳисобанд…
C. АЛӣ