Маъмулан, вақте коршиносон дар мавриди нақз шудани ҳуқуқи зан дар ҷомеа ва хушунат дар хонавода сухан мегӯянд, сарчашмаи онро дар маърифати пасти мардон ва бехабарии бонувон аз ҳуқуқи худ мебинанд. Кор ба ҷойе расидааст, ки бархе аз мутахассисони ин ришта хушунатро бештар ба деҳот рабт медиҳанд, ки ин натиҷагирӣ ба назари мо аз ибтидо ғалат аст.
Интихоби сарлавҳаи матлаб низ тасодуф нест. Он замони донишҷӯйӣ борҳо аз забони як нафар донишманди риштаи адабиёти донишгоҳе, ки мо дар он таҳсил мекардем, садо медод. Эҳтимол ин шахс зери таъсири фарҳанги Ғарб мондаву бидуни таҳлил ва арзёбӣ ҷумлаи мазбурро такрор мекард. Зеро дар маъхазҳои исломӣ, аз ҷумла Қуръон, ҳуқуқи зану мард баробар таъйин шудааст. Ба ибораи донишманди шинохтаи Эрон, доктор Таботабоӣ «Хуқуқи зан ва мард дар Қуръон баробар, вале мушобеҳи ҳам нест». Ӯ дар асари тадқиқотии худ «Зан ва Қуръон», ки бештар аз 1500 саҳфаро дар бар мегирад, ба таври хеле муфассал ва дақиқ дар мавриди ҳуқуқи баробари зану мард сухан гуфта, шабеҳи ҳам набуданро ба маънии вазоифи ҷисмонии ҳар ду ҷинс дар анҷоми корҳои хона медонад.
Аммо ба фарҳанги Ғарб назар афканем, бароямон рӯшан мегардад, ки ҳанӯз аз ибтидои пайдоиш насроният ба зан дар хона ва ҷомеа мақоми хеле пойинтар аз мард медод. Алии Шариатӣ, донишманд ва ҷомеашиноси маъруфи фаронсавӣ, дар асари тадқиқотии худ таҳти унвони «Фотима- Фотима» ёдовар мешавад, ки: «Зани аврупоӣ то ҳанӯз барои «гуноҳ» - и Ҳавво ва берун гардидани Одам аз биҳишт ҷавоб мегӯяд. Зеро гуноҳи нахустинро дар таърихи инсоният зан содир намудааст ва бояд ҳар мард чун идомаи бобои худ –Одам ба вай пушт гардонад».
Томас Дакини наҷиб, ки дар ҷомеаи ғарбӣ дорои мақоми аршаде буд, дар мавриди зан мегуфт: «Агар, Худо бубинад, ки мард занеро (ҳатто, агар ҳамсараш бошад) дӯст медорад, ӯро ба ғазаби худ гирифтор мекунад. Зеро дар дили инсон бояд як ишқ бошад ва он ҳам ба Худо. Исо муҷаррад буд. Марди масеҳӣ бояд ба зан дил набандад».
Дар асрҳои миёна аз рӯҳонии ғарбие суол мекунанд, ки : «Агар ба хонаи зан марде биояд, ки бо ӯ пайванди хешӣ дорад, вале шавҳар ҳузур надошта бошад, оё он табори зан метавонад вориди хона гардад?» Рӯҳонӣ чунин посух медиҳад: «Ҳич гоҳ. Агар мард вориди хона гардаду зан вайро ҳатто набинад, он меҳмон гунаҳкор шумурда мешавад!».
Ҷомеаи ғарбӣ ба андозае занро аз ҳуқуқҳои инсонӣ маҳрум карда буд, ки ӯ аслан ихтиёри интихоб надошт. Духтар то шавҳар кардан бо насаби падари худ муаррифӣ мешуд ва баъд аз издивоҷ ҳатман бояд насаби ҳамсари худро мегирифт (ин таъомул аз тариқи фарҳанги рус ба ҷомеаи мо низ дар қарни 20 ворид гардида буд ва мутаассифона, то имрӯз бархе онро идома медиҳанд). Ҳангоми издивоҷ дар асноди арӯс аввал насаби нав (яъне насаби шавҳар) ва баъд насаби духтарии ӯ сабт мегардид. Мутаносибан, баъд аз издивоҷ молу мулки аз падар мерос гирифтаи арӯс ба номи шавҳар мегузашт ва ин бори дигар тасбит менамуд, ки зан на танҳо дар ҷомеа ҳич мақоме надорад, балки мисли ашё аз даст ба дасте мегузарад. Дар муқоиса ба ин, ба андешаи доктор Алии Шариатӣ: «Зан дар ислом озод аст ва ба ҳуқуқи ӯ эҳтиром гузошта мешавад. Зан дар ҳар риштае, ки хоҳад, метавонад кори хешро роҳандозӣ намояд ва шавҳар ҳуқуқи ба кори вай дахолат карданро надорад. Зан аз назари иқтисодӣ дар ҷомеа озод аст».
Бархурди тамаддунҳо ҷараёнест ногусастанӣ ва он ҳатман ба зиндагӣ ва суннатҳои мардумӣ таъсир гузошта, иллати тағйир дар биниш ва фарҳанг мегардад. Ин бархурд ҷанбаҳои мухталиф, яъне манфӣ ва мусбат дорад. Бояд ба арзишҳои суннатии накӯ арҷ гузошт ва ҳамзамон аз тамаддуни дигар ҷанбаҳои хубро гирифт. Интихоб бояд бар суди миллат бошад. Дар акси ҳол фарҳанги аҷнабӣ метавонад моҳияти арзишҳои маънавиро аз байн барад. Дар муаррифӣ сохтани фарҳанги дигар миллатҳо нақши донишмандону ҷомеашиносон (мутаассифона, то ҳол мо ҷомеашиноси варзидае надорем) ва рӯшанфикрону аҳли қалам хеле бориз аст. Бахусус, ВАО метавонад дар анҷоми ин кор нақши калидӣ дошта бошад. Имрӯз аз тариқи телевизион ва матбуот ба мо чеҳраи чанд бонуи ҳунарманди Ҳоливуд ва сарояндагону раққосони ғарбӣ муаррифӣ мегардаду халос. Дар ҳоле ки тамаддун ва илми Ғарб чеҳраҳои арзишманду шинохтанӣ дорад. Масалан, чаро дар мавриди зани аврупоие наменависем, ки дар 16- солагӣ ба саҳрои Африқо рафта, тамоми умр тарзи сухангӯии мӯрчаҳоро омӯхт. Умр кифоят накарду тадқиқоти ӯро духтараш дар синни 40 – солагӣ анҷом дод. Барои чӣ дар бораи хонуми Ҳушан намегӯем, ки ҳаёташро ба омӯзиши эҷодиёти Абуалӣ ибни Сино, Ибни Рушд, Мулло Садр ва Ҳодии Сабзаворӣ бахшид? Чаро хонум Де ла Видаро ба мардум муаррифӣ наменамоем, ки китоби Ибни Сино - « Илми рӯҳ» - ро ба чоп омода сохт. Донишмандбонувони зиёде аз қабили хонум Кюри ва Рессас Дю ла Шапелл ҷиҳати мунтахаб сохтан ва муаррифӣ кардани тамаддуни форсзабонҳо заҳматҳои зиёде кашидаанд, аммо бонувони мо дар иртибот ба онҳо чӣ медонанд? Оё дар ин росто мо коре анҷом додаем?
Агар чунин аст ва дар бахши муаррифии фарҳанги пешрафтаи ҷаҳон саҳме надорем, чаро бояд қисмати манфии онро ба ҷомеа бирасонем ва дар ҷомеаи мардсолориамон вазъи ҳуқуқии бонувонро нигаронтар созем? Шояд беҳтар аст, агар фарҳангро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор бидиҳему ба ҷойи «зана зан, намурад, бо табар зан!», ба ҷавонон бигӯем: «Занро дӯст дору гул ҳадя бикун ва агар лозим шавад, барояш ҷонро дареғ мадор!».
Эмомалӣ САЙИДАМИРЗОД