Яке аз чунин инсонҳо, ки ҳар зане орзуи модари чунин родмард буданро мекунад, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Ӯро модари азиз – биби Майрам ба дунё овард. Бо орзую ниятҳои нек тарбият кард. Дуои некаш бидод. Писар низ қарзи фарзандӣ ба ҷой овард. Тавонист сари тафохури модар ба само бардораду собит намояд, ки ба ҷо овардани панди модар аз муқаддасоти инсон аст. Модар то лаҳазоти охирини умр шукронаи Худованд мекард, зеро фарзанди ӯро ба бузургмарде табдил дод, ки давлатеро сарварӣ дорад. Ва бо ҳамин шукрона то охири умр зисту азизу маҳбуб монд ва аз дидори бузургфарзандаш сер нагашт. Яқин ба шарофати дуои неки модар, ба шарофати дили поку нияти некаш ба ин фарзанд шарофати тахту бахт насиб гашт.
Аз аҳли ин Ватан, чанде аз пирони рӯзгор Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони фарзанди ифтихории хеш пазируфтаанд. Берун аз кишвар ҳам ӯро падар ва соҳиби тоҷикони олам хондаанд. Вале ду нафар пирони кори суғдӣ, ки танҳо тавассути заҳмат дар даврони шӯравӣ ба дарёфти унвони ифтихории Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафёб шудаанд, ӯро ба русуми хосаи тоҷикӣ фарзанд хонданд. Ва ҳар ду то дами ҳаёт будан дар шумули фарзандон нахуст номи варо ба забон бурдаву боифтихор мегуфтанд: писарам Эмомалӣ.
Суфро Боқиеваи исфарагӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Москва шинохтаву чун қаҳрамони меҳнат номдор буд. Ӯ бо аввалин дидор соли 1994 Эмомалӣ Раҳмонро писар хонд.
Имрӯз фарзандони ин хонадон, бо ифтихор чунин мегӯянд: «Модари моро танҳо заҳматписандӣ, ҳалолкорӣ, хоксорӣ, меҳмондӯстӣ, саховатпешагӣ машҳуру маҳбуби дигарон карда буд. Зеро вай ҳамагӣ то синфи чор таҳсил карда, сипас бо шурӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба колхоз, барои кӯмак ба фронт ба кор баромадааст. Аввал ба кирмакпарварӣ, сипас ба чорводорӣ машғул шуда, дар парвариши говҳои зотӣ ба муваффақиятҳо даст ёфтааст. Ӯ дар як сол аз ҳар сар гов беш аз 5000 литр шир дӯшид ва соли 1966 ба дарёфти унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафёб ва дар Иттиҳоди Шӯравӣ як зани машҳур гардид.
– Ҳар шахсе, ки ба Исфара меомад, меҳмони модари мо мешуд. Миёни меҳмонҳо Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ашӯр Сафар, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов ва шахсиятҳои дигари машҳур буданд. Ёд дорам, ки боре Ҷаббор Расулов ба фермае, ки модар кор мекард, омад. Говҷӯши номӣ аз хона ширу қаймоқ оварда, рӯйи дастархон гузошт. «Ман ҳақ надорам бо анвои хоҷагӣ меҳмонони худро пазироӣ намоям», –мегуфт Суфро Боқиева.
Эмомалӣ Раҳмон, низ ба ҳайси як фарзанди пазируфтаи ин зани номдор ҳар гоҳе ба Исфара меомад, ҳатман ба дидори модар мерафт. Аз ҳар боб сӯҳбат мекарданд. Соли 1996 бо ташаббуси Сарвари давлат 70-солагии Суфро Боқиева таври шоиста таҷлил гардид. Ӯ бо ифтихор аз писараш, аз оне ки Президенти Тоҷикистон эҳтироми вайро фарзандвор ба ҷо меорад, меболид. Модар ҳамеша дар фикри саломатию амнияти ин Ватан ва писархонди хеш буд. Шабу рӯз, вақте даст ба дуо мебардошт, нахуст номи фарзанди калонӣ – Эмомалиро ба забон меовард, мегӯянд пайвандонаш Дилбару Наимҷон Юнусовҳо. «Ҳине ки хабари дар Хуҷанд ярадор гаштани Президентро шунид, Модар қарорашро гум карда нолаву фиғон бардошт, то даме, ки озими Душанбе нагашт, касеро ором нагузошт. Воқеан, меҳри ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон модарона буд», – мегӯяд Наимҷон Юнусов.
Бонуе дигаре, ки баъдан Президентро ба фарзандӣ пазируфт Энаҷон Бойматова буданд. Ҳамон Энаҷоне, ки рамзи модарону занони содиқу покдоманест, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ азизони хешро гум кардаву сабурона бори фироқ кашидаанд. Ӯ 17 сол дошт замоне, ки шавҳараш ба ҷанг рафт. 21 сол бозгашташро интизор шуд. Сипас, барои он ки аз дунё бенишон нагузарад, дигарбора оила бунёд кард. Ва худованд ба вай нигини ҳаёташ ягона духтараш-Дилбарҷонро ато бинмуд. Энаҷон низ аз синни ёздаҳсолагӣ ҳаёти хешро комилан ба кори саҳрову зироаткорӣ бахшида, аз деҳқони оддӣ то ба дараҷаи раисии хоҷагии бузург расид. Бонуи заҳматпешаву мушкилнописанд Эмомалӣ Раҳмонро соли 1996 ба фарзандӣ пазируфт. Самимона, беғаразона, аз рӯйи ихлосу таманноҳои нек. Зеро ин зани меҳнатӣ хуб медонист, ки дар рагу пайванди ӯ низ хуни заҳматдӯстиву ҳалолкорӣ ҷористу Модар бо нони ҳалоли меҳнатӣ бузургаш карда.
Шиносоии ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон барвақттар, ҳанӯз аз солҳои ҳаштодуми асри 20 ки чун мутахассисони соҳаи кишоварзӣ зуд-зуд дар маҷлису ҳамоишҳо ширкат меварзиданд, ибтидо мегирад. Вале баъди он ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуд, вай акнун ба қисмати шимолии Тоҷикистон на ҳамчун меҳмон гоҳ-гоҳе меомад, балки чун Роҳбари давлат зуд-зуд сафари корӣ анҷом медод. Вай мекӯшид бо пирони кор, аз зумраи Энаҷон Бойматова ва Суфро Боқиева вохӯрад, аз онҳо маслиҳатҳо пурсад, дуояшонро бигирад.
Тавре Дилбарҷон қисса мекунад, Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба хонадони онҳо тақрибан баҳори соли 1996 меҳмон шуд. Вай ба хонаву дари басо хоксоронаи шахсе ташриф овард, ки 31 сол раҳбарии хоҷагии машҳури «Москва»-и деҳаи Пӯлотони ноҳияи Конибодомро бар ӯҳда дошт.
– Маълум аст, ки Шумо на барои худ, балки ба халқи хеш хизмат кардаед,– иброз дошт Сарвари давлат. Ташаккур ба модароне, ки тимсоли меҳнатдӯстиву садоқатмандиянд, саломат бошед, модари азиз, гуфт бо самимияту сипос Президенти Тоҷикистон.
Маҳз баъди ин ӯ эълон дошт, ки 70- солагии модархондаш- Энаҷон Бойматоваро чун як зане, ки ҳаёташ омӯхтаниву ифтихорист, таҷлил хоҳанд кард. 13-уми августи он сол Сарвари давлат ба табрики соҳибҷашн омад. Ва сипас, ҳар боре, ки ӯ ба вилояти Суғд меомад, ба дидори модархонд мушарраф мешуд. Дар рӯзҳои ҷашну хурсандӣ барояш номаи шодбошӣ мефиристод.
Соли 1996 маҳз бо сарпарастии Президенти кишвар ин модаронро сафари ҳаҷ муяссар шуд. Дар хонаи Худо ҳар ду модар баҳри саодати халқу фарзандашон Эмомалӣ дасти дуо бардоштанд, ва ба мардуми кишварашон сулҳу ваҳдат ва хушию шодмонӣ хостанд.
Энаҷон Бойматова зиндагии ибратомӯзеро аз сар гузаронд. Ҳини бемориаш Эмомалӣ Раҳмон фарзандвор адои хидматаш намуд. Беҳтарин табибон аз пайи дармони ӯ шуданд. Раҳбарияти вилоят пайваста аз ҳолаш хабар мегирифт. Як сол қабл дар синни 87-солагӣ ин модар низ дунёро падруд гуфт. Сарвари давлат ин замон дар сафари хидматӣ қарор дошт. Ба аҳли хонадон номаи тасаллият фиристод.
Саволе матраҳ аст: чӣ омиле модарони барӯманди Суғдро водор сохт, ки Президенти кишварро ба фарзандӣ қабул намоянд? Ва ё чун модар пазируфтани ду қаҳрамонбонуи суғдӣ аз ҷониби Сарвари давлат чӣ ҳадаф дошт? Посух яктост: қадршиносии якдигар, арҷ гузоштан ба кору пайкори созандаю бунёдкоронаи инсонҳои бузург, одамгарӣ, меҳру муҳаббати модарию фарзандӣ, хештаншиносию миллатпарастӣ ва волотар аз он, эътирофи мақоми зан дар ҳаёти инсонҳо ва кишвар.
Агар инсон накӯхислату шарафрой ва номдору номбардор аст, ҳар зане мехоҳад чунин фарзанд дошта бошад. Ва Президент низ дар симои МОДАР ҳамеша занони бошарафи меҳнатии соҳибобрӯро медид. Шояд сарчашмаи ин эътироф Бибимайрам – модари Президент аст, ки худ чун рамзи як зани некном ва заҳматқарин дар ёдҳост?
Мо аз бону Шуҷоат Ҳасанова собиқ муовини раиси Маҷлиси намояндагон, ки шоҳиди бевоситаи ҳар ду лаҳзаҳои модархониву фарзандхонӣ дар Суғд буд, суол кардем, ки ташаббус аз ҷониби кӣ буд? Қадами аввалро дар ин роҳ писар ниҳод ё модарон орзуи чунин як писарро доштанд?
«Ташаббус аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар он айёми душвору тақдирсоз, ки аксар ба фардои Тоҷикистон умед надоштанд, даврае , ки ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро тақсим карда буду миёни пойтахт ва қисматҳои ҷанубу шарқӣ ва шимол ба ҷуз бо тайёра бо ягон воситае рафта намешуд, ин иқдоми Президент гузошта шуда буд. Мардум дар ҳолати номуайянӣ қарор доштаву фардои некро тасаввур ҳам намекард. Ана, дар ҳамин ҳол Ҷаноби Олӣ бо ин иқдоми нек гӯё як навъ пайвандгари минтақаҳои кишвар шуда, собит намуд, ки Тоҷикистонро ба осонӣ қисмат карда намешавад», – гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Оре, Президенти Тоҷикистон аз ҳама роҳу усулҳои сарварӣ, аз раҳи сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳатто сар аз муносибати оддии инсонӣ, то ахлоқу расму русум, аз рӯҳу ҷисму ҷон, аз муҳимтарин оризаҳои ҳаёт истифода карда пайванди миллату давлат, хоса минтақаҳои аз замони шӯравӣ гусастаро ба ҳам овард, мустаҳкаму қавӣ гардонд. Ба ин васила ба душманоне, ки пора гаштани Тоҷикистонро тарҳрезӣ карда буданд, имконе боқӣ нагузошт, ки талоши дигаре дар ин раҳ дошта бошанд. Ваҳдату якпорчагии халқи кишварро таҳким бахшид.
Аҷиб аст русуми тоҷикӣ. Ҳарчанд модарони мо бо серфарзандӣ ва тарбияии хуби фарзандонаш ном бароварда бошад ҳам, дили чун баҳр беканори онҳо боз ҳам аз ҳаваси бештар доштани фарзандони некном гӯё сер намегардад. Русуми бародархониву фарзандхонӣ, хоҳархониву падару модархонӣ нишоне аз ойини инсондӯстӣ ва дарёдилии мо, тоҷикон буда, дар симои фарзандхонии ду модари суғдӣ ва ин писари хатлонӣ чун рамзи пайванди хунии хонаводагии миллати мо шоистаи омӯзиш аст. Ва дар ин ҳафтаи поси хотир мо, ёде аз он Модарони арҷманд карда, таваҷҷӯҳи хонандаро ба фарзандофарӣ, тарбияи накӯ ва мушарраф гаштан ба ифтихори модарӣ ҷалб кардаву дасти дуо мебардорем, ки ҷойи ин модарони соҳибифтихору некном Боғи фирдавс бошаду модари Тоҷикистон ҳазорон фарзандони накӯноми дигаре таваллуд созад, ки занони олам аз фарзандхонии эшон ифтихорманд бигарданд.
Оре, замоне се модар ба як шева сари тафохур боло мекарданд, ки писаре доранд бо исми шинохтаи Эмомалӣ, ки пазируфтаи мардум аст. Фарзанд ҳам дар симои се модари ба меҳнат шӯҳратёру ба накӯйи овозадораш хешро фарзанди сазовори эшон дидаву қарзи фарзандӣ ба ҷо оварда… ва на танҳо пеши се модар, балки назди як модари боз ҳам бузургтаре бо номи Тоҷикистон.
Тилав Расулзода, Ҳуриннисо Ализода.