05

Сентябр, 2025
Ҷумъа

05

Сентябр, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЭҲСОСИ ПАДАР БУДАН


Бачам, вақти хобат шуд; бачам, офтоб тулӯъ кардааст, бархез; бачам, ҳаво сард аст, либоси гарм пӯш; бачам, барвақттар баргард; бачам...; бачам...; бачам...

Ин хитобҳои волидайнам аст, ки аз замони тифлӣ то кунун ба гӯшам мехонанд. Сарфи назар аз ин ки кайҳо падар шудааму акнун худам ҳам ин хитобҳоро ба кор мебарам. Агарчӣ ягона фарзандам духтар аст ва ҳамагӣ 2 солу 2 моҳ умр дорад, тибқи одати маъмули тоҷикӣ, ӯро бо вожаи бачам садо мекунам: бачам, биё дадаша хай гӯем, бачам, барот чӣ биёрам? бачам... бачам...

Ва ӯ ҳам ба шеваи тифлонаи худ ба ин хитобҳо аксуламале нишон медиҳад, ки бештар аз дирӯзаш маро дар ҳайрат мегузорад.

Аз бузурге омӯхта будам, ки фарзанд, агар духтар бошад, эҳсоси падариро барвақттар бармеангезад. Ҳоло писар надорам, ягона духтарам кайҳост, ки эҳсоси падар буданро дар вуҷудам бедор сохтааст.

Ҳамеша эҳсос мекунам, ки ду чашмаки зебо дар назораи ман аст. Чашмакони маъсум маро ҳушдор месозанд, ки роҳи хато напаймоям, дар хона ҳарфи дуруште нагӯям, бештар аз ҳар вақти дигар нармхӯву нармгӯ буданро талқинам месозанд. Ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки шояд инсони баркамол амали софу бекинаро аз кӯдак омӯхта бошад.

Ҳар гоҳе ки ӯ дар оғӯшам ором мегирад ва оҳиста-оҳиста ба хоби ноз меравад, гӯё ин лаҳзаҳо дунё дар назарам ором мегирад. Ва ҳар гоҳе ӯро дар оғӯш дорам, эҳсос менамоям, ки дунёро ба оғӯш гирифтаам. Ширинтар аз ӯву меҳраш дар рӯи ҷаҳон чизе нест. Ин ҳама лаҳзаҳои нотакрори бо ӯ буданҳоям маро водор мекунанд, ки дар фикру эҳсоси масъулияти падар будан, дар паи беҳбуди зиндагӣ ва ояндаи ӯ талош варзидан бошам.

Замоне ҳарос ва нигарониҳое аз ин масъулият доштам (тибқи хулосаи равоншиносон аксар ҷавонон аз масъулияти падар шудан метарсанд), аммо ҳоло ширинии гуфтору рафтори ӯ ин ҳама тарсу ҳаросро дар вуҷудам оташ задааст. Дар оғоз, ҳамеша меандешидам, ки “оё метавонам падари хубе барои фарзандам бошам?”, ҳоло дигар шаке дар дил надорам. Чӣ кайфияте дорад, хандаи беғаши фарзандро дидан, қаҳрамони бозиҳои тифлонаи ӯ будан.

Ҳоло дар васати хандаву гиря, бозиҳои фарзандам гӯиё тифлии худамро суроғ мекунам. Тифлие, ки бозичаҳояш тиру силоҳ буду садои хандаву гиряҳо зери садои тарсдору воҳиманоки тӯпу туфанг нопадиду ношунаво мегашт.

Ҳамакнун мехоҳам орзуҳои тифлонаи худро дар симои фарзандам бишканам. Орзуҳои барбодрафтае, ки дигар бебозгашт аз ман рабуда шудаанд. Ҳоло бар ин андешаам, ки шояд дар зери мафҳуми масъулияти падарӣ ин ҳикмат нуҳуфта бошад, ки тифлии худамонро як бори дигар маҷозан аз пеши назар бигзаронем ва он чиро ки худамон натавонистаем ба даст оварем, шояд ба дасти фарзандонамон биспорем?

Ҳар чӣ ҳаст ва ё не, як ҷаҳон лаззату ҳаловат дорад эҳсоси гуворои падар будан.

 

С. Ҳалимзода

:.  Фарҳанг 18.05.2012 11:07 2221

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz