07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КУФ БОЯД ҲАРДУ ҶУФТ АНДАР НИКОҲ...

            Писари он хешамонро ба хубӣ мешиносам. Ҷавони болоқади зебо, хушахлоқу бо масъулиятест. Деҳотӣ ҳасту донишгоҳ нахонда ва феълан дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебарад. Духтар зодаи шаҳру таҳсилдида ва дар ҷойе, ки феълан кор мекунад, ғолиби озмун шуда вазифаашро ба даст овардааст.

            Ба ибораи дигар, агар ин васлат сурат бигирад, пайванди ду ҷавоне хоҳад буд, ки ҳар кадом аз дунёи дигаре ҳастанд. Нобаробариҳо дар зиндагияшон бармало мушоҳида хоҳад шуд.

            Саволи матраҳ ин аст, ки оё мумкин аст чунин васлате баракоте бо худ дошта бошад ва ё беҳтар аст чунин издивоҷ аслан сурат нагирад? Кадом муштаракоте ва кадом тафовутҳое ҳастанд, ки ҳангоми издивоҷ аз нуқтаи назари дини мубини ислом бояд дар назар гирифт?

            Ашраф Алӣ Таҳонавӣ донишманди саршиноси ҳанафӣ мегӯяд: «шариати ислом ташвиқ ба дарназаргирифтани баробариҳо дар никоҳ мекунад». Масъалаи дар назар гирифтани баробариҳо дар никоҳ дар истилоҳи кутуби фиқҳ ҳамчун вожаи «куф» маъруф аст.

            Мутобиқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ҳангоми никоҳ бояд панҷ баробарӣ дар назар гирифта шаванд:

            1. Баробарии аслу насаб ва дудмон.

            2. Баробарии мусулмонӣ.

            3. Баробарии парҳезгорӣ ва тақво.

            4. Баробарии сарват ва дороӣ.

            5. Баробарии вазифаву кор.

            Аз лиҳози иҷтимоӣ мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъалаҳои дар боло зикршударо ҳамчун ҷойгоҳҳои иҷтимоӣ дорем, мисли: «эшон», «сайидзода», «сайидҳо», «тӯраҳо», «ояҳо», «махсумҳо», «маддоҳо» ва ғайра. Ин тақсимот ҷанбаи ҳуқуқӣ надоранд ва ҳеҷ санади расмии мо имтиёзеро дар асоси ин тақсимот дар назар нагирифтааст. Аммо амалан ин тақсимоти иҷтимоӣ кори худро мекунад ва дар миёни мардум дар маъракаҳо ва алалхусус дар никоҳ таъсири худро доранд.

            Шахсан ман ҷавони диндореро мешиносам, ки «эшонҳоро» як сару гардан аз боқии мусулмонҳо боло медонист. Ривоёти зиёде низ дар ин иртибот нақл мекард (гарчанде сиҳат надоштанд) ва мӯътақид буд, ки як духтари «эшонзода» бо ғайри «эшонзода» ҳаққи издивоҷро надорад ва ҳатман бояд як «эшонзода» бо як «эшонзода» издивоҷ кунад. Гарчанде на ҳамеша, вале ин масъала то ҳол дар ҷомеъаи мо таъсири худро дораду риоя мешавад. Аз нуқтаи назари фиқҳи ҳанафӣ боке надорад, ки масъалаи насабу хонадону дудмон дар никоҳ риоя шавад.

            Масъалаи дуввум ва ё баробарӣ дар мусулмонӣ ба ин маъно ҳаст, ки одамоне, ки чандин насл мусулмон ҳастанду куф ва ё баробари худро ҷуфт интихоб кунанд, беҳтар аст, на як касеро, ки худ мусулмон шудаву волидайнаш дар қайди мазҳабу дини дигаре ҳастанд, ё аслан худи ӯ мусулмон нест. Аз лиҳози тақвову порсоӣ низ ин беҳтар, ки инсони парҳезгор бо парҳезгор ба ақди никоҳ дарояд.

            Боре дар ҳузури ҷавонон аз фоидаҳои издивоҷи бармаҳалу саривақтӣ сӯҳбат мекардам ва писаронро мешунидам, ки аз духтарон барои аҳамият доданашон ба пулу молу дороӣ шикояту гила мекарданд. Тавсияи хоксоронаи ман ба онҳо ин буд, ки барои пулу молу дороӣ вақти ҷавонии худро аз даст надиҳед. Пулу молро мешавад ҳар вақт ба даст овард, аммо умри рафтаву ҷавониро баргардонидан не. Агар монеаи издивоҷи шумо духтарони моддигаро ҳастанд, пас касеро баргузинед, ки аз лиҳози дороӣ ҳамвазну ҳамсанги шумо бошад.

            Дар яке аз идорот муддате бо бонуе ҳамкор будам, ки худ муовини директори идора буду дар масъалаи мудирият хеле муваффақ. Ҳамсараш нонвой буд. Ин хонум аз касе инро пинҳон намедошт ва ин масъаларо айб намедонист. Тавониста буд бо ин воқеияти зиндагияш бисозад, аммо аз лиҳози мазҳаби ҳанафӣ ин беҳтар, ки шумо агар ҳамсари коригаре мегиред, чӣ беҳтар, ки аз лиҳози кору вазифа низ яксон бошанд.

            Ҷуфтҳои муваффақи зану шавҳари хабарнигор, пизишк, устоди донишгоҳро дар зиндагӣ фаровон дидаам ва ин нуктаро низ эҳсос кардам, ки ҳамкасбӣ дар зебоии ҳаёт нақш дорад. Ҳамкасбӣ дар ҳамдигарфаҳмӣ ва қадрдонӣ низ метавонад саҳим бошад. Худи ман бо духтаре ҳамсар шудаам, ки ҳамкасби ман нест, вале муҳандиси барқ ҳасту таҳсилдида. Агар гоҳе шеъре баланд ва ё ибораи арабиеро наметавонам бо ӯ дар миён бигузорам, аммо аз ин, ки ба фарзандам ӯ илми дақиқ меомӯзаду ман фанҳои гуманитарӣ, лаззат мебарам. Хулосаи гап ин, ки агар ҳамкасбатонро натавонистед бигиред, таҳсилдида бо таҳсилдида ҷуфт шавад беҳтар.

            Фароварди сухан ва хулосаи калом ин аст, ки оила, хонаводаи солиму мустаҳкам дар Ислом низ аз аҳамияти фавқулоддае бархӯрдор аст. Ба ибораи дигар, метавон гуфт, ки Ислом дини оила ва оиладорист. Дини мубин ҳама масъалаҳоеро, ки мумкин аст дар тақвият ва мустаҳкамии пайванди заношавҳарӣ саҳм бигиранд, ба мо баён кардааст, то тавониста бошем оилаҳои солиму мустаҳкамеро соҳиб гардем. Масъалаи куф ва баробарӣ дар никоҳ низ яке аз онҳост, ки Мавлонои бузург қарнҳо пеш бар он таъкид кардааст:

Бо кабутар боз кай шуд ҳамнафас,

Кай шавад ҳамроз анқо бо магас.

Куф бояд ҳар ду ҷуфт андар никоҳ,

Варна танг ояд, намонад иртиёҳ.

Саъдии ЮСУФӢ

:.  Фарҳанг 27.08.2012 04:04 2678

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz