Наврӯз дар Бадахшон бо шӯълапошиҳои шамси оламтоб ва садои дафу доираи бонувон, танин меандозад. Тибқи одати бостонӣ нахуст мардум ба хонабарорӣ мепардозанд, ки онро «сурхбаророн» ҳам мегӯянд.
Барои кадбонуҳо, ки қариб ҳар рӯз ба ҷорӯб задани хона машғуланд, маросими хонабарорӣ мақоми махсус дорад. Кадхудои хона ду ҷорӯб мебандад, ки якеро «пиёдаҷорӯб» ва дигареро «савораҷорӯб» меноманд ва бо яке сақфу бо дигаре фарши хонаро тоза карда, бар рӯйи сутунҳои хона кафи орд мезананд. Бо ин амали рамзӣ нерӯҳои аҳриманиро аз манзил берун намуда, онро ба вуруди соли нав ва фариштаҳои некӣ омода мекунанд.
Кафи орд ё сафедӣ маънои осоиш ва сафои рӯзгорро ифода мекунад.
Дилбастагӣ ба Наврӯз дар Бадахшон ба дараҷаест, ки мардум ҳатто арчаи сафеди наврӯзиро эҷод кардаанд. Бо анҷоми хонабарорӣ кадхудои хона ва бачаҳо бо гулғунчаҳои дарахти борвар ва ё арчаи сафеди наврузӣ, ки онро «каҷак» ва ё «ғулғула» ҳам меноманд, қадам ба остонаи хона мегузоранд. Арчаи наврузӣ хушаи серҳосили гандумро ба ёд меорад ва устоҳои маҳаллӣ онро аз шохаи бед тайёр мекунанд. Дар баъзе маҳалҳо арчаи сафеди наврӯзиро ранги сафеду қирмизӣ ҳам мекунанд. Кадхудо ва фарзандон онро дар даст гирифта, бо нидои «Шогун баҳор муборак!» ба хона ворид мешаванд . Кадбону бо суханони «Барои Шумо ҳам муборак!» бо дасти росташ ба китфи рости воридшудагон, ки ҷойгоҳи нерӯҳои некӣ аст, кафи орд - рамзи бахти сафед ва сафову осоиши рӯзгор мепошад. Арчаи наврӯзӣ чун рамзи бахту иқболи нек ва рӯзгори пурбаракат то наврӯзи оянда дар хонавода нигоҳ дошта мешавад.
Ба гуфти усто Курбонмамадшо Мирзошоев, агар дар назари аввал тайёр намудани «ғулғулаи наврӯзӣ» кори саҳл намояд ҳам, дар асл гулкории чӯб ва ба шакли хӯшаи гандум даровардани он, малакаи махсус талаб мекунад. Арчаи наврӯзӣ дар хонаводаҳо ҷойи хӯшаи пурбори гандумро мегирад ва аз фасли баҳор ва шукуфтанҳо, киштаҳои фаровону ҳосили пурбаракат башорат медиҳад. Бонувон мегӯянд, ки аз боришоти зиёди барф фоли нек гирифтанд, ки соли равон соли пур аз хайру эҳсони табиат хоҳад буд.
Кадбонуҳо беҳтарин ҳунари пазандагии хешро дар омода намудани таомҳои қадима дар ин рӯз намоиш медиҳанд. Хӯроки махсус бо номи бат, аз омехтаи орду шир ва равғану шакар тайёр мекунанд ва аҳли хонавода ва ҳаққу ҳамсояҳо аз он ком ширин намуда, ба ҳунари пазандагии кадбону баҳо медиҳанд.
Ба бачаҳо дар ин рӯз таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мешавад ва онҳоро дар ҳар як хонавода тӯҳфаҳо интизор аст. Онро кадбонуҳои моҳир махсус тайёр мекунанд. Бачаҳо бо ғуруби офтоб болои бом рафта, шолро аз равзан ба хона дароварда, бо қироати шеъри наврузӣ тӯҳфаро аз дасти кадхудои хона мегиранд. Сипас, мардум ба хонагаштак мепардозанд. Ба манзили ҳамдигар меҳмон шуда, ба ифтихори Иди бузург ва оғозҳои нек ҳамдигарро муборакбод менамоянд.
Аммо дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз дар рӯзҳои наврӯзӣ издивоҷ афзоиш меёбад. Ақидае роиҷ аст, ки ҳар касе дар Наврӯз оила бунёд кунад, ҳеҷ як қувваи аҳриманӣ ба он зиён расонда наметавонаду ин хонавода тамоми умр хушбахт монда, фарзандони солеҳ ба дунё меорад. Маросими баробаршавии шабу рӯзро дар Ёгед шаби бурвеҷ меноманд. Ба қавли бархе аз сокинон бурвеҷ калимаи суғдӣ буда, маънои шаби муқаддасро дорад.