- Барои чӣ мақомоти давлатӣ зуд-зуд зери танқид қарор мегиранду аммо хомӯшӣ интихоб мекунанд?, - суол медиҳад, Файзинисо Воҳидова, ва худ посух медиҳад: «Барои он ки мансабдорони давлатӣ рӯзнома намехонанд ва ё кам мехонанд. Аз Интернет истифода намебаранд. Аз сӯҳбатҳое, ки бо эшон анҷом додаем, маълум мегардад, ки дар аксар маврид аз матлабҳои баҳсбарангези дарҷгардида хабар надоранд».
Хуршеда Раҳимова як бонуи хонашин иброз медорад, ки вай аз шумули ҳафтаномаҳо асосан «Оила» «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-у «Фирӯза»-ро мутолиа менамояд. «Барои он ки дар ин нашрияҳо қиссаҳо ва ахбори ҷолиб, крассвордҳо, маслиҳатхои муфид, матлабҳо дар бораи шахсиятҳои шинохтаи кишвар ва мушкилоти бонувон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд»,- мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
- Бале. Мушкил он аст, ки мо имкони сари вақт дастрас кардани рӯзномаҳоро надорем. Гузашта аз ин рӯзона ба кори саҳрову рӯзгор машгул ҳастем. Барои мутолиа фақат шом фурсат мерасад. Вале шабонгоҳон бароямон ҳамагӣ дувуним соат барқ медиҳанд, ки дар ин соатҳо мо бештар телевизион тамошо мекунем. Аз телевизионҳои Тоҷикистон бештар барномаҳои дидании шабакаҳои «Баҳористон» ва «Сафина», аз телевизионҳои Ӯзбекистон шабакаҳои телевизионии «Рухсора М», «Андиҷон», «Намангон», «Қӯқанд», «Бухоро», «Ёшлик»-ро мебинем.