САФАРБЕК СОЛИЕВ, коргардони кино, изҳор медорад, ки фарҳангу ҳунар оинаи ҷомеаанд ва сатҳи имрӯзи синамои тоҷик ҷавобгӯи сатҳи ҷомеа аст. «Таассуф, ки мафҳуми кино дигар барои тоҷикон маънии қаблиро надорад. Он чиро ки имрӯз филм гуфта, шабакаҳои тоҷикӣ тарғиб мекунанд, киноя аз филм аст. Ба филмсозӣ бояд, ки коршиносони ҳирфаӣ машғул бошанд»,- гуфт С. Солиев.
ЗАРРИНАИ ХУШВАҚТ, собиқ ҳунарпешаи кинову театр, дар филмҳои ҳозира нақше нест, ки ҳадди ақал ба қаҳрамонҳои синамои ӯзбекфилму афғонфилм баробар бошад. «Масалан, Усама, қаҳрамони 14-солаи як филми афғонӣ, дар сатҳи ҷаҳонӣ нақш иҷро карда, тавонист, ки фоҷиаи занро бозгӯ созад. Вале мо дар киноҳоямон чунин қаҳрамон надорем. Баръакс, дар киноҳои даврони шӯравӣ нақши бозгӯкунандаи ҳаёти занони тоҷик бисёр ба назар мерасид»,- мегӯяд ӯ.
ЗУЛФИЯ СОДИҚОВА, директори «Хонаи кино» изҳори боварӣ кард, ки шахсони зиёдро медонад, ки дар чандин филмҳо нақш меофаранд. Масалан, Мавлонбибӣ Наҷмиддинова, Моҳпайкар Ёрова ва Фирӯза Раҳмонова ҳамеша фаъоланд. Ӯ мегӯяд: «Ба андешаи ман, онҳоеро, ки аз кӯча даъват мекунанд, барояшон маблағ лозим нест. Ба онҳо «пиар» лозим, то зуд машҳур шаванд. Барои ҳунарпешаҳо муаррифӣ даркор, аммо вақте шинохта мешаванд, зиндагӣ мақеи онҳоро дигар мекунад».
Ҳамчунин, САФАР ҲАҚДОДОВ, мутахассиси соҳа низ ба он назар аст, ки сабаби зуҳур кардани ин тамоюл бештар аз ночорӣ аст. Яъне, буҷети аксари онҳо ночиз аст. Ӯ мегӯяд: «Филмсозӣ имрӯз кори шахсии як хонавода, як гурӯҳ ва ё аз рӯи ҷӯрагӣ шудааст. Коргардонҳо бо сабаби набудани маблағ шахсони наздики худро ҷамъ карда, филм месозанд».