Аз қадим кимиё миёни дигар илмҳо бартарӣ дошт ва ҳар шоҳе, ки дар қаламрави кишвараш кимиёгаре дошт, ҳамсояро ба худ баробар намегирифт: ё зулму истисмораш мекард ва ё агар риштаи дӯстӣ миёнашон устувор бошад, кӯмакаш менамуд. Давлатдорон дар паҳнои таърих аз ҳунари кимиёгарон барои пешрафти кишвар ва имконоти хеш зиёд истифода намудаанд ва ҳам дар ҳолати ҳосил нашудани муроди дилашон онҳоро ба қатл расонидаанд. Кимиёгарон ҳам тақрибан интихоби ихтиёр надоштаанд. Ё пешниҳоди давлатдоронро пазируфтаву барояшон аз таркиботи мухталифи кимиёӣ зару сим ва сангҳои гаронарзиш тавлид менамуданду зиндагии хуш доштанд ва ё дар талаби илм умр ба сахтӣ гузаронидаанд ва номашон дар ҷаридаи таърих барои абад сабт шудааст.
Пӯшида нест, ки олимони кишварҳои пешрафтае чун Ҷопон ва мамолики Аврупо намакро «марги сафед» гуфтаву мардумро тарғиб мекунанд, ки аз истифодаи он даст кашанд. Аммо қаҳрамони мо ба ин гуфтаҳо мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд: «Бархе аз донишмандон қандро ҳам марги сафед меноманд. Истеъмоли зиёди ҳама чиз ба инсон зарар дорад. Мо бояд тарзи дурусти истеъмолро омӯзем. Намак дар таркиби худ натрий, хлор, фосфор ва калий, яъне микроэлементҳои ба организми инсон зарурро дорад. Намак сохторҳои рагҳои баданро аз ҳисоби иони натрий барқарор намуда, барои гардиши хун ва оксиген шароити лозимаро муҳайё месозад. Илова бар ин намак системаҳои организмро безарар (дезинфектсия) мегардонад, яъне микробҳои нозарурро аз байн мебарад. Аз ин рӯ, истеъмоли ба меъёр мувофиқи он ба одам фоида дорад. Занҳо аз қадим барои нигоҳ доштани гӯшт ва меваҳо оби намакдорро истифода мебурданд. Бояд аз истеъмоли намакҳое худдорӣ кард, ки онҳо дар об ҳал намешаванд. Ин гуна намакҳо дар организми инсон ҳам ҳал нашуда, қабат – қабат ҷамъ мешаванду мушкил эҷод менамоянд».