05

Сентябр, 2025
Ҷумъа

05

Сентябр, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗУМРАДРО АЗ РУСИЯ ДАЪВАТ КАРДА БУДАНД

Маҳз чеҳра ва хулқу рафтори тоҷиконаи Тамара Кокова буд, ки коргардони  шинохтаи кинои тоҷик Абдусалом Раҳимов ӯро барои нақш офаридан дар филми худ - «Зумрад» даъват намуд.

Ба қавли Ҷамшед Раҳматов, сармуҳаррири «Тоҷикфилм», дар солҳои пеш (1960) ба монанди интернет шабакае фаъолият мекард, ки он дар бораи тамоми ҳунарпешаҳои маъруфи Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ маълумот дошт.

- Абдусалом Раҳимов ҳам ба воситаи он дар бораи Тамара Кокова маълумот пайдо намуда, маҳз ӯро барои нақши Зумрад даъват мекунад. Агар аз як тараф чеҳраи тоҷиконаи Тамара диққати коргардонро ҷалб карда бошад, аз тарафи дигар филми маъруфи гурҷистонӣ бо номи «Фотима», ки дар он ӯ нақши асосиро иҷро карда буд, сабаб шуд. Зеро ин филм драмавӣ буда, нақши зани мусибатзадаро Тамара хеле олиҷаноб офарида буд. Чун Зумрад низ дар зиндагӣ зани мушкилдида буд, Абдусалом Раҳимов бовар дошт, ки маҳз иҷрокунандаи нақши Фотима метавонад аз ӯҳдаи иҷрои нақши Зумрад барояд,- гуфт Ҷамшед Раҳматов.

Кокова Тамара АкашевнаДар филми «Зумрад» Тамара Кокова бо ҳунарпешагони дигар - Сталина Азаматова, Тӯҳфа Фозилова, Яқуб Аҳмадов, Аслӣ (Аслиддин) Бурҳонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Т. Ишанхоҷаев, Абдулхайр (Хуррам) Қосимов, А. Нурматов, Абдусалом Раҳимов нақш офаридааст.

Филми «Зумрад» дар бораи саргузашти тоҷикдухтари деҳотӣ нақл мекунад. Ҳангоми таҳсил дар шаҳр ба аввалин эҳсоси дил бовар карда, Зумради ҷавон сахт фиреб мехӯрад. Ӯ ба хона бо кӯдак баргашта, зидди анъанаҳои кӯҳна мубориза мебарад. Дар деҳа бо кӯмаки шахсони хайрхоҳ бригадир шуда, соҳиби обрӯй мешавад. Оқибат Зумрад муҳаббати воқеии худро дар зиндагӣ пайдо мекунад.

Ҷамшед Раҳматов гуфт, ки қариб ҳама нақшҳои дар кино офаридаи Тамара дар як жанр буданд. Яъне, драма ва ӯ аз ӯҳдаи иҷрои нақши занони бадбахт ба хубӣ мебаромад.   

Ин буда, ки баъди филми «Зумрад» Абдусалом Раҳимов дар филми дигари худ – «Зери хокистари сӯзон» Тамараи соҳибҷамолро таклиф кард.

Бояд гуфт, ки истеъдоди нотакрори Тамара ҳамчунин Анвар Тӯраев, коргардони маъруфи дигари тоҷикро низ бетараф нагузошт. Ӯ ҳам Тамараро ба филми худ - «Духтари сеюм» ва «Бросок» даъват кард. Агар бинандагон филми «Духтари сеюм»-ро дар ёд дошта бошанд, зани тоҷик соҳиби ду духтар асту фарзанди сеюмро интизорӣ дорад. Аммо баробари духтар таваллуд кардани зан, шавҳар онҳоро партофта меравад.

Кокова Тамара Акашевна, 15-уми марти соли 1934 дар шаҳри Налчик, пойтахти Кабардино-Балқар (Россия) таваллуд шудааст. Ӯ соли 1958 Донишкадаи давлатии театрии ба номи А.В.Луначарскийро хатм карда, солҳои 1959-1961  хунарпешаи киностудии "Грузия-фильм" ва театр-студияи Гурҷистон буд.

Соли 1960 аввалин маротиба ба Киностудияи «Тоҷикфилм» даъват шуда, ҳамин тавр дар солҳои гуногун дар 4 филми дигари тоҷикӣ нақшофарӣ мекунад. Масалан: филмҳои «Зумрад» (1961), «Зери хокистари сӯзон» (1967), «Рояли сафед» (1968), «Духтари сеюм (1970), «Бросок» (1981) ба иштироки Тамара Кокова дар «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шуданд.

Ӯ дар як мусоҳибааш соли 2010 дар хусуси нақшофариҳояш чунин гуфтааст: «Қариб дар ҳама киностудияҳои кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, соли 1960 нақши асосии филми «Зумрад»-ро дар Тоҷикистон бозидам. Солҳои фаъолияти мо маош тамоман кам буд, аммо мо ҳеҷ гоҳ фикри пулро намекардем. Ману ҳамкоронам аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳамаи мо ба хотири касбамон кор мекардем. Ҳама дар фикри беҳтару самимӣ офаридани нақши худ буданд»

Тамара ҳамагӣ  дар 16 филм нақш офаридааст. Охирин нақши офаридааш соли 1991 мебошад.  Зеро баъди як садамаи нақлиётӣ бо вуҷуди ҷарроҳиҳои зиёд дигар наметавонад ба кино баргардад. Аммо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-фарҳангии Русия саҳми калон дорад.

- Чунин шуд, ки ман дар айёми шукуфоии эҷодӣ ва зиндагиам дар як садами мудҳиши нақлиётӣ афтидам ва бо ҳамин фаъолияти киноофариам ман қатъ шуд. Аммо вохӯриҳо бо мухлисон идома дошт. Дар ин самт мо бюрои тарғиботӣ доштем, ки шабҳои эҷодӣ, сафарҳои ҳунарӣ ва муаррифии шахсиятҳо доир мекард. Ва то ҳол аз рӯйи имкон ин вазифаамро иҷро мекунам. Бояд гӯям, ки маро маҳз чиз ба ин зиндагӣ дилгарм месозад. Зеро филмҳоямро то имрӯз зинда нигоҳ доштаанд ва ин эҳтиром маро водор месозад то ба хотири чизе зиндагӣ кунам,-гуфтааст дар мусоҳибааш ҳунарпеша.

Ӯ дар ҷашнвораи умумииттифоқии кино дар Масква ба ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона» барои нақши Фотима, ки замони донишҷӯияш офарида буд, сарфароз гардидааст. Ҳамчунин, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи РСФСР мебошад.

Саида ҚУРБОНОВА

:.  Фарҳанг 21.11.2011 09:44 3353

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz