06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУВОНИ БАДАХШӢ ВА ТЕАТР

Умеда Шоабибуллоева  яке аз ҳунармандони нави  ҷавони театр аст, ки пас аз хатми мактаби таълимоти ҳамагонӣ ба кор омад. Маҳорати хуби хондани  суруд  ва овози дилнишини  Умедаро   ҳанӯз дар озмуни  «Ғунчаҳои наврас»    мухлисон қадр намуданд ва  ҳайҳати доварон ба хулосае омад, ки барои ҷалби мухлисон ба театр маҳз чунин гулҳои худрӯи санъат лозиманд.

Роҳбарияти театр мегӯяд, ки онҳо ба рушди маҳорату малака ва дониши санъаткори ҷавон ҳавасманд буда, ба амалӣ шудани орзуи донишҷӯи  донишкадаи ҳунарҳои зебо  гардидан, ба Умед кӯмак мерасонанд.

Ба майдони чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ табдил ёфтани муассисоти таълимӣ боис гардидааст, ки  бархе аз муҳассилин  ба ҷойи касби ояндаашон ба ҳунар тарҷеҳ медиҳанд. Ҳунарпешаи нави ҷавони театр Атригул Сӯҳробшоева  омӯзишгоҳи тиббиро хатм кард, вале худро дилбохтаи театр дарёфта, ба ин ҷо ба кор омад. Атргул бо рақси зебояш дар рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар Душанбе дар дилу дидаи мухлисон ҷой гирифт. Ӯ мегуяд, маҳрумиятҳое, ки  санъаткорони ҷавон дар рӯзҳои фарҳанг   ба он  дучор шуданд , ба мисли камбуди сафархарҷӣ,    паси пардаи  табассумҳои гарму  ширин ва ҳунари зебояшон монданду  наметавонанд  ӯро дилшикаста созанд ва аз орзуи дар саҳна машҳур гирдидан баргардонанд.

Ба гуфтаи ҳунарпешаи ҷавони дигар  Ниссо Шоназарова  волидайнаш бидуни ихтиёри вай ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи риёзӣ  супурданд, зеро намехостанд, ки вай ҳунарманд шавад.Аммо ӯ  боз саҳнаро интихоб кард ва дар озмун ғолиб омада, дар театр ба  кор сар кард ва акнун падару модараш дар қатори мухлисон барои ҳунарнамоиаш каф мекӯбанд.

Оҳангсози шинохта Мазорбон Ёрбеков мегӯяд, ки  санъаткорони ҷавон  овоз ва ҳунари хуб ба намоиш мегузоранд. Вале хато хондани матни суруд  мушкили асосии санъатварони ҷавон буда, устодон ба  ислоҳи он  мекушанд.

Дар ҳамин ҳол дар ансамбли «Навои Бадахшон»и  назди идораи фарҳанги вилоят теъдоде аз ҳунармандони ҷавон ба фаъолият пардохтанд, ки  дар риштаҳои иқтисод ва кимиёву биологияи донишгоҳ   таҳсил мекунанд, вале ояндаашонро ба санъат марбут медонанд.

                                                               М. Шоҳҷамол.

:.  Фарҳанг 14.09.2011 05:57 2615

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz