06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАНСЕН ВА ХАРИДАС

 

Шоме баъд аз берун шудани аҳли дарбор шоҳ Акбар Тансенро наздаш хонд ва гуфт:

– Медонам, ки дар ин давр дар хунёгарӣ дар ҳама ҷаҳон ҳамтое надорӣ ва шодам, ки аз нахустин шунавандагонат ҳастам. Вале мехоҳам бидонам, ки ин ҳунарро аз кӣ омӯхтаӣ ва оё устодат зинда аст?

– Бале, устодам зинда аст ва Харидас ном дорад ва ҷумлаи нобиғагон дар хунёгарист, - посух дод ӯ.

– Пас, ӯро ба дарбор бихон, то аз ҳунараш лаҳзае лаззат барем, - гуфт бо шавқ Акбар.

– Бо ҳама эҳтироме, ки ба Шумо дорам, наметавонам ин корро анҷом диҳам, - посух дод хунёгар.

– Чӣ мушкил дорӣ? - бо тааҷҷуб суол кард шоҳ.

НАЙ– Харидас аз ҷумлаи нобиғагонест, ки мусиқиро танҳо ба хотири муҳаббат  эҷод менамояд. Ман ниёз дорам ва ба хотири дарёфти мукофот ва маблағе  мусиқӣ эҷод мекунам. Мусиқии ман на аз дил аст ва на бозгӯи озодист. Он ба хотири кисаи пул ва ҷавоҳирот эҷод мешавад. Ин мусиқии асл нест. Харсен танҳо шаб ва он ҳам баъд аз шино дар ҳавз, дар назди пайкараи худои ишқ эҷод мекунад. Он маҳсули эҷоди инсони озод ва бениёз аст. Аз ин рӯ, намешавад ӯро ба дарбор овард, - посух дод ҳунарманд.

– Агар чунинаст, имшаб ба манзилат нарав ва дар дарбор бимон, соати 3 – и субҳ бо ҳам меравем ва мусиқии ӯро гӯш мекунем, - гуфт шоҳ Акбар.

– Аммо бояд ӯ моро набинад ва дар пушти дарахтон пинҳон бимонем, - гуфт муҷаддадан Тансен.

– Мушкил надорад, ба хотири шунидани мусиқии асл омодаам соатҳо пушти дарахтон бимонам, - посух дод шоҳ.

 Соати 3 – и шаб шоҳ Тансенро бедор кард ва онҳо танҳо ба назди кулбаи Харидас рафтанд. Баъд аз лаҳзае хунёгар аз об берун шуд ва дар назди пайкараи худои муҳаббат ба эҷод ва навохтани мусиқӣ шурӯъ кард. Мусиқӣ ончунон нотакрор ва саршод аз муҳаббат буд, ки шоҳ беихтиёр ашк мерехт. Харидас навои инсони озод, саршор аз ишқ ва созандаро аз дили рубоб берун меовард ва он дар якҷоягӣ бо шаби мармуз ва пур аз роз дилро ончунон мафтун менамуд, ки барои тасвираш қалам оҷиз мемонд.

Бо дамидани субҳ Харидас наворо қатъ кард. Шоҳ Акбар бо Тансен ба дарбор баргашт ва гуфт:

хунёгар– Ӯ нобиға аст. Ҳунари вай тайи ин чанд соат ончунон маро аз воқеият берун кард, ки эҳсос менамудам мисли як парандаи озод дар амвоҷи ҳавои сард ва фараҳбахш  парвоз мекунам. Ин лаҳзаҳо буд, ки ман аз замин канда ва аз ҳама масоили марбут ба зиндагӣ ва давлатдорӣ озод шудам…

Оре, мусиқии бениёз ва озод насиме аз Офаранда меоварад. Он на ба хотири касе ва ё чизе эҷод мешавад. Ҳамрадиф бо рӯҳ аст. Рӯҳи созанда ва озод. Рӯҳе, ки инсонро шариф гардонида ва бениёз кардааст. Ин мусиқӣ на барои лаҳзае, балки барои абадият эҷод мешавад. Он моли миллат ва ё қавме нест. Ба инсоният тааллуқ дораду иртибот бо Лоҳут мегирад…

Зиҳӣ Харидас ва мусиқии асл, зиҳӣ Инсон ва андешаи озод!

                                                                Фароруни Сабзқадам

:.  Фарҳанг 06.09.2011 12:29 2550

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz