04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОН КАС, КИ СИПОСУ ҲУРМАТИ ЗАН ДОРАД…

 

Роҳе, ки табу тоб шавад афсунро,

Барбод диҳад хазинаи Қорунро.

Дар олами ишқу ошиқӣ то имрӯз

Нагрифт касе ҷоизаи Маҷнунро.

 

Ҳаргиз ғами дил он маҳи ноёб нахӯрд,

Чун чарх ба коми дили мо тоб нахӯрд.

Эй чашмаи ҷӯшони муҳаббат, ба лабат

Як умр дилам сӯхт, вале об нахӯрд!

 

Бе пир будам, ки ишқи ту пирам кард,

Дар хоби хушам нишонаи тирам кард.

Гуфтам, ки раҳи гиря бубандам бо хоб,

Хоб бурду гиря гулӯгирам кард.

 

Ошиқ набувад касе, ки ӯ бегила нест,

Пайроҳаи ишқ ҳеҷ безилзила нест.

Ҳосил зи раҳи дарози ишқи ҷовид

Дар пойи дилам, бубин, ки ҷуз обила нест.

 

Мотамзадаро ҳамеша хобаш талх аст,

Шаҳду шакару сихи кабобаш талх аст.

Берӯзӣ агар чашма барорад аз кӯҳ,

Бар коми ҷаҳон маззаи обаш талх аст.

 

Аз рашку ҳасад  майлу ҳавас хубтар аст,

Аз дидани гул бӯ ба нафас хубтар аст.

Мурғе, ки набошадаш маҷоли парвоз,

Аз дашту даман варо қафас хубтар аст.

 

Дишаб ҳама дарди ошиқӣ борам буд,

Ёди ту умеди чашми бедорам буд.

Чил роҳзани дили ба роҳи ишқам

Чил кокули майдабофии ёрам буд.

 

Бо гиря раҳи хоб гирифтам дар ишқ,

Бар хеш табу тоб гирифтам дар ишқ.

Аҳволи дилам то нашавад овоза,

Аз  ғам ба даҳан об гирифтам дар ишқ.

 

Шоир, ки бувад ба умр машғули қалам,

Мақбули дил аст ҳамчу масъули қалам.

Як лаҳза агар зи ишқ ғофил монад,

Дар чашми дилаш нӯл занад нӯли қалам.

 

Шамъе, ки ба ёди дили мо афрӯзӣ,

Дилро бувад он нишонаи наврӯзӣ.

Гуфтӣ, ки шаби тор биё, лек, афсӯс,

Маҳтобшаб асту ман надорам рӯзӣ.

 

Эй ёр, чу ошиқӣ набудаст осон,

Беаҳдӣ агар кунам, бубинам ин сон:

Чун хоини ишқ дар сафедори танат

Бо банди ҷамолакат ба дор овезон!

 

Эй дил, ҳама бори умри дурӯза макаш,

Бар ҷоми умед май зи ҳар кӯза макаш.

Маштоб ба ҳар ҷодаву осема машав,

То об набинӣ ба раҳат, мӯза макаш.

 

Аз омаданат садои дарвоза нашуд,

Кай ошиқӣ кардаӣ, ки овоза нашуд?

Дил об бишуд, вале ғубори  ғами ту

Аз оинаи дидаву дил тоза нашуд.

                       

Эй ёр, зи  феъли олакат метарсам,

Аз дидаи лоуболакат метарсам,

Чун пои дилам газид мори ғами ишқ,

Аз ҷунбиши чил ҷамолакат метарсам.

 

Вақте ки задӣ шона ту зулфонатро,

Куштӣ ба назора ошиқи ҷонатро.

Аз рашк ба шона панҷа гуфто: бас кун,

Варна шиканам сивуду дандонатро!

 

Мефахрад аз он саре, ки бар тан дорад

Он кас, ки ба ишқ фикри рӯшан дорад.

Мард аст ба умру шаҳсавор аст ба ишқ,

Он кас, ки сипосу ҳурмати зан дорад.

 

 

Давлат Сафар

:.  Фарҳанг 18.02.2011 05:34 3713

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz