Рӯзе Офтоб дар сурати духтари зебое ба Замин фуруд омад. Ӯ акнун мехост бихиромаду дилхушӣ кунад, ки аждаҳои баднамову бадрафтор ӯро дуздида, дар ғори худ завлона зад. Бо ҳамин гӯё дунё ба охир расид. Ҳама ҷоро зулмот фаро гирифт. Парандагон аз сурудхонӣ бозмонданд, кӯдакон чӣ будани хурсандиро фаромӯш карданд. Ҷаҳон дар доми ғаму андуҳ ва ноумедӣ афтод. Ниҳоят як ҷавони ҷасур кӯшид Офтобро раҳо созад. Як соли тамом ғори аждаҳоро ҷуст ва ахиран онро ёфта, аждарро ба ҳарб хонд. Муҳорибаашон чанд шабу чанд рӯз давом дошт. Ахиран ҷавон аждаҳоро ба қатл расонду Офтоби оламороро аз асорат вораҳонд. Офтоб дубора ба осмон қомат афрошт ва нурпошии худро давом дод. Дунё аз нав эҳё гашт ва хушбахтӣ дубора ба хонаи одамон роҳ ёфт…
Ин танҳо як пора аз достонест, ки дар байни қавму миллатҳои гуногуни олам паҳн шудааст. Дар асл, ин қисса дар худ рамзҳо дорад. Маънии аслиаш аз омадани баҳор, ки рамзан дар ин қисса ҳамчун Офтоб зикр шудааст, чи қадар хурсанд мешавем. Дар симои баҳор бошад, ҳамеша Зан – Модарро мебинем. Оё дунёро бе Офтоб тасаввур кардан мумкин аст? Бе Зан – Модар низ дунё ба охир мерасад…
Ин ҳақиқат аст, ки баҳору модар умумиятҳои зиёде доранд, балки дар бисёрии ҳолатҳо ҳаммаъно низ ҳастанд. Баҳор ҳам мисле, ки зан аз хона мебарояд, пеш аз баромаданаш худро оро медиҳад, либоси зебоеро меписандад. Хеле мунтазираш мешавем ва бо омаданаш ҳама шодон мегардем.
Омадани баҳор ва бо Иди Модарон оғоз шудани он дар худ ҳикматҳо дорад. Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомҳои тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт аст. Аз ин рӯ, модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас гиромӣ медорем…
Маъниву умумиятҳои зану баҳорро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо хушу гуворо зикр намудаанд:
«Зан – Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне Ҷашни Наврӯз, тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне, соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шуруъ мешавад».
Воқеан, зан – модар падидаи муҳими иҷтимоӣ низ ҳаст. Барои хеле сода фаҳмидани ин маънӣ, як бор дунё, ҳатто як коргоҳи хурдро бидуни зан тасаввур намоед. Дидед, зиндагӣ бидуни зан, на танҳо якнавохту бемаъно, балки аз рушд мемонад!
Дар робита ба ин, Сарвари давлати тоҷикон ҷойгоҳи занонро махсус таъкид мекунанд, ки маҳз бонувон дар вазъияти басо вазнину мураккаби рӯзгори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар атрофи Ҳукумат гирд омада, раванди сулҳу суботро осон намуданд. Дар Комиссияи оштии миллӣ бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумат як бону низ шомил шуд. Ворид намудани як зан дар ин комиссия корҳоро чӣ қадар осон намуд. Аъзои Комиссияи оштии миллӣ борҳо зикр намудаанд, ки баҳсу мунозираҳои сахт баъзан аз ҳадди эътидол берун мерафт. Вале маҳз ҳузури Бозгул Додхудоева – ягона зан дар ҳайати Комиссияи оштии миллӣ, мардони бонуфузу таъсиррасони вақтро барои баромадан аз ҳад иҷозат намедод. Аксар вақт маҳз бо сабаби ҳузури ин бонуи бохирад масъалаҳои мушкил ҳалли худро меёфтанд.
Ин аст қудрати зан – модар…
Зимнан, ҳарчанд аз замонҳои қадим барои мардуми тоҷик зан – модар мавқеву мақоми хос дорад, бо вуҷуд дар таърих лаҳзаҳоеро ҳам вохӯрдан мумкин аст, ки вазифаи занро танҳо дар тавлиди фарзанд ва тарбияи он медонистанду халос. Ҳатто дар нимаи аввали асри ХХ дар кишвар занҳои коргар ва соҳибилм зиёд набуданд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989 – яъне, солҳои охири бақои шуравӣ, дар Тоҷикистон занону духтарони соҳиби маълумоти олӣ ҳамагӣ 66 ҳазор нафар будаанду халос.
Дар Тоҷикистон маҳз дар замони истиқлол зиёда аз 11 ҳазору 500 нафар духтар аз ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро тибқи Квотаи президентӣ хатм намуда, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолият менамояд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтар мактабҳои олиро хатм кардааст.
Имрӯзҳо, қатъи назар аз андешаҳои таҳмилӣ: андешаҳои хурофотӣ ва мушкилоти сунъӣ дар ҷомеа наметавонанд садди роҳи таҳсил ва фаъолияти муваффақонаи занону духтарон гарданд. Зеро, одамон ба хубӣ дарк кардаанд, ки дини мубини ислом ободии дунё ва зебоии онро аз занон вобаста медонад. Барои он ки зан тавонад зебоӣ ва ободии дунёро таъмин кунад, ӯ бояд соҳибмаълумот, доно ва бохирад бошад.
Дар асл соҳибкасб шудани занону духтарон дар зиндагӣ аз ҳама ҷиҳат хуб аст. Нахуст, зан дар рушди фарзандони болаёқат саҳм мегирад. Барои ҳамин мегӯянд: «Агар зан олим шуд, ҷомеа олим мешавад». Дуюм, аз нигоҳи иқтисодӣ ба хонаводаи худ кумак мерасонад, ки дар замони имрӯза омили бисёр муҳим аст.
Давру даврон ва Ҳукумати феълии мамлакат ба маориф таваҷҷуҳи хосса доранд, аз ин рӯ, сол ба сол дар Тоҷикистони азиз сафи духтарони таҳсилдида бамаротиб меафзояд. Ин чунин маъно дорад, ки дар ҷомеа боварӣ ба занон бештар шуда, зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдгарӣ неруи бузург ва созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад. Аз он шоду мамнунем, ки роҳбарияти олии кишвар ба мо бовар доранд.
Иди Модарон ва Наврӯзи навбаҳор муборак, бонувони азиз!
Шоҳона ОДИНАЗОДА