Бо тақозои пеша ҳар гоҳе бо бонуи ҳунарманде ҳамсуҳбат шавам, мешунавам, ки дар наврасӣ шавқу завқ ба ҳунармандӣ дошт ё модару бибӣ ҳунарвар буданду ӯро талқин ба касб менамуданд, вале қаҳрамони навбатӣ Давлатпочо Гадоева баръакси ҳол, чӣ тавр ба ҳунарварӣ пардохтану сарфароз шудан аз ҳунари хешро дигаргуна қисса кард:
- То пайвастан ба ҳунаромӯзӣ ва ҳунармандӣ риштаро аз пилишк (сӯрох)-и сӯзан нагузаронда будам. Шавқ ба дарзу дук ҳам надоштам, аммо рӯзгор маҷбурам сохт, ки баъди таваллуди фарзанди панҷум аз пайи ҳунарандӯзӣ шавам. Ба умқи масали «Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад», дар ҳамин давра расидам, - мегӯяд Давлатпочо.
Ҳамагӣ 16 сол дошт, ки бо сабаби ноамнии фазои кишвар ӯро ба шавҳар доданд. Он овон тақдири аксари духтарон, бахусус духтарони деҳоти дурдаст чунин буд. Давлатпочо ба муаллими мактаб, ки ӯро аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт, оиладор шуд. Пас аз чанд соли ҳамзистӣ бо тақозои иваз намудани ҷойи кори шавҳар, онҳо аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шаҳри Бохтар (пештара Қӯрғонтеппа) кӯч бас¬танд.
- Зарурати тағйир додани макони зист аз омӯзгорӣ ба кори телевизион гузаштани шавҳарам Барот Сӯфиев буд. Вақте сокини шаҳр шудем, мебоист барои худ кори мувофиқе пайдо намуда, дар пешбурди рӯзгор саҳм бигирам. Агарчи шавқ ба дониш доштам, бо сабабҳои маълум имкони идомаи таҳсил даст надод. Барои шахси нохонда ва аз кӯчаи ҳунар нагузашта шуғле пайдо намудан дар ҳама давру замон басо мушкил аст, - иброз медорад ӯ.
Давлатпочо аз пухтани шириниҳо, бахусус ҳунари тортпазӣ, огаҳӣ дошт. Дар иду айём ё ҷашнҳои хонаводагӣ шириниҳои омоданамудааш ҳаваси ҳамсоязанҳоро меовард ва фармоиш медоданд, то ӯ барои маъракаҳои хурсандиашон торту шириниҳо пазад.
- Барои ҳамсояҳо ва хешу табор аз маҳсулоти худашон торту шириниҳо тайёр менамудам, вале маро зарур буд, то барои дарёфти маблағ ҷойи кор ёбам. Дар филиали корхонаи қаннодии «Шириниҳои Шафоат» - и шаҳри Бохтар муддати 4 моҳ шуғл варзидам. Дар ин вақт аз бонувони қаннод пухтани кулчақанду шириниҳои гуногунро ёд гирифтам. Музди маоши кам барои шароити иқтисодии хонаводаам басанда набуд. Баъдан, тасмим гирифтам, дар хона шириниҳо омода карда, дар мағозаҳои атроф ба фурӯш гузорам. Ба ин васила роҳи савдою тиҷоратро пеш гирифтам. Аз ҳамсоязанҳо, ки бо ҳунари кӯрпачадӯзӣ рӯзгорро пеш мебурданд, маҳсулоти тайёрашонро барои фурӯш мегирифтам ва бо нархи каме болотар ба савдо мегузоштам. Ҳамин тариқ, тиҷорат андӯхтам, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Дар авҷи тиҷорат ва ҳамкорӣ бо бонувони кӯрпачадӯз ин ҳунарро низ аз бар кард. Ба гуфтаи Давлатпочо кори дар ҳаёт боре даст назадаро барои беҳбудии шароити хонавода омӯхт. Акнун аҳли байт ба кӯрпачадӯзӣ шуғл доштанд. Зану шавҳар матоъ пора карданд, духтарон дӯхтанд ва ҳатто писари калонӣ дар дӯхтани кӯрпачаҳо ёрӣ медод. Тариқи шабакаҳои интернетӣ тарҳу дизайнҳои замонавии кӯрпачаю болиштро дарёфт карда, аз онҳо барои боз ҳам серхаридор шудани маҳсулоти дастӣ истифода намуд. Ҳунараш рушд кард, Давлатпочо байни бонувони шаҳри Бохтар ва берун аз он бо пешаи худ номвар гашт.
- Нигоҳи занҳои таҳсилдида ва соҳибкасб ба зиндагӣ дигар аст. Онҳо дар баробари касб сеҳри сухан андӯхтаанд. Хушмуомилаю нармгуфторанд ва ҷою макони сухан гуфтанро хуб медонанд. Орзу доштам, ки бо дунёи бонувони босаводу кордон аз наздик ошно бошам ва бо онҳо ҳамкорӣ намоям. Шукр, ки бо василаи ҳунар бо аксар занони фаъоли кишвар шинос шудам ва аз дастгириашон баҳравар гаштам, - ифшо менамояд болозикр.
Ҳунарро бо соҳибкорӣ омезиш дод. Дар баробари пешниҳоди маҳсули ҳунар ба мизоҷон мағозаҳо ва коргоҳи хурди дӯзандагиро роҳандозӣ намуд. Ҳоло беш аз 10 бону бо кори доимӣ шуғл дорад ва бо афзудани сафи фармоишгарон занону духтарони зиёд муваққатӣ ҳам бошад, ба кор фаро гирифта мешаванд.
- Барои рушди ҳунар ва соҳибкорӣ маблағи кофӣ зарур аст, ки аз гардиши мол фоида ба даст ояд ва барои тарҳрезии нақшаи тиҷоратӣ аз сармояи пулӣ камбуд набошад. Фаъолиятамро тариқи маблағҳои бонкӣ чархондам, вале пардохти маблағ ва фоизҳои он то ҷое ба равнақи кор халал ворид сохт. Вақте дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушд додани ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии соҳибкорон ҷонибдорӣ намуданд, шуълаи умед дар дилам фурӯзон шуд. Шод гаштам, ки дарҳои баста ба рӯямон боз шуданд.
Кӯрпачадӯзӣ, ки як самти ҳунарҳои мардумӣ маҳсуб меёбад, аз пардохти андоз озод аст. Аз пасандозҳои захирашуда мошинаи дарздӯзӣ харида, бонувони ҳунарманди маҳалро ба кӯрпачадӯзӣ ҷалб кардам. Макони вайронае, ки алҳол бо тарҳи дастгоҳи дарздӯзӣ чун мағозаи фурӯши кӯрпачаҳо бино ёфт, ҳусни тозае дар маҳаламон афзуд. Хизматрасонӣ ба табъи дили мизоҷон шуд, - ифтихормандона баён дошт Давлатпочо.
Соли 2023 Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни соҳибкорони ватанӣ озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» - ро эълон намуд. Давлатпочо Гадоева ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар даврҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ ширкат намуда, ниҳоят дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби диплом ва ҷоиза гардид. Ҳамчунин, бонуи кордон бо Шаҳодатномаи ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Хатлон ба маблағи 20 000 сомонӣ дар ин сол дониста шуд.
- Занҳои маҳал ба ҷойи кор ниёз доранд ва байни онҳо бонувони ҳунарманд зиёданд. Аз муроҷиаташон, ки гоҳе аз ман пурсон мешаванд, инро дарк мекунам, ки бонувон низ омодаанд дар баробари мардони хонадон саҳми худро дар ободии рӯзгор гузоранд. Аз ин хотир, ният дорам, ки дар оянда коргоҳи дӯзандагиро ба истифода дода, бонувони корҷӯро сарҷамъ намоям.
Ҳамчунин, вақте давлату Ҳукумати кишвар барои рушди сайёҳӣ саъю талош меварзад, дар маркази шаҳри Бохтар бунёд намудани мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Ба ин васила, ҳам бонувони ҳунарманд ба кор ҷалб мешаванд ва ҳам намунаҳои ҳунарҳои миллии тоҷикон ба воситаи сайёҳон ба хориҷ роҳ меёбанд, - афзуд Давлатпочо Гадоева.
Қутбия ЗИКРИЛЛОЕВА