Бонувони ҳунарманди ҷуроббофу тоқидӯз дар Бадахшон зиёданд, дар ороиши асъори миллии 20 сомонӣ истифода бурдани намунаи гулпартоии тоқии вахониро боиси ифтихор ва баёнгари эътирофи ҳунари волои дӯзандагони зодбум меҳисобам, - изҳор дошт муовини раиси ноҳияи Ишкошим Ашам Холдорзода.
Ҷавонони зиёде майли ба сар кардани тоқии вахониро доранду ин офаридаи пурнақшу нигори маҳсули бонувони чирадаст яке аз армуғонҳои писандидаи сайёҳони зиёд аст, ки аз Бадахшон бо худ ба кишварҳои дуродур мебаранд. Фарҳангшиносон асрори тоқии вахониро дар он мебинанд, ки дар шакл ва интихоби рангу дӯхташ гуногунрангии коинот инъикос ёфта, дар тоқиҳои арӯсӣ ва домодӣ зиёда аз сад намуди гулпартоиҳо истифода мешаванд. Ҳунармандон тоқиро вобаста ба завқ, чеҳра ва синну сол мувофиқ ва зебанда ба сари ҳар фармоишгар меофаранд.
Тоқии вахонӣ яке аз намунаҳои нодири офаридаи санъати гулдӯзӣ маҳсуб меёбад, ки аз рӯйи нақшу нигор, усулу воситаҳои офариниш, бадеият ва мураккабии дӯхт аз тоқиҳои дигар минтақаҳои кишвар тафовут дорад.
Тоқиҳои маъмулӣ дар дигар гӯшаҳои Бадахшон одатан аз матои махмалин ва дигар намуди матоъ дӯхта мешаванду аз канораи қисми барашон шерозаи гулдор мечаспонанд ва як тарафашро пӯпак оро медиҳад.
Тоқии вахонӣ танҳо дар матои сафед бо торҳои рангаи пашмин ва ё абрешимӣ гулдӯзӣ мешавад. Ҳунармандони ин намуди санъати дастӣ дар матои сафед бе кашидани хат ва истифодаи қолаб бо нӯги сӯзан тор мезананду шаклҳои геометрӣ ва нақшҳои аз табиат бардоштаро вобаста ба тахайюл ва завқу андешаи эҷодкоронаашон гулдӯзӣ менамоянд, ки аз бофанда маҳорати баланди торзанӣ тақозо менамояд. Шакли геометрӣ ва ороишоти табиӣ дар пайвастагӣ бо ҳам нақшу нигори ҷаззобу нотакрор ба вуҷуд меоранд.
Нақшофарӣ аз гулдӯз дар баробари маҳорату санъати ороиши бадеӣ, ҳамчунин тафаккури баланди хаёлӣ ва дақиқиятро талаб мекунад. Такрори нақш дар тоқиҳои вахонӣ хеле кам иттифоқ меафтад. Манзара, муносибати инсон ба ҳаёт ва муҳити зист бо санъати зарифу нафис дар тоқӣ нақшофарӣ мегардад.
Ҳунарҳои гулдӯзӣ дар дӯхти тоқӣ, саростин, гиребону пешбари курта, пешонибанди атфол ва арӯсон ба таври фаровон истифода мешаванд. Бахусус, дар Ҷашни Наврӯз зебодухтарон бо куртаҳои сафеди гулдӯзӣ, тоқии пурнақшу нигор, мӯйбандҳои сурхи тӯпидори бо садаф ороёфта, ҳамелҳои аз сангҳои ороишӣ бо ҷилваҳои дилрабояшон шукӯҳи ҳунарҳои мардумиро бештар дар назари бинанда ҷилвагар месозанд.
Бофандаи ҷуробро дар ҳар хонадон дучор омадан мумкин асту ҳунармандон ҷуробҳои андозаи гуногун ва гулпартоиҳои рангоранг тайёр мекунанд. Ба гуфтаи раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати деҳоти Зонг Гулнора Тайғуншоева, ҳунармандӣ ба даромади хуби буҷети хонаводагии оилаҳои зиёд табдил ёфта, яке аз заминаҳои рушди ҳунармандӣ гардидааст. Ҳунармандони собиқадор худихтиёрӣ дар гурӯҳҳо гирд омада, асрори ҳунарҳои мардумиро ба наврасону ҷавонон меомӯзанд.
Бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи барномаи рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ бисёре аз ҳунарҳои халқии азбайнрафта, аз ҷумла дар ноҳияи Ишкошим эҳё шуданд. Сабадбофӣ яке аз чунин ҳунарҳост, ки бонувони зиёд ба он даст зада, сокини деҳаи Намадгут Турамо Қадамиалиева дар ин ҷода бештар аз ҳама муваффақ гардиду бо дарёфти Гранти президентӣ коргоҳашро рушд дод.
Сабад аз навдаҳои худрӯй, ки бо номи «кулк» маъмуланд, навдаҳои зарбед ва қамиш, ки дар ҷангалзорҳои ноҳия ба таври фаровон дучор меоянд, бофта мешавад. Сабад на фақат чун воситаи боркашонӣ истифода шуда, сабадҳои андозаи гуногун барои нигаҳдории босифати маҳсулоти нонӣ, меваи хушк, пӯшока ва пашм қулай буда, талабгорони он зиёданд. Дар маҷмуъ, дар солҳои гуногун даҳ нафар бонуи ҳунарманд ва соҳибкори ноҳия бо Гранти президентӣ дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм гирифтанд.
Намадрезӣ аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ буда, агарчи солҳои пеш асосан намадҳои беранг бофта мешуданд, ҳоло намудҳои зиёди намадҳои гулдор тайёр ва ба харидорон пешкаш мегарданд. Расм аст, ки арӯс ҳангоми гусел ба хонаи домод, дар бисоташ бояд ҳатман намади пур аз нақшу нигор дошта бошад, ки нишонаи бахт ва гармии меҳру муҳаббат дар хонадон маҳсуб меёбад. Арӯсон бар ин боваранд, бахусус онҳое, ки бо намади бо дастони модари худашон тайёршуда ба хонаи домод мераванд, ҳатман саодатманду хушбахт мегарданд.
Бонувони ҳунарманд кулолӣ ва танӯрсозӣ ҳам мекунанд. Агар кулолӣ фақат дар як деҳа боқӣ монда бошад, танӯрсозон зиёданд.Танӯрсозӣ одатан касби мардона буда, бо ёрии занон анҷом меёбад. Вақте мардон аз сангҳои тунуку майдаи андозаашон қариб якхела, ки аз доманакӯҳ ҷамъоварӣ мегарданд, танӯр месозанд, занон бо лойи аз гили махсуси сурхранг, ки барои мустаҳкамиаш бо мӯйи буз кӯфта мешавад, танӯрро мезананд ва андова мекунанду чанд бор онро суфта месозанд. Пас аз чанд рӯзи пурра хушк шудани дегдон бо чӯби ангат ё зардолу дар он гулхан меафрӯзанду то сурху лолагун шудан мепазонанд.
Лаъли Бадахшон аз қадимулайём шуҳрати ҷаҳонӣ дошту сифати он дар назму насри адабиёти классикӣ бо ранг ва таъбирҳои гуногун тавсиф гардидааст. Кони лаъл дар Ишкошим ҷойгир буда, ноҳия аз сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ бой аст.
Бонувони ҳунарманди мавзеи Ғорон, дар баробари дигар ҳунарҳо, коркарди пашми бузи кашмириро ривоҷ додаанд. Ҳунармандон таҳти роҳбарии бонуи ташаббускор Ҷаҳоннамо Абдураҳимова дар як коргоҳи истеҳсолӣ гирд омада, ресандагӣ ва бофандагӣ мекунанд. Аз риштаҳои аз лиҳози экологӣ тоза, нодир, гарму нозук ва нафиси пашми бузҳои кашмирӣ маҳсулоти гуногуни пӯшока меофаранд. Як гӯшаи намоиши Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки тобистони гузашта баргузор шуд, маҳсулоти ҳунармандони чирадаст оро дод. Рӯймоли аз мӯинаи бузи кашмирӣ тайёршуда барои нафис буданаш аз ҳалқаи ангуштарӣ мегузарад.
Фаровардаҳои дастӣ ва санъатварии аҳли ҳунари ноҳия дар Рӯзҳои фарҳанги ноҳия дар Душанбе баҳои баланд гирифтанд. Дар озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ансамбли оилавии Одинаевҳо ба мақоми шоиста сазовор дониста шуд.
Чорводорӣ яке аз шуғлҳои асосии сокинони ноҳия буда, ғизоҳои ширӣ, ба мисли ширгандум, ширарзан, ширкаду, алвошир, ширатола, қурутоб, ширфатир, ширрӯған, дӯғ, чаккаю ҷурғот аз ғизоҳои маъмулии мардум дастархонҳоро оро медиҳанд. Кадбонуҳо аз гӯшт, сабзавот ва орди боқило навъҳои гуногуни таомҳои болаззат омода мекунанд.
Аксари сайёҳоне, ки ба вилоят меоянд, барои тамошо хатсайри Хоруғ-Ишкошимро мепазиранд. Зеро минтақа на фақат макони дижҳои бостонӣ, ҷойҳои таърихӣ, мазорҳо ва чашмаҳои зиёди гарму хунуки дармонбахш аст, балки ин ҷо ҳамчун осорхонаи зиндаи ҳунарҳои мардумӣ шуҳрат ёфта, дар эҳё ва рушди ҳунар саҳми бонувони меҳнатқарину мушкилписанд бағоят бузург мебошад.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Ишкошим