09

Мая, 2025
Ҷумъа

09

Мая, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАХТИ САНГИН Ба муносибати 2500-солагии ёдгорӣ

 

403KJMANC

Тахти Сангин номи шартии шаҳристон, диж ё истеҳкомест, ки дар масофаи 32–35 км дар ҷанубу шарқии шаҳраки Қубодиён доман густурдааст. Бо сабаби осори зиёди сангин доштанаш ҳамин тавр унвон гирифта. Дар гузашта аз мавзеъҳои ободи Бохтари ҳазоршаҳр буда, дар аҳди Ҳахоманишиён ва замони мақдуниҳо шуҳрату ҷалол пайдо кардааст. Яъне, ёдгории пурарзиши ниёгон (ибтидои асрҳои V-IV то милод, интиҳо асри дуюми милодӣ) буда, дар соҳили рости Амударё, дар мавзеи якҷошавии рӯдҳои Панҷ ва Вахш бунёд шудааст.

Ривоятест, ки дар замонҳои қадим духтари соҳибҷамол ва донои шоҳ Қубод бемор мешавад. Духтар рӯз ба рӯз лоғару заиф мешудасту шоҳ маҳзуну хиҷил. Пизишкон дар давои он ночор. Ҳакиме будааст бо номи Нузар (дар мавҷудияти Нузари Бохтарӣ солномаҳои юнонӣ хабар додаанд). Пас аз муоина Нузар тақозо мекунад, ки сайронгоҳи шоҳиро ҷойи зисти шоҳдухтар муқаррар кунанд. Ҳоли шоҳдухтар ба беҳӣ мениҳад. Маълум мегардад, ки дармони ӯ насими се рӯд: Панҷ, Вахш ва Қундуз будааст. Аз насими фораме, ки пайваста ба сайргоҳ мевазид ва аз бӯйи атромези гулҳои гуногунранг духтари шоҳ тандуруст мешаваду Қубод дар ҳамин ҷо шаҳристон обод мекунад.

ҲАҚИҚАТ

Шаҳр ҷойи муносибу мувофиқе дорад. Аз ғарб бо кӯҳу теппаҳои баланд ва аз шарқ бо рӯди бузург муҳофизат мешуд. Аз ҷанубу шимол меъморон ду радда деворҳои ғафсу устувор сохтаанд, ки сари роҳи душманро мегирифт. Масоҳати шаҳрак 75 гектарро ташкил медод. Шаҳр дорои ду дарвоза, гузарҳои ҳунармандон, корвонсарой ва бошишгоҳи посбонон буд. Дар дохил арк бо андозаи 237х165 метр вуҷуд дошт, ки бо деворҳои сангин иҳота шуда, бо бурҷҳои дидбонӣ бо баландии 8 м муҷаҳҳаз буданд. Арк дорои маъбаде буд ба андозаи 51х51м, ки бос¬тоншиносон «Толори сафед»-аш унвон ва ба эзиди Вахш (Охшо, Оахшо) нисбат медиҳанд. Дар баробари айвону долонҳо дар самти чапи даромадгоҳ санги сайқалхӯрда вазифаи қурбонгоҳро адо мекард.

Аз ду паҳлу ҳуҷраҳои мубадон вуҷуд дошт, ки масъули нигаҳдории оташи фурӯзон буданд. Дар сурати хомӯш гардидани оташ, масъулон муҷозоти сангин мешуданд. Дар миёни 5 ҳазор нигораҳои ёфтшуда қисме аз тилло, нуқра ва устухони фил сохта шуда буд. Афзорҳои ороишӣ бо тилло андуда мешуданд. Нигораҳо назри тоҷирону зоирон ба эзиди Вахш-Охшо буданд. Пажӯҳишгарон бо назардошти бозёфтҳо густариши зардуштияро яқин мекунанд. Аммо нақши Охшо, ба сабаби шоҳраги обу ободонии Вахш намоёнтар аст. Зикраш дар Авасто ҳамчун рӯди муқаддас омадааст. Вахшро «мужда, каломи гуфташуда ва ҳамсони ситоишу ниёиш» маънидод кардаанд. Ҳамзамон, онро «ибтидо, оғоз, аввалину болидан» шарҳ медиҳанд. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ: «Вахш исми фариштаест, ки нигаҳбонии об бо ӯст, хосса, фариштае ки муваккили рӯди Ҷайҳун аст» ва ба таъкиди ӯ рӯзи 10 Исфандмоҳ хоразмиён ҷашне доранд, ки «Вахшангом» унвонаш додаанд.

Тахти Сангин баробари шаҳрак, дижи муҳофизатӣ вазифаи гузаргоҳро адо карда, дар низому рушди роҳҳои тиҷоратӣ ва пайвастани кишварҳо нақши муҳим мегузошт. Савдогарон аз Чину Ҳинд ва Байнаннаҳрайну Миср ва Юнон ба ин васила мегузаштанд, ки назрашон то ба замони мо расидаанд.

ПАЖӮҲИШИ ТАХТИ САНГИН

Сабаби рӯ овардани муҳаққиқон ба Тахти Сангин заркӯбиҳо ва нигораҳое гардид, ки тоҷирони Бухоро аз ин мавзеъ соли 1877 харидорӣ карда буданд ва бо номи «Хазинаи Амударё» шуҳрат ёфт. Нахустин маълумот дар бораи ёдгорӣ ба Н. Маев тааллуқ дорад.

Дар солҳои 20-уми асри ХХ Б. П. Денике, ки роҳбари экспедитсияи бостоншиносии Осорхонаи тамаддуни Шарқро ба уҳда дошту дар Тирмиз ҳафриёт мебурд, ба Тахти Қубод ва Тахти Сангин таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Олими шаҳир М. М. Дяконов ба омӯзиши харитаи асри ХIХ машғул шуда, ба хулосае омад, ки ҳамон қалъаи Утари зикршуда Тахти Сангин аст. Ҳаводиси ғалатии Тахти Сангин А. М. Манделштамро соли 1956 ба Қубодиён овард. Вале макони шаҳракро дақиқ муайян карда натавонист.

Танҳо дар солҳои 70-уми асри ХХ ба бостоншиносон Б. А.Литвинский ва И. Р. Пичикян муяссар шуд, ки рози ёдгориро кушоянд. Дар солҳои охир Анжеле Дружинина ба ковишҳои дижи пурасрор машғул шуд. Бозёфтҳо далеланд, ки ёдгорӣ аз замони Ҳахоманишӣ, мақдунӣ, давлати Юнонии Бохтар ва Кӯшонӣ паёми ҷиддӣ дорад.

БОЗЁФТҲОИ НОДИР

Осори дастрасшуда аз омезиши ду сабки ҳунарӣ: маҳаллӣ ва юнонӣ шаҳодат медиҳанд. Ин ҳолат дар суфасангҳои сайқалхӯрда, пойдевору сарсутунҳо мушоҳида мешаванд. Шаддаи марҷонҳо, коркарди сангҳо, маснуоти ороишӣ, дасткориҳои оҷӣ (устухони фил), ҳайкалчаҳои хурду бузург, бозубанду дастпонаҳо хеле олианд. Нигораҳо аз салиқаи ҳунарии даврон дар сурати қабзаи шамшер бо тасвири барҷастаи шери болдору уқобсар (грифо), лавҳа бо тасвири шикори оҳу, бабр, ҳалқаи сакоии савора бо ду асп, ғилофи акинак бо тасвири шер ва оҳу, ҷузъи ҳуққа бо тасвири кабк гувоҳи бебаҳсанд.

Бахусус гиппокампеси (парии обӣ) қуббашакл, ки дар устухони фил кандакорӣ шудааст, басо ҷолиб мебошад. Лавҳа бо тасвири тахайюлии зан, бо думи мормоҳӣ, нимасп ва болдор ваҳмангез менамояд. Зан бо дасти чап бели заврақро ба тариқи амудӣ бардошта, бо дасти рост маводи лӯнда (себ, санг, садаф)-ро партофтанист. Мӯйҳои пурпечутоби кушодааш ҷилва мехӯрад. Оразаш бо бинии рости дароз, пешонии фарох, камони абрувон ва лабони моил ба табассум зебо ва дилбаранд. Дарёфти парии обӣ дар маъбади Охшо ишора аз серобии рӯд, ободгарӣ ва қудсиёти ӯст.

Ба сурати зан офаридани бештари нигораҳо ба ҷойгоҳ ва мартабаи зан алоқаманд мебошад. Лавҳаи тиллоандуди аждарзани болдор (а.11 то м.) аз эҷоди ҳунарварони бохтарист. Тасвири фариштаи муҳаббат – Эрот, ки бо тилло андуда шудаст, дар чанд ҳолат вомехӯрад: бо хӯшаи ангур, дар ҳоли дав, навохтани лира ( сози рубобмонанди Юнони Қадим) ва доира.

Осори бозмонда аз намунаҳои либоси занонаву мардона ахбор медиҳад. Чуноне фариштаи ишқ – Эрот бо қабои чиндори дароз ва камарбанд тасвир шудааст, ки синаҳои барҷастаашро намоиш медиҳад. Ба назар мерасад, ки гулпартоӣ дар дебову қабо аз пешиниён расида буд. Дар аҳди Ҳахоманишиҳо қабои дарози чинчину парпар бо остинҳои шероздор маъмул буд, ки то буҷулаки по мерасид. Зери синаҳо камарбанди нафис муд шуд, ки зебоишонро намоёнтар мекард ва ҳам сари кифт партофтани ҳарир расм шуда будааст.

Дар як лавҳи тилло манзараи зебое мунъакис шудааст. Дар он тилло, шиша, сангҳои гаронбаҳо бо камоли маҳорат корбаст шуда, ки намунаи ҳунари олист. Марде, ки либосаш рангоранг аст, афсори шутури яккӯҳонаро дар даст дорад. Дар сар кулоҳ ва хилъати остиндораш то зону мерасад. Камарбандаш возеҳ аст. Ин ҳамаро маҳсули тахайюли ҳунармандони бохтарӣ мешуморанд.

«ХАЗИНАИ АМУДАРЁ»

Нигораҳои хазина арзишмандтарин ҳунари даст ва фаросати ниёгонро намоиш медиҳанд. Бори дигар суханони Тамара Ройс тасдиқ мешавад, ки: «Бохтариён аз нажоди боистеъдоду ҷангҷӯ ва ҳушманд буданд». Миқдори нигораҳоро беш аз 1300 (як ҳазору сесад) баршумурдаанд, ки дар осорхонаҳои Британияи Кабир маҳфузанд.

«Хазинаи Амударё» як пораи фаромӯшшудаи аҳди қадими тоҷикон буда, аз гузаштаҳои дур ба мо паём овардааст», - таъкид мекунанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Воқеан, Сарвари давлат тавонистанд ба василаи ташаббусҳои бузург чашми аҳли замонаро кушоянд ва мамлакатҳои дигарро дар шинохти Тоҷикистон далелҳои фаровон бидиҳанд. Дар навиштаҳои муфассали он ҷониб дар боби дарёфти нигораҳои тиллоӣ ва сарнавишташон маълумоти фаровон фароҳам аст, ки ҳоҷат ба такрор нест. Ҳамаи осори ҳунармандона, ки тиллоанд ва ё бо тилло рӯйкаш шудаанд, мафтункунандаанд. Аробаи заррини ба ҷонварон баста, ки маҳсули пешаварони а. V то милод мебошад, рашки замон аст. Ҳамзамон, бозубанде, ки тасвири омезаи грифон (саги дарозмӯйи шикорӣ) ва бузи кӯҳиро дораду аз тиллои холис сохта шудааст, аз салиқаву маҳорати бохтариён гувоҳӣ медиҳад.

Дар миёни нигораҳо ангуштарини тиллоӣ муҳр ва гулхате маҳфуз аст бо тасвири махлуқи говранги болдори асотирӣ (говмард) ва дар ҳошияаш бо хатти оромӣ «Вахшу» навиштаанд, ки хеле ғалатист. Ҳамин нигора бурҳонест, ки маводи «Хазинаи Амударё» бо маъбади Тахти Сангин зодаи як маҳаланд.

ГАРДУНА РАМЗИ ОРИЁӢ

Нигораи арзишманде, ки бинандаро шефта мегардонад, гардунаи тиллоии ҷангӣ бо аспону ароба мебошад. Болои гардуна ду савор рост истодааст, ки яке ба пеш, дигаре ба чап ва пушт менигаранд. Кулоҳи сар ва либосҳояшон аҷибанд. Чор аспи ба гардуна баста дар ҳоли омодабош. Нафосати ҳунарварӣ дар он зоҳир мешавад, ки тамоми ҷузъҳои бадани асп, саворагон, аробаи дучарха намоёнанд. Ҳатто ёлҳо бо назокати хосса бо хатҳо ишора шудаанд.

Пажӯҳишгарон гардунаи ҷангӣ ва аспони пайвастаро аз рукн, рамз ва нишонаҳои муҳими анъана ва фарҳанги куҳани ҳиндуориёӣ мешуморанд. Кайҳо собит шуда, ки мардуми орӣ аспро дастомӯз карда, пасон дар пайкорҳо истифода мебурданд. Ҳамчунин, онон кашшофони гардунаи ҷангианд. Дар такя бо ҳамин далелҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон менависад:

«Аспҳои бохтарӣ урдуи лашкари савораро падид овард, боиси такмили силоҳи ҷангӣ гардид, усулҳои ҷанг ва санъати лашкаркаширо тавсеа бахшид, дар илми лашкаркашӣ стратегияи ҳамлаи барқворро афзуда, дар санъати ҷанг саҳифаҳои нав кушоданд».

Гардуна бо аспон дар боварҳо ва ҷаҳонбинии ақвоми ҳиндуэронӣ ҷойгоҳи намоён дорад. Дар Авас¬то ва Ригведа ситоиши онҳо бесабаб нест. Митра, ки дар Авасто эзиди фурӯғ ва рӯшноист, нахустин бор дар гардунаи тиллоии чораспа аз осмон ба болои кӯҳи Харо (мулки ориёӣ) фуруд меояд.

Дар доираи як матлаб кушодани асрори Тахти Сангин номумкин аст. Ёдгорӣ ба бисёр паҳлуҳои зиндагиномаи мардуми тоҷик рӯшанӣ андохт. Ба василаи тандис, намунаҳои силоҳи ҷангӣ, сиккаҳо ва дигар намунаҳои санъат, мо аз маросимҳои хосса, гунаҳои либосҳои мардону занон, равнақи шаҳрдорӣ, меъморӣ ва тахайюлоти паҳновари ниёгон огоҳ мегардем, ки он дар тарбияи худшиносӣ ва ватанпарастӣ бағоят муҳим аст.

Ҷонибек АСРОРИЁН,

Таърихдон

:.  Фарҳанг 10.10.2023 17:54 348

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz