09

Мая, 2025
Ҷумъа

09

Мая, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Аз «Фалак» то ба фалак

 

Bonu 10_2023__Bonu_10_fmt1

Маҳорату истеъдоди сарояндагӣ дар шаҷараи аҷдодии онҳо аз пушти қиблагоҳи хунёгараш маншаъ мегирад, ки санъати фалаксароиро аз падари шеровозаш Шодибеки фалаксаро омӯхта, ҳанӯз дар аҳди шуравӣ бо таъсиси ансамбли оилавии Қурбоновҳо меҳру муҳаббат ба ин ҳунарҳои зеборо дар замири насли ояндаи худ коштааст.

Гарчанде дар он замон фалаксароӣ фаротар аз маҳдудаи деҳкадаҳо шуҳрат надошт, падари Хиромон ончунон аҳли оилаи худро мадюни ҳунари нотакрори худ мекард, ки ҳар яки онҳо навозиши ину он асбоби мусиқиро омӯхта буд ва шомгоҳон дар суфраи дудмони ромишгари рустоӣ базми «Фалак» то ба фалак мепечид.

Ба гоҳе, ки дар мавҷи кафкӯбиҳои пайвандону ҳамсояҳои тамошогар сарвари хонадон навбати ҳунарнамоиро ба Хиромон медод, модар бо навозиши дилгудози лабчанг оҳанги дилнишинеро оғоз мебахшид, баъд, аз пайи садои думбраву доираву ғижакнавозиҳои бародарон овози фалаксарои наврас дилҳоро тасхир месохт. Инак, беш аз 50 сол аст, ки ин садои марғуб ба базму маҳфилҳои фарҳангиву ҷашнвораҳои бузург шукӯҳу шаҳомат мебахшад.

Фалаксарои номошно Хиромон Қурбонзода дар рустои дурдасти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар хонадони коргар ба дунё омадааст. Ҳунару истеъдоди фитрӣ аз хостаҳову тақозои айёми ҷавонӣ ва ҳам рӯзгори замони ӯ боло меистод, ки бо ҳама тардиду мавқеъгириҳои бузургони хонавода, духти ғайратманди хонадон фалаксароиро пешаи худ интихоб кард. Зуҳури нурофаринаш дар саҳнаи ҳунар аз маҳфилҳои ҳаваскорони мактаб оғоз ёфта, то дар маҳбубтарин Озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон» санъати фалаксароиро ҷалолу ривоҷ бахшид. Дар он солу замонҳо мисли имрӯз, ки футболу дигар намудҳои варзиш мухлисони зиёд доранд, барномаҳои ҳунарӣ ҳаводорони бешумор доштанд, ки мардум барои тамошо ва мухлисии ҳунарнамоии санъаткорони зодгоҳи худ аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст то ба пойтахти Тоҷикистон мешитофтанд.

- Ёд дорам, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон-3» омодагии гурӯҳи ҳунарии мо дар сатҳе буд, ки танҳо ба хотири пешкаши ҳакамону тамошобинон намудани суруди фалакии «Навҳаи модар» коргардонҳо саҳнаро ба як манзараи зебои деҳоти кӯҳистон табдил дода буданд, - бо ҳарорат қисса мекард Хиромони фалаксаро. - Чеҳраи гулгуни мани ҳабдаҳсоларо бо сафеда ва гесувонамро бо хамираи дандоншӯӣ мисли девори хона сафед карда буданд, ки ба назар пиразани 70 - соларо мемондам. Назди суфраи орд нишаста, маҳзуну ноумед нола бар афлок мезадам:

Талбаки талбидаи ман,

Оҳ афтодӣ зи чашмам,

Кулчаи ғарқида хӯрдӣ,

Талбаки талбидаи ман.

Ҳамин тавр, дар барномаи телевизионии «Бӯстон-3», ки бо ҳаваскорони ноҳияи Восеъ сабқат доштем, аз рӯи бахши яккасароӣ гурӯҳи ҳарифони мо 9 ва камина соҳиби 10 хол гардидам, ки ба натиҷаи ниҳоии озмун таъсиргузор шуд…

Гузори солҳои баъдӣ бо ҳукми тақдир ҳама ҳастии худро ба ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзандон бахшид, вале пайроҳаи зиндагӣ ӯро дубора ба саҳнаи ҳунар овард ва тавре иқрор меояд, аз ин гардиши рӯзгори хеш мамнуну қаноатманд аст. Фаъолияти касбиро аз Хонаи маданияти шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз бахшида, сипас, бо таъсисёбии ансамбли «Фалак»-и шаҳри Кӯлоб устод Давлатманд Холов ӯро ба саҳнаи ҳунар даъват намуд. То оғози нобасомониҳои солҳои 90-ум чеҳраҳои машҳури санъат базморои ҷашну маросимҳои мардумиву сатҳи ҷумҳуриявӣ буданд. Онгуна ба саҳнаи ҳунар меҳру муҳаббати бузург доштаву ҳастии худро ба сайқали ҳунару истеъдоди худ бахшида буд, ки ҳатто ба хотири омодагӣ ба барномаи ҳунарии ансамбли «Фалак» дар 12-рӯзагии тифли навзодаш аз имрӯза шаҳри Бохтар ба Кӯлоби бостонӣ роҳ пеш гирифт.

- Тазоди зиндагист, ки дастовардҳои бузургам дар саҳнаи ҳунар дар солу лаҳзаҳое ба вуқуъ мепайвастанд, ки дар банди масоили оилавию андар рӯёрӯи маҷрои вақт қарор доштам. Ба гоҳе ғарқи ғаму андуҳи худиву дарду захми рӯзгор ва лаҳзаҳои дигаре дар ҳоли фишори баланди хун, валекин, мебоист дар саҳна ростои устувор ва собиру баландовоз фалак месурудам. Шояд меҳру муҳаббати самимии мардум, ки аз аҷру баракати он ҳама сидқу эҳсосоти муқаддаси ҳунарманд нисбат ба мухлисонаш об мехӯрад, дунёи маро якумрӣ ба саҳнаи ҳунар пайваст. Тули солиёни ҳунарнамоӣ саҳнаҳои бузурги театру толорҳои дохилу хориҷи кишвар, муҳимтарин маҳбубияти мухлисон аст, ки бо кафкӯбиҳои пурмавҷу самимӣ пешвозу ҳам гуселам менамоянд,- бо ифтихор мегӯяд бону Хиромон.

Дар пайроҳаи ҳунар ҳамкориву ошноӣ ба шахсиятҳое варо муяссар гардид, ки бо касбияти нотакрору одамияти волои худ дар рушду такомули ҳунару истеъдоди вай нақши меҳварӣ бозидаанд. Ба иқрораш, ноил шудан ба муваффақиятҳои касбии ӯ, ҳунарманди асилу ҷонфидои риштаи фарҳанг Ҷӯрахон Расулов саҳми бузург гузоштааст, ки ба гоҳи дар канор аз саҳнаи ҳунар Хиромонро дубора ба касбу пешаи писандидааш роҳнамоӣ кард.

Баъди соҳибистиқлолӣ барои зисти доимӣ ба шаҳри Бохтар кӯчида, бо пешниҳоди ҳампешаи худ, ба симати роҳбари бадеӣ дар шуъбаи фарҳанг ба фаъолият пардохт. Гузашти солҳо дар вазифаҳои роҳбари мусиқӣ ва методисти шуъбаи фарҳанг ифои вазифа намуда, соли 1999 бо даъвати роҳбари Ансамбли «Сомон» Қурбоналӣ Раҳмонов барои идомаи фаъолияти ҳунарӣ ба шаҳри Душанбе омад.

Давоми 13 соли фаъолият дар дастаҳои ҳунарии «Сомон» ва «Ситора», ки бо ташаббуси роҳбари фарҳангдӯсти Корхонаи сементи шаҳри Душанбе Маҳмадраҳим Каримов таъсис ёфта буданд, бо барномаҳои ҷолиб дар гӯшаву канори кишвари азизамон ҳунарнамоӣ кардем. Дар ин миён шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси коргардони идҳо ва чорабиниҳои оммавӣ хатм намуда, ҳамзамон, фориғ аз фаъолияти ҳунарӣ дӯхту пазандагӣ ва касбу ҳунарҳои дар пешбурди рӯзгор заруриро азбар кардааст…

-Соли 2012 бо даъвати устод Ҷӯрахон Расулов ба шаҳри Бохтар баргаштам. Ҳамин тавр, то соли 2021 ҳамчун директори Театри халқии шаҳри Бохтар, аз он ба баъд, ҳамчун устоди саҳна дар Ансамбли вилоятии «Хутал» фаъолият дорам, - изҳор медорад Хиромон Қурбонзода.

Эҳёи фалак ва эътирофи он ҳамчун жанри мусиқӣ аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангии даврони истиқлол аст, ки барои ин санъати беназири тоҷикон дар саҳнаҳои бузурги олам роҳ кушод. Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи рушду эҳёи дигар бахшҳои фарҳанги миллӣ санъати «Фалак» аз нав эҳё гардида, дар Тоҷикистони азизамон Рӯзи Фалак қонунӣ гардид. Ансамбли давлатии «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон омӯзиши ин санъати ноби ниёгон роҳандозӣ шуд, гурӯҳҳои фалаксароӣ дар назди муассисаҳои таълимии ҳунарӣ ва бахшҳои фарҳанги шаҳру навоҳии мамлакат ташкил гардиданд, ки исботи рушди санъати ниёгон дар замони муосир аст.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар

 

:.  Фарҳанг 09.10.2023 11:53 428

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz