09

Мая, 2025
Ҷумъа

09

Мая, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«Тоҷикистон»-и Низорамоҳ

 


Bonu 09_2023__IMG_6862_fmt

 Дар фазои кишвар барномаи «Тоҷикистон», ки муаррифгари дастовардҳои даврони истиқлол аст, ҳафтае як маротиба аз мавҷи радиои «Садои Душанбе» танин меандозад. Муаллифи он Низорамоҳи Маҳмуд тавассути барномаҳои худ ба дӯстдорони каломи маърифатбахш бо садои гуворояш дар бораи таърихи дирӯзу рушди имрӯзи шаҳру навоҳии кишвар маълумот медиҳад.

Ӯ бо дуои неки падару модар, ки фарзандонро дар руҳияи хештаншиносиву арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбияву ба камол мерасонданд, соли 1987 донишҷӯи Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ шуду баъди хатми он дар соли 1993 ба хонандагон аз боби сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмию ҳамдилӣ дарс мегуфт. Сахтгирии падар дар кор, талоши пайваста ва муҳаббати фаровонаш ба омӯзгорӣ буд, ки аз муаллими одӣ то роҳбарии мактаби таҳсилкардааш фаъолият бурд.

Низорамоҳ дар бораи Истиқлоли давлатӣ бо муҳаббати фаровон сухан мегӯяд. Ҳатто онқадар, ки ашки шодӣ дар чашмонаш ҳалқа мезананд, зеро ҷавонии ӯ пур аз ашку оҳ буд, на шавқу шӯр. Пеши чашмонаш мардуми осоишта гурезон, хонаҳои обод бар хок яксон ва зиндагӣ бесарусомон мешуд. Садои тиру туфанг ба пайкари орзуҳои зебояш зарбаи ҷонкоҳ мезаданд. Бештар аз дигарон озодиву осоиштагии Ватанро дӯст дош¬тани ӯ бесабаб нест. Дар ҳодисаҳои фалокатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ як бародарро аз даст додаасту бародари дигар маҷруҳи кашмакашиҳои бемаънӣ аст.

- Он айёми пурваҳму пурғам ҳамеша пеши чашмонамро хира месозад. Модарам то охирин гарди ордро хамир мекарду ба хотири саломат баргаштани фарзандонаш ба ҳамсоягон аз сари девор бо чангаки танӯраш нони гарм медод. Гурусна менишаст, ки шояд бачаҳояш шиками сер надошта бошанд. Дидани сӯзу гудози модар моро ба риққат меовард ва як бурда нонро бо сад қатра оби чашм фурӯ мебурдем, - ба сухан меоғозад Низорамоҳ.

- Баъди ба даст омадани Истиқлоли пурбаҳо ва Ваҳдати гаронарзиши миллат дилам ҳамеша пур аз ҳарфҳои гуфтанӣ буд. Мехостам аз аҳамияти бузурги ҳаётии ин дастовардҳои баландарзиш гӯяму ба доғҳои ҷони миллат, ки аз он рӯзҳои талху пурфоҷиа боқӣ монда буданд, малҳам шавам, - мегӯяд ӯ.

Бо оғози фаъолият аз соли 2000-ум дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуҳояш амалӣ гаштанд ва то имрӯз ҳамчун муҳаррири варзида дар радиои «Садои Душанбе» муаллифи 3 барномаи хубу хотирнишин аст.

Сафаркардаи тамоми гӯшаву канори диёр аст. Ҳамаҷо аз саодати мардуму осоиштагӣ меболаду кори хешро самимона ба сомон мерасонад. Барномаҳои «Тоҷикистон», «Ҷилои ҳунар» ва «Ганҷинаи ҳастӣ»-ро таҳияву пешниҳоди алоқамандон менамояд. Дар байни шунавандагон бо барномаи «Тоҷикистон» маҳбубияти бештар пайдо кардааст.

- Барои таҳияи барномаҳо қариб ба тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон рафтаам. Дурдасттарин шаҳру деҳоти Ватанро гулпӯшу сафооғӯш мебинаму шукр мекунам, ки ин ҳама аз баракати истиқлолу осоиштагист. Маҳз истиқлол аст, ки дар ҳар хонадон садои хандаву хотири болида танин¬андоз аст. Мардум бо дасту дили гарм ва орзуҳои бузург ба фардои дурахшон заҳмат мекашанду зиндагиашонро обод менамоянд, - иброз медорад бону.

Аз забони ӯ, дар бораи рӯзгори босаодат, пурмуҳаббат ва осоиштаи бонувони шаҳру навоҳии дурдасти кишвар шунида, ба ваҷд омадем:

- Истиқлол беш аз ҳама муддаои дили занону духтарони диёр аст. Дар замонҳои пеш занҳо фақат заҳматкаши одии хоҷагии қишлоқ буданду аз пайи дарёфти рӯзӣ таҳсил кардану соҳибмаълумот шуданро ҳатто дар гӯшаи хаёл надоштанд. Танҳо хонаводаҳои маърифатдидаву зиёӣ ба хондану соҳибтахассус шудани духтарон иҷозат медоданд. Имрӯз бошад, аз баракати соҳибистиқлоливу озодӣ дар тамоми самтҳо занон баробари мардон ба мартаба мерасанд. Ҳуқуқу уҳдадориҳои хешро медонанд ва ҷонфидоёна ба қавлу кори хеш содиқанд.

Барои саҳми арзанда ва хизматҳои шоён дар рушду нумӯи телевизион ва радио, тарғиби ғояҳои ватанпарастию ҳувияти миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлол тавассути барномаву гуфторҳои пурмазмун Низорамоҳ бо нишони Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон қадр шудааст. Шукр¬гузор аз он аст, ки имрӯз бо дили шоду хотири осуда пайи хидмат ба халқу Ватан умр ба сар мебарад. Бо таманнои ҷовидонагии истиқлолу осоиштагии Тоҷикистони азиз сухани хешро тақвият мебахшад:

- Ин рӯзгори хурраму осуда ба мо бо ҷонфидоиву азхудгузаштанҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Сипоси беҳад сарнавиштро, ки чунин марди оқилу фарзона Тоҷикистони азизро аз вартаи нобудӣ ба арсаи ҷаҳонии шукуфоӣ баровард, - афзуд Низорамоҳи Маҳмуд дар саргаҳи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони арҷманд.

МАФТУНА

:.  Фарҳанг 11.09.2023 05:04 310

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz